Таҳқиқи парванда нишон додааст, ки шабакаи ин ҳизб ба минтақаҳои мухталифи кишвар доман паҳн карда, намояндагони насли нави он аз чораҳои шадиди пинҳонкорӣ истифода мекунанд.
"Толиб", "Ҳоҷӣ-ака"...
Муфаттишон мегӯянд, аъзои ин гурӯҳ аз сокинони навоҳии Турсунзодаву Рӯдакӣ, шаҳри Душанбе, навоҳии гуногуни вилояти Суғду Хатлон иборат буда, дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шудаанд. Хайрулло Табаров, додраси шаҳри Душанбе, ки баррасии ин парванда ба ихтиёри ӯ гузошта шудааст, рӯзи 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳ бо нашру пахши варақаҳо дар манотиқи мухталиф, ки мазмуни даъват ба тағйири низом ва бунёди хилофати исломиро доштааст, машғул будаанд.
Ҷаноби Табаров афзуд, аъзои ин гурӯҳ ҳар кадоме дар доираи ташкилоти худ аз номҳои мустаор истифода мекардаанд: "Масалан, яке аз саркардаҳои онҳо Мавлонов Талъатро ҳамчун "Толиб" мешиносанд. Пардаев Абдусолӣ бошад, тахаллуси ҳизбии "Ҳоҷӣ-ака", Сафаров Раҳмонқул лақаби "домулло" ё "муаллим" ва ба ҳамин минвол ҳар кадоме лақабу тахаллус доштаанд. Вале ҳамаи онҳо аъзои яке аз шохаҳои "Ҳизбуттаҳрир" мебошанд."
"Ҳизбуттаҳрир" расман сабти ном шавад"
Ин додрас илова кард, бештари боздоштшудагон таҳсилкардагони донишгоҳанд ва синнашон аз 25 то 30-сола аст. То куҷо иттиҳом замина ва далелҳои қавӣ дорад, муҳокима нишон хоҳад дод, аммо наздикони ин афрод ва вакилони мудофеи онҳо мегӯянд, айбномаҳо асос надоранд. Вале ҳодисаи боздошт ва ба ҷазо кашидани афроди вобаста ба "Ҳизбуттаҳрир" дар Тоҷикистон ба як раванди тақрибан одӣ табдил ёфтааст.
Дар ҳоле ки бар пояи қарори Додгоҳи олии ин кишвар фаъолияти "Ҳизбуттаҳрир" дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда, нафарони муттаҳам дар узвият ва ҳамкорӣ бо он ба давраҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мешаванд. Аммо хабарҳо ҳокист, ки аъзои "Ҳизбутаҳрир" дар зиндонҳо низ бо назму шеваи вижа ба кумаки якдигар расида, зиндонҳоро ба маҳалли кори таблиғотии худ табдил додаанд. Бо онки аз онҳо тавонистаанд аз имконоти бештар бархӯрдор бошанд, афроди дигарро пайрави ақоиди худ мекунанд. Аммо бо ин ки давлат муборизаро алайҳи онҳо шиддат бахшидааст, раванди гароиш ба ин созмон қатъ намешавад.
Комёб Ҷалилов, таҳлилгари масоили амниятӣ, бар ин назар аст, усул ва роҳҳои мубориза бо ин созмон ва бақия созмонҳои мазҳабӣ, ки дидгоҳ ва афкори ғайр доранд, чандон таъсирбахш нест. Боздошт ва ба зиндон кашидани барои мисол "таҳрирӣ"-ҳо онҳоро дар назари мардум ба сурати афроди "ҷабрдида" ва "ҳақиқатпараст" ҷилва медиҳад. Дар ҳоле ки ошкор кардани фикру ақидаи онҳо тавассути худи рӯҳониён ва муллоҳои мӯътабар бештар ба манфиати кор аст: "Агар дар мо низ мисли кишварҳои дигар "Ҳизбуттаҳрир" расман сабти ном ва барномаи амалаш ошкор шавад, он барои ҷомеа камранг мешавад ва ҳеҷ ҷалби таваҷҷӯҳ намекунад. Он чизе, ки аз тарафи давлат таҳрим мешавад, ҳамеша ҷалб мекунад."
Насли севуми "таҳрирӣ"-ҳо
Ба ақидаи Файзиннисо Воҳидова, яке аз вакилони мудофеъ дар шимоли Тоҷикистон, ки борҳо ҳимояти "таҳрирӣ"-ҳоро дар мурофиаҳо бар дӯш доштааст, ҳоло мақомоти тафтишот ва додгоҳ бо насли севуми "таҳрирӣ"-ҳо рӯбарӯ шудааст. Хонум Воҳидова мегӯяд, насли аввали ин созмон ба унвони қурбонӣ, вале насли дувум ва бахусус сеюм ба унвони "қасосҷӯ" ё "ниқорталаб" даст ба он амалу кирдорҳое мезанад, ки насли аввал анҷом медод. Яъне, ин "насли сеюм" насли эътирозгар аст: "Насл ба насл шояд, ки ин то охир идома ёбад. Афроде, ки солҳои навадум бо ин гуноҳ маҳкум карда шуданд, ҳоло хешу табори онҳо нисбат ба ҷой надоштани адолати судӣ як бадбинӣ нисбати ҳукумати ҷумҳурӣ, нисбати тамоми сохторҳои амниятиву қудративу судӣ изҳор намуда, ба қасосгирӣ сар кардаанд."
"Ҳизбуттаҳрир" як созмони мамнӯъшуда дар Тоҷикистон аст, ки бунёди хилофати исломиро ба худ ҳадаф интихоб кардааст. Нахустин мавридҳои боздошт ва ба ҷазо кашидани аъзои он дар солҳои навадум иттифоқ афтодааст. Шумори аъзои зиндонии ин созмон дақиқ нест, вале дар ибтидо ин созмон бештар шаҳрвандони узбактабори Тоҷикистон, махсусан, қисмати шимоли ин кишварро ба худ ҷалб карда буд. Ҳоло мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аъзои он дар бақия қаламрави кишвар ҳам даст ба фаъолиятҳои пинҳонӣ мезананд.
Бо ин ҳол, Хайрулло Табаров, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, мурофиаи додгоҳии ин гурӯҳи 12-нафарӣ аъзои "Ҳизбутаҳрир" то чанд рӯзи дигар шурӯъ мешавад.