Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони Нокуҷоистон аз кӣ шиноснома мегиранд?


Тоҷикистон саъй дорад, муносибат бо афроди бидуни шаҳрвандиро ба қонунҳои байнулмилалӣ мутобиқ намояд.

Агар кас шаҳрванди ягон кишвари муайян набошад, бояд аз куҷо шиноснома гирад? Оё шиноснома надоштан ба маънои шаҳрванд набудан аст?

Дар Тоҷикистон 440 нафар шаҳрванди ҳеҷ кишваре нестанд ва шаҳрвандии 2300 нафар муайян набуда, онҳо низ метавонанд, ба қатори афроди бидуни шаҳрвандӣ шомил шаванд. Инҳо асосан афроде ҳастанд, ки танҳо шиносномаи кӯҳнаи Иттиҳоди Шӯравиро доранд. Бахши дигарро шахсоне ташкил мекунанд, ки аз Эрону Чину Узбакистон ва Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд.

Муовини сардори Хадамоти сабти аҳвол дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Екатерина Смолякова мегӯяд, Тоҷикистон талош дорад, барои чунин афрод шароити дуруст фароҳам орад. Аз ин рӯ, агар гуреза ё шахсе, ки шаҳрвандӣ надорад ва мехоҳад, ба кишвари севвум биравад, Тоҷикистон ба ӯ "Шаҳодатнома барои шахси бидуни шаҳрвандӣ" медиҳад, ки аз тарафи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон эътироф шудааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00
Линки мустақим


Ӯ мегӯяд, "шаҳодатномаҳои мо ҳоло бо рамзи Тоҷикистон омода мешаванд. Пештар ин санад бо нишонаи СССР дода мешуд, аммо шаҳодатномаҳои мо "чип" надоранд. Аз ин рӯ, мо шиносномаҳои биометрӣ медиҳем ва ё паспортҳои умумӣ хоҳем дод, ки дар ояндаи наздик ба ин ҳуҷҷатҳо низ "чип" зада хоҳад шуд."

Хосе Эуседа, намояндаи Кумиссариёи олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди афроди бидуни шаҳрвандӣ дар кишвар аслан маълум нест ва хатари он вуҷуд дорад, ки ин мардум ҳадафи қочоқи инсон табдил ёбанд.

Биноан, афзуд ӯ, "мо ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон як таҳқиқоти муштаракро ба хотири мушаххас намудани афроде, ки ҳеҷ санаде барои муайян кардани шахсияти худро надоранд, оғоз кардаем. Созмони мо тасмим дорад, ки ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмаки молӣ кунад."

Намояндагони Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои ҳалли ин мушкил як миллион евро зарур аст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон то ҳол шомили Конвенсиюни байнулмилалии коҳиши теъдоди афроди бидуни шаҳрвандӣ нашудааст. Ин санад аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1961 пазируфта шудааст.

Корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Манучеҳр Маҳмудов, гуфт, тасвиби ин санад барои кишвар мушкил нест, аммо иҷрои он харҷи бузурге талаб мекунад, ки ҳоло Тоҷикистон тавонашро надорад.
XS
SM
MD
LG