Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии шиносномаҳои биометрии Тоҷикистон


Намояндагони аршади Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шиносномаҳои нави электронӣ ё биометриро муаррифӣ карданд, ки сар аз 1-уми феврал ба шаҳрвандон дода мешаванд.

Зимни муаррифии шиносномаҳои нав гуфта шуд, истифода аз онҳо тақозои кишварҳои узв дар Созмони ҷаҳонии авиатсия, ба хусус давлатҳои Аврупо ва Амрикост ва Тоҷикистон бино бар созишномае, ки кишварҳои узв соли 2002 дар шаҳри Орлеани Нав (Иёлоти Муттаҳида) ба имзо расонидаанд, бояд то моҳи апрели соли 2010 шиносномаҳои биометриро мавриди истифода қарор бидиҳад.

Кишварҳои узв дар Созмони ҷаҳонии авиатсия ҷорӣ кардани шиносномаҳои биометриро воситаи асосии ҷилавгирӣ аз вуруди афроди ҷиноятпешаи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ медонанд.

Мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ҳамакнун 100 ҳазор нусха аз ин шиносномаҳои биометрии умумишаҳрвандӣ, дипломатӣ ва хидматӣ тавассути ширкати «Милбауер» -и Олмон чоп шудааст.

Озода Раҳмонова, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ҳини муаррифии шиносномаи нав
Озода Раҳмонова, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар бораи шиносномаҳои нав гуфт, «шиноснома дорои маълумоти электронӣ буда, дар он акси рақамӣ ва изи ангуштон ҷойгир карда мешаванд. Шиноснома аз 48 саҳифа иборат аст ва микрочипе, ки дар дохили шиносномаи биометрӣ ҷойгир аст, бо калиди махсус дар шакли барнома ҳимоя шудааст. Мӯҳлати истифодаи шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ 10 сол ва хидматӣ 5 сол мебошад».

Ба иттилои масъулони Вазорати умури хориҷӣ, шиносномаҳои биометрӣ 25 дараҷаи муҳофизат аз тақаллуб доранд.

Ба ин тартиб он шаҳрвандоне, ки хоҳони дарёфти шиносномаҳои биометрӣ ҳастанд, метавонанд аз панҷ маркази шиносномадиҳӣ, ки дар раёсати консулии Вазорати умури хориҷӣ ва Хадамоти муҳоҷирати шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ таъсис шудаанд ва ҳамчунин аз намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар муддати 15 рӯз дастрас кунанд.

Аммо ба таъкиди Ятимшо Мусофиров, сардори раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дарёфти шиносномаҳои биометрӣ ихтиёрӣ буда, шаҳрвандон ҳаққи истифода аз шиносномаҳои хориҷии дар даст бударо то се соли дигар хоҳанд дошт.

Вай гуфт, «ҳоло дар бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зарурати истифодаи шиносномаи биометрӣ ба вуҷуд наомадааст. Ба ин далел гирифтани шиноснома ихтиёрист. Шиносномаи ҳозира то соли 2015 қобили истифода аст».

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, нархи шиносномаҳои нав пас аз бозпас гардондани қарз аз буҷаи кишвар арзон хоҳад шуд
Аммо қиммати шиносномаҳои биометрӣ 75 то 125 доллари амрикоӣ буда ва дар қиёс ба шиносномаҳои оддии шаҳрвандон, ки дар вазорати хориҷа бо пардохти ҳудуди 100 сомонӣ ё беш аз 20 доллар дастрас мешавад, чандин мартаба гаронтар хоҳад буд. Ин амр мояи нигаронии мардум шудааст.

Сафари Абдуназар, як сокини шаҳри Душанбе,мегӯяд, «нархи шиносномаҳо хеле гарон аст. Дар ҳоле, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ мегӯянд, аммо боз ҳар рӯз шиносномаҳоро иваз мекунанд. Магар барои ҳамаи ин кор маблағ лозим нест? Мардуми оддӣ низ пул надорад, ки бо 75 доллар шиноснома харад».

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин бора гуфт, «дар ҳақиқат масъалаи нархи шиносномаҳо боиси баҳсу баррасиҳо буд. Лекин мо барои чопи шиносномаҳо аз буҷа кредит гирифтем. Бояд ин маблағ гардонда шавад. Баъд аз он нархи шиносномаҳо арзон хоҳад шуд.»

Ба гуфтаи масъулони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маблағи эътибор ё кредите, ки ин ниҳод аз ҳукумат гирифтааст, 6 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва қарор аст, муддати се соли оянда баргардонда шавад.

Шиносномаҳои биометрии Тоҷикистон дорои ранги сиёҳ, ҷигарӣ ва сурхи баланд аст. Аммо шиносномаҳои биометрии Туркманистон ва Қазоқистон бо рангҳои сабз ва осмонӣ чоп шудаанд.

Зимнан, дар 80 давлати дунё шиносномаҳои хориҷии биометрӣ мавриди истифода қарор дорад. Тоҷикистон, пас аз Қазоқистону Туркманистон, саввумин кишвари минтақа аст, ки аз ин иқдом пайравӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG