Ин дар ҳолест, ки бархе аз пайвандони афроди боздоштшуда ҳар гуна иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, онҳо ҷавононе ҳастанд, ки пайи кору зиндагии худ будаанд ва ҳеҷ мақсади тахрпибкорӣ ва барагнехтани киннаву адовати милливу динӣ надоранд. Аммо дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ эълом шудааст, ки ду тан аз ин афрод қасди таркондани нерӯгоҳи Роғунро доштанд.
Таҳририён қасди тарконидани Роғунро доштанд?
Муҳокимаи парвандаи ҷиноии ин 8 нафар, ки ба узвият дар созмони мамнӯи Ҳизбуттаҳрир мутаҳҳам дониста мешаванд, пас аз нӯҳ моҳи боздошти ду нафари онҳо сурат мегирад. Кормандони интизомӣ ва амниятӣ, Юсуфҷон Ҳафизов ва Камолхон Салоҳиддинов, сокинони шаҳрҳои Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанди вилояти Суғдро ба таърихи 20 апрели соли гузашта дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба гумони қасди таркондани нерӯгоҳи Роғун боздошт кардаанд.
Ҷамолхон, бародари 26-солаи Камолхон Салоҳиддинов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «вақте, ки онҳоро боздошт карданд, гуфтанд, ки гӯё бародари ман ва рафиқаш қасди таркондани нерӯгоҳи Роғунро доштанд. Прокрор низ ба ҳангоми қироати айбнома гуфт, ки аз онҳо флешкаҳо кашфу мусодира шудааст. Аммо ман намедонам, ки то куҷо ин дуруст аст».
Ҳарчанд шарҳе аз сӯи мақомоти тафтишот ва додгоҳ дар ин бора шунида нашуд, аммо ба эҳтимоли зиёд гуфта мешавад, ки дар ин флешкартаҳо нақшаи мунфаҷир кардани нерӯгоҳи Роғун тарҳрезӣ шудааст. Аммо Ҷамолхон Салоҳиддинов мӯътақид аст, ки бародар ва ҳаммаслаки ӯро барои узвият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт кардаанд ва чунин айби сохтаеро ба онҳо бор карданӣ ҳастанд.
Бар иловаи Юсуфҷон Ҳафизов ва Камолхон Салоҳиддинов, сокинони шаҳрҳои Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанди вилояти Суғд, ҳамчунин дар курсии айбдорӣ, Собирҷон Абдулҳомидов, Давлатёр Қурбонов, Толиб Нуров, Соли Раҳмонов, Алиҷон Юсуфов ва Абдураҳмон Каримов, сокинони ноҳияҳои Ҳисору Рӯдакӣ ва Мӯъминободи Тоҷикистон низ қарор гирифтааанд, ки ҳар кадоме аз 26 то 43 сол син доранд.
Дар ҳамин ҳол масъулони додгоҳи шаҳри Душанбе низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин афрод ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизбуттаҳрир дар соли 2010 боздошт шуда ва таҳқиқоти муқаддамотӣ онҳоро тибқи қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ ва ҳамчунин даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ мутаҳҳам медонад.
Боздошти дубора пас аз раҳоӣ аз зиндон
Аммо масъулони додгоҳи шаҳри Душанбе аз шарҳи бештари ин қазия худдорӣ карданд. Мақомоти тафтишотӣ ва ҳатто вакилони мудофеи муттаҳамон низ аз изҳори назар дар бораи ин парвандаи ҷиноӣ сар печиданд. Зеро таҳқиқи муқадамотии ин парванда тавассути Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Аммо ҷараёни муҳокимаи додгоҳ ҳокист, ки Камолхон Салоҳиддинов, аз аъзои фаъоли Ҳизбуттаҳрир буда ва раҳбарии ин гурӯҳро бар ӯҳда доштааст. Ҳамчунин бақияи ин гурӯҳи ҳаштнафара, ки бархе аз онҳо қаблан ба иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир зиндонӣ будаанд, пас аз озод шудан боз ба фаъолиятҳои худ идома додаанд. Дар воқеъ пайвандони бархе аз онҳо низ дар гузашта зиндонӣ будани онҳоро таъид карданд.
Шодӣ, бародари Толиб Нуров, дар ин бора мегӯяд, «ба айби аъзои Ҳизбуттаҳрир будан боздошт шуда буданд ва чор сол дар зиндони Ёвон буд. Нав як сол дар озодӣ буд, ки боз боздошташ карданд, дар ҳафт моҳ пеш. Ростӣ бачаи хуб аст, касеро озор надодааст. Мо ҳам намедонем инҷо чи сирре аст».
Аммо дар миёни ин гурӯҳ, касоне ҳастанд, ки барои аввалин бор боздошт шудаанд ва ба гуфтаи пайвандонашон гуноҳе надоранд. Ҳафизабону, холаи Алиҷон Юсуфов, сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ӯро аз роҳ боздошт кардаанд. Ӯ афзуд: «Алиҷон тангеми 26 дошт ва кори дигаре надошт. Фақат зиндагиаш аз ҳамин ҳисоб мегузашт. Рӯзе ӯро дастгир карданд. Охир вай шаш фарзанд дорад, ки се тояш инвалид аст, занаш низ маюб аст. Бале намоз мехонад. Охир магар намоз хондану рӯза гирифтан барои мусалмон айбу гуноҳ аст».
"Додгоҳ ягон далелу бурҳон надорад"
Холисамоҳ, сокини шаҳри Душанбе ва хонуми Давлатёр Қурбонов, яке дигар аз афроди муҳокимашаванда дар додгоҳи шаҳри Душанбе ба ҳеҷ ваҷҳ ба айбдор будани шавҳараш бовар надорад ва афзуд, «ягон далелу бурҳон надоранд ва ягон чиз ҳам на аз дасташон, на аз хона наёфтаанд. Вақте, ки ӯро дастгир карданд, мо 3-4 рӯз дараке надоштем. Вай худаш дар дӯконе дар бозори Гипрозем кор мекард. Ин даъвоҳошон беасос аст».
Дар ҳар сурат муҳокимаи ин гурӯҳ тоза шурӯъ шудааст ва ба гуфтаи масъулони додгоҳ, эҳтимол дорад муддати як моҳи оянда давом кунад. Ба ин тартиб дар сурати собит шудани иттиҳоми ворида ба ин 8 нафар, бар асоси қонуни ҷиноии Тоҷикистон онҳо аз 10 то 12 сол равонаи зиндон хоҳанд шуд.
Аммо баррасии парвандаи ҷиноии ин гурӯҳ дар Душанбе дар ҳоле ҷараён мегирад, ки моҳи гузашта дар шаҳри Маскави Русия 20 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони узвият дар созмони мамнӯъи “Ҳизбуттаҳрир” боздошт шуда буданд. Ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ ҳангоми кофтукоби манзили зисти онҳо бомби нерӯманде ошкор карданд, ки ба гуфтаи кормандони амниятӣ, аъзои “Ҳизбуттаҳрир” мехостанд дар роҳи оҳан инфиҷор кунанд.
Зимнан, фаъолияти Ҳизбуттаҳрир дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 манъ шуда, ду сол пеш Душанбе Ҳизб-ут-Таҳрирро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард. Ҳизбу-ут-Таҳрир мегӯянд, барномаи онҳо сарнагун кардани ҳукуматҳои демократӣ ва бунёди як хилофати исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.
Дар тӯли нӯҳ соли ахир ахир, теъдоди зиёди пайравони ин ҳизб барои содир намудани аъмоли ғайриқонунӣ, назири паҳн кардани шабномаҳо, адабиёти мазҳабӣ ва даъват барои сарнагунии низоми демократии кишвар боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Аммо бо ин ҳам гуфта мешавад, ки пайравони ин гурӯҳ ба фаъолиятҳои худ бо ҳар роҳ идома медиҳанд ва ахиран маҷаллаи ин созмон бо номи «Cубҳи хилофат» нашр гардид, ки он бо забони тоҷикӣ ва бо муқоваи ранга дар 54 саҳифа чоп шудааст.