Дар номаи ин ҳизб, ки аз дасти як вакили дифоъ ба "Озодӣ" расид, омадааст, тайи даҳ соли ахир аз ҳукми аъзои ин ҳизб танҳо дар Қонуни авфи соли 2011 дусолӣ кам шудааст. Пайвандон ҳамчунин аз он шикоят мекунанд, ки аъзои "Ҳизбуттаҳрир" шиканҷа мешаванд ва тамоми иттиҳомот алайҳи онҳо асоси воқеӣ надорад.
Аъзои «Ҳизби таҳрир» дар Тоҷикистон аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноии кишвар - 187 (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ), 189 (барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва динӣ) ва 307 (даъвати оммавӣ барои зӯран тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) маҳкум ва зиндонӣ шудаанд.
Бино ба иттилои пайвандони онҳо, ҳудуди 500 узви ин ҳизб аз 5 то 10 сол ҳукм гирифта, ҳоло дар зиндонҳо умр ба сар мебаранд ва иддае ҳам дубораву себора маҳкум шудаанд.
"Ҳизбуттаҳрир" як созмони мамнӯъшуда дар Тоҷикистон аст, ки бунёди хилофати исломиро ба худ ҳадаф интихоб кардааст. Нахустин мавридҳои боздошт ва ба ҷазо кашидани аъзои он дар солҳои навадум иттифоқ афтодааст.
Шумори аъзои зиндонии ин созмон дақиқ нест, вале дар ибтидо ин созмон бештар шаҳрвандони узбактабори Тоҷикистон, махсусан, қисмати шимоли ин кишварро ба худ ҷалб карда буд. Ҳоло мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аъзои он дар бақия қаламрави кишвар ҳам даст ба фаъолиятҳои пинҳонӣ мезананд.