Дар ин давр мизбонон дар чор бозӣ, меҳмонон дар як дидор пирӯз шуданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт. Дар шаш бозӣ ҳамагӣ 23 гол зада шуд, ки 16-тоаш ба мизбонон ва 7-тоаш ба меҳмонон мансуб аст. Мансур Ҳакимов, ҳамлагари “Парвоз”, ба дарвозаи “Хайр” се гол зад, ки ин севумин хет-трик дар мусобиқаи имсола маҳсуб мешавад.
Натоиҷи бозиҳо чунин аст:
"Энергетик" (Душанбе) - "Ҳосилот" (Фархор) – 4:0
Душанбе, варзишгоҳи "Автомобилист".
Голҳо: Габриэл Донто, 56 (1:0), Самад Шоҳзуҳуров, 68 (2:0), Габриэл Донто, 78 (3:0), Шодибек Ғаффоров, 90 (4:0)
"Гвардия" (Душанбе) - "Равшан" (Кӯлоб) – 0:4
Душанбе, варзишгоҳи "Политехникум".
Голҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов, 6 (0:1), Бахтиёр Ҳасанов, 12 (0:2), Ҳасан Рустамов, 27 (0:3), Фаррухи Ҷӯрахон, 82 (0:4)
"Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) - "Хуҷанд" (Хуҷанд) – 2:0
Турсунзода, варзишгоҳи "Металлург".
Голҳо: Комилҷон Саидов, 43 (1:0), Баҳодур Шарифов,55- аз пеналтӣ (2:0)
"Парвоз" (Бобоҷон Ғафуров) - "Хайр" (Ваҳдат) – 5:2
Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи "Фурудгоҳ".
Голҳо: Асадулло Бобоҷонов, 28 (1:0). Мансур Ҳакимов, 34 (2:0). Мирзобек Мирзоев, 35 (2:1). Мансур Ҳакимов, 51 (3:1). Мирзобек Мирзоев, 76 (3:2). Мансур Ҳакимов, 85 (4:2). Манучеҳр Ҳасанов, 89 (5:2).
"Вахш" (Қӯрғонтеппа) - "Зарафшон" (Панҷакент) – 4:0
Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи "Пахтакор".
Голҳо: Тоҳир Зоиров, 8 (1:0). Бахтиёр Қаландаров, 11 (2:0). Тоҷиддин Абдураҳмонов, 76 (3:0). Комрони Мирзохон, 83 (4:0).
ССКА “Помир” (Душанбе) - “Истаравшан” (Истаравшан) – 1:1
Душанбе. Варзишгоҳи “Политехникум”.
Голҳо: Илҳом Баротов, 64 (0:1). Далер Раҷабов, 90+3 (1:1).
Камол Алиспоҳич, сармураббии дастаҳои мунтахаби миллӣ ва ҷавонони Тоҷикистон, ду бозии даври ҳафтумро дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода ва “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамроҳи Валерий Турсунов, ноиби аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, тамошо кард.
Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, ба ҳарду ҷомаву тоқӣ ва миёнбанд тӯҳфа намуд. Камол Алиспоҳич ёдовар шуд, ки моҳи феврали соли 1988 ӯ дар ҳайати дастаи “Слобода” (Титово-Ужитсе)-и Югославия дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа дар бозии байналмилалии дӯстона ба дарвозаи “Вахш” ду гол зада буд. Он бозӣ бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфта буд. Он замон Алиспоҳич 23 сол дошт.
Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии феълии дастаи “Вахш”, ки дар айни ҳол дар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ёвари Алиспоҳич таъйин шудааст, 26-сола буд ва дар ҳайати “Вахш” дар хатти мобайн бозӣ мекард.
Камол Алиспоҳич ва Салоҳиддин Ғафуров дастаи мунтахаби ҷавонони то 22-солаи Тоҷикистонро ба сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-22) омода мекунанд. Футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Баҳрайн, Эрон, Қатар, Кувайт ва Ҷазоири Молдив рақобат хоҳанд кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 23-юми июн то 3-юми июл дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешаванд.
Дар доираи омодагиҳо ба сабқати интихобӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 23-юми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо тими “Истиқлол”-и Душанбе бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Бози соати 17 шурӯъ хоҳад шуд.
Баъд аз бозии “Вахш” ва “Зарафшон” дар варзишгоҳи “Пахтакор” нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Нахуст Ҷамшед Баҳронов, сармураббии дастаи нави лигаи олӣ - “Зарафшон”, ба хабарнигорон гуфт, “Вахш” яке аз дастаҳои пурқуввату пуртаҷриба мебошад ва шаҳри Қӯрғонтеппа макони футболбозони ҷавону умедбахш аст, ки аз замони шӯравӣ то имрӯз ба тамоми дастаҳои мунтахаби кишвар бозигарон тайёр мекунад. Инчунин дар ҳамаи тимҳои ҷумҳурӣ шогирдони футболи Қӯрғонтеппабозӣ мекунанд. Мо ҳарчанд бо ҳисоби бузург бозиро бохтем, аз ин ғамгин намешавем, зеро дастаи мо навтаъсис аст ва маҳз аз чунин ҳарифони ботаҷриба бисёр чиз меомӯзем. Мо имсол мехоҳем, ки сазовор бозӣ кунем. Аз раиси клубамон Хисрав Абдуназаров, раиси шаҳри Панҷакент, ки ба мо ҳамаҷониба кӯмак мекунад, сипосгузорем. Инчунин аз мухлисонамон, ки дар бозиҳои мо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент 8-10 ҳазор ҷамъ мешаванду моро дастгирӣ мекунанд, миннатдорем. Дар ҳайати дастаи мо, аслан, футболбозони ҷавон аз шаҳри Душанбе бозӣ мекунанд. Мо, ҳамчунин, як легионери хориҷӣ дорем – Мустафо Афшорӣ (аз Эрон).”
Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи “Вахш”, иброз дошт, ки “мо ҳарчанд бо ҳисоби бузург ғалаба кардем, вале дар бозии футболбозони ҷавони мо бисёр камбудиҳо ба назар мерасид. Онҳо, ки чор рӯз пеш бо дастаи мунтахаби вилояти Хатлон бозии санҷишӣ кардаанд, каме хаста буданд. Бинобар ин он бозие, ки мо чашмдор будем, нишон дода натавонистанд. Меҳмонон низ чанд вазъияти хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода набурданд. Ба ҳар ҳол хушҳолем, ки ғалаба ба мо имкон дод дар ҷадвал ду зина боло – ба ҷойи севум бароем.”
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Нишонзанҳои беҳтарин: Габриэл Донто (“Энергетик”) - 7 гол, Иброҳим Рабимов (“Истиқлол”), Индус Ҳусейнзода (“Хуҷанд”) - 5-голӣ, Дилшод Восиев (“Истиқлол”), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Нӯъмонҷон Ҳакимов ("Равшан"), Мансур Ҳакимов ва Хайрулло Ғайбуллоев (ҳарду - “Парвоз”) - 4-голӣ.
Даври 8-ум
26-уми май (шанбе)
«Ҳосилот» - «Хуҷанд»
«Истаравшан» - «Вахш»
«Истиқлол» - ССКА «Помир»
27-уми май (якшанбе)
«Зарафшон» - «Регар-ТадАЗ»
«Равшан» - «Парвоз»
«Энергетик» - «Гвардия»
Оғози бозиҳо – соати 17.

Ҷой |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1. |
"Равшан" |
7 |
6 |
0 |
1 |
14-5 |
18 |
2. |
"Регар-ТадАЗ" |
6 |
5 |
1 |
0 |
14-3 |
16 |
3. |
"Вахш" |
6 |
4 |
1 |
1 |
11-2 |
13 |
4. |
"Истиқлол" |
6 |
3 |
2 |
1 |
13-5 |
11 |
5. |
"Хайр" |
7 |
3 |
2 |
2 |
13-12 |
11 |
6. |
"Хуҷанд” |
6 |
3 |
1 |
2 |
11-10 |
10 |
7. |
"Энергетик” |
7 |
2 |
4 |
1 |
13-10 |
10 |
8. |
“Истаравшан” |
6 |
2 |
2 |
2 |
10-11 |
8 |
9. |
ССКА “Помир” |
6 |
2 |
2 |
2 |
8-9 |
8 |
10. |
"Парвоз” |
7 |
2 |
1 |
4 |
16-15 |
7 |
11. |
"Зарафшон" |
6 |
1 |
2 |
3 |
8-15 |
5 |
12. |
"Ҳосилот” |
7 |
0 |
0 |
7 |
5-19 |
0 |
13. |
"Гвардия” |
7 |
0 |
0 |
7 |
3-23 |