Юрий Федотов, муовини Дабири кулли Созмони Милал ва масъули Идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории ин созмон, рӯзи 30-юми май вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, хоҳад шуд.
Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон, рӯзи 29-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин намояндаи баландмақоми Созмони Милал бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ва бархе дигар аз масъулон дидору мулоқот анҷом медиҳад.
Вай афзуд, сипас Юрий Федотов дар маросими аз қабл тарҳрезишуда бахшида ба 13-умин солгарди таъсисёбии Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон, аз ҷумла ифтитоҳи як министудияи телевизион ва Маркази миллии кинологӣ ё таълими сагҳои бӯйгир ширкат хоҳад кард.
Ҳамин манбаъ афзуд, муовини Дабири кулли Созмони Милал дар нишасти муштараки ниҳодҳои муборизакунанда бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон, Қирғистон ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, ширкат мекунад.
Дар зимн, Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон як ниҳоди муштараки Созмони Милал ва давлати Тоҷикистон аст, ки аз соли 1999 ба ин сӯ фаъолият дорад.