Раҳбари хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия гуфтааст, ки то 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳисоби фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла аз тиҷорати маводи мухаддир ба даст меояд.
Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия дар ҷаласаи куммиссиюни рушд ва иҷрои барномаҳои мубориза бо маводи мухаддири ҳукумати ин кишвар гуфт, бояд, ба таъбири ӯ, «наркоиқтисод»-ро дар Осиёи Марказӣ ба «иқтисоди солим» иваз кунад.
Генерал Иванов 22 тарҳи зидди маводи мухаддири Русия дар Осиёи Марказиро замонати ҳифзи манфиатҳои Маскав дар ин минтақа номид ва аз сармоядорони рус даъват кард, дар ин паҳно фаъолтар бошанд. Ба ақидаи Иванов, «меъёрҳои беҳтари зиндагӣ калиди табдили иқтисоди мабнӣ бар маводи мухаддир дар Осиёи Марказист.»
Ӯ ба сармоядорони рус ваъда дод, ки дар ин минтақа «сипари муҳкам» хоҳанд дошт. Виктор Иванов ҳамин тавр, ба хотири пешбурди манфиатҳои Русия дар минтақа, таъсиси як Корпоратсияи рушди Осиёи Марказиро пешниҳод кардааст.
Аммо мақомоти Душанбе иддаои генерал Иванов дар бораи 40 дарсад марбут ба «иқтисоди соягӣ», аз ҷумла тиҷорати маводи мухаддир будани иқтисоди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро бепоя мехонанд ва мегӯянд, ин иддао аз ноогоҳии Виктор Иванов дар бораи таркиби маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишварҳо маншаъ мегирад.
Ба ақидаи ин мақомот, нақши «иқтисоди пасипардагӣ» дар иқтисоди Тоҷикистон дигар чунон бузург нест, ки дар солҳои 90 ва беназмиҳои солҳои аввали баъди ҷанги дохилӣ буд.
Зайниддин Мӯъминов, раҳбари бахши равобит бо кишварҳои муштаракулманофеъ дар вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, агар, тавре мақомҳои рус иддао мекунанд, 40 дарсади иқтисоди мо аз ҳисоби муҳоҷирон ва 40 дарсади дигараш аз маводи мухаддир бошад, пас саҳми иқтисоди воқеъии Тоҷикистон чанд аст?