Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгоҳи дастаи “Ҳосилот” аз як бозӣ маҳрум гардид


Мухлисони дастаи "Ҳосилот".
Мухлисони дастаи "Ҳосилот".

Варзишгоҳи дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор аз баргузории як бозии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ маҳрум гардид.

Ин тасмим рӯзи 30-юми май дар ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гирифта шуд. Ба иттилои раиси ин кумита Сафар Каримов, дар дақиқаи 64-уми бозии даври 8-уми мусобиқаи Лигаи олӣ миёни дастаҳои “Ҳосилот” (Фархор) ва “Хуҷанд” (Хуҷанд) рӯзи 26-уми май дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор сӯи довари марзи майдон Исматулло Мӯъминов санг андохтанд, ки он ба сараш бархӯрд ва дар натиҷа ӯ ҷароҳат бардошт.

Бо тасмими кумита барои ин ҳодисаи нохуш варзишгоҳи дастаи “Ҳосилот” аз як бозӣ маҳрум ва бошгоҳи футболи “Ҳосилот” ба маблағи 2000 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Инчунин роҳбарони ҳарду даста - “Ҳосилот” ва “Хуҷанд”, ки дар ҷараёни бозӣ қоидаро вайрон карда, аз ҳудуди минтақаи техникӣ берун шудаанд, ҳар кадом ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Ҳамчунин роҳбари дастаи “Зарафшон”-и Панҷакент, ки варзишгоҳи ин даста ҳангоми бозӣ бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода (27-уми май) ба талаботу шароити баргузории мусобиқа ҷавобгӯ набуд, ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд.
XS
SM
MD
LG