Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии тоҷикон аз ҳисоби афюну ҳероин мегузарад?


UNODC мегӯяд, қочоқи маводи мухаддир бештар ба амнияту иқтисоди Тоҷикистону Қирғизистон таҳдид мекунад.

Дар арзёбие, ки коршиносони UNODC (Муассисаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милал) анҷом додаанд, тасвире, ки аз Тоҷикистон мебинем, тарснок аст. Агар рақамҳои муаллифони ин гузориш дуруст бошад, пас, шояд аз паси хонаи Шумо ҳам маводи мухаддири афғониро ба Русия ва ҳатто ба он гӯшаи дунё, ба Амрикои Шимолӣ, қочоқ мекардаанд, агарчӣ ба инҷо ҳанӯз нарасидаанд.

Дар як рӯз 200 кило ҳероин

Барои мисол, соли 2010 аз тариқи қаламрави Тоҷикистон аз 75 то 80 тонна ҳероин ва аз 18 то 20 тонна афюн қочоқ шудааст. Яъне, ҳар рӯзи соли 2010 бо истифода аз хару ароба, қаторҳо ва ҳавопаймоҳои Тоҷикистон рӯзона 200 кило ҳероин бурдаанд, ки боварнокарданист.

Дар он сол ба маъмурони амниятии Тоҷикистон муяссар шудааст, аз дасти қочоқбарон танҳо 985 кило ҳероин ва 744 кило афюнро мусодира кунанд, ки як қатрае аз он дарёи бузург аст. Дар ин гузориш Тоҷикистон як шохаи аслӣ барои маҷрои маводи мухаддир аз шимоли Афғонистон ба Осиёи Марказӣ хонда шуда ва дар он гуфтаанд, дар соли 2010 тақрибан 85 дарсади қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ аз тариқи қаламрави Тоҷикистон сурат гирифтааст.

"Қаҳрамонӣ"-и маъмурони амниятӣ

Аммо, бо вуҷуди ин, маъмурони амниятии тоҷик дар байни ҳамкоронашон дар Осиёи Марказӣ “қаҳрамон” будаанд, ки дар тамоми минтақа аз ҳама бештар ҳероину афюну бангу чакида мусодира кардаанд. Ин ҳамаро асосан аз ноҳияҳои шарқӣ ва ҷанубии кӯкнорпарвар ба шимоли Афғонистон ва сипас ба Осиёи Марказиву аз инҷо ба Русия мебурдаанд.

Василаи асосии интиқол, шабакаи васеи роҳи оҳани минтақа будааст ва кашфу забти миқдори зиёди ҳероин дар ин қаторҳо (аз ҷумла 116 кило ҳероин дар гузаргоҳи Ойбеки Тоҷикистон) ба гуфтаи муаллифони арзёбӣ аломати он аст, ки қочоқбарон ба худ эътимоди зиёд доранд ва нақши ангушти баъзе аз мақомоти давлатӣ низ дар ин кор дида мешавад.

Гардиши пули афюну ҳероин

Ба тахмини UNODC, соли 2010 гурӯҳҳои қочоқбар аз ҳисоби фурӯши ҳероин 1 миллиарду 400 миллион доллар фоида гирифтаанд, ки ғолибан бисёре аз ин долларҳо ба ҳамёни қочоқбарони тоҷик рафтааст, зеро миқдори зиёди ҳероин аз хоки Тоҷикистон мегузарад. Муаллифон пул аз фурӯши маводи мухаддирро бо ду манбаи аслии даромади Тоҷикистон - алюминий ва пахта - муқоиса карда гуфтаанд, бо назардошти манобеи ками даромади кишвар, ба осонӣ метавон дид, ки дар иқтисоди Тоҷикистон пули афюну ҳероин низ гардиш мекунад.

Муаллифони арзёбӣ эътироф кардаанд, ки иқтисоди Тоҷикистон рушд мекунад, аммо на ба он ҳадде, ки дар кишвар хонасозӣ равнақ бигираду қимати хонаҳо боло равад ва мансабдорони давлатӣ бо маошҳои хурд соҳиби мошинҳои бодабдаба шаванд. Шояд муболиға бошад, аммо дар ин гузориш гуфта шудааст, ки дар баъзе аз рустоҳои минтақаҳои фақир ба мисли Хатлон ва Бадахшон, ғолибан қочоқи маводи мухаддир танҳо сарчашмаи рӯзгузаронӣ шудааст.

Боз ҳам камбизоатӣ ва фасод

Камбизоатӣ ва фасоди густурда дар Тоҷикистонро муаллифони гузориш аз омилҳои аслии равнақи қочоқи маводи мухаддир хонда ва гуфтаанд, аз ин тиҷорат умдатан гурӯҳҳои ҷиноӣ ва аз ҷумла террористон аз Ҳаракати Исломии Узбакистон баҳра мебаранд, ки ҳоло дар баъзе манотиқи шимолии Афғонистон, кӯкнорпарваронро муҳофизат мекунад.

Дар гузориш омадааст, агарчӣ гурӯҳҳои ҷиноӣ дар саросари кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъоланд, аммо Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари ин гурӯҳҳо осебпазиртар ҳастанд. Дар баробари тасвири заъфҳои Тоҷикистон дар амри мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳлилгарони Муассисаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноят дар Созмони Милал гуфтаанд, Тоҷикистон дар чанд самт, аз ҷумла мудирият, коҳиши фақр, ислоҳоти пулис ва посбонии марзҳо пешрафт карда, аз ҷумла намояндагии Оҷонси мубориза бо гардиши маводи мухаддирро дар шимоли Афғонистон боз намуда ва бо ҳамкорони афғонашон амалиётҳои муштарак низ анҷом додаанд.

Боздошти афзояндаи мансабдорони сатҳи миёна бо иттиҳоми ҳамин ҷиноят рӯҳбаландкунанда аст. Муаллифони гузориш мегӯянд, тиҷорати маводи мухаддир ва ҷинояткории созмонёфта сарчашмаи ноамнӣ дар Қирғизистон ва аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣ аст. Аз ҷумла мегӯянд онҳо, гурӯҳҳои ҷиноии қирғизтабор бо истифода аз муноқишаи қавмии соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон бар гурӯҳҳои ҷиноии ӯзбактабор дастболо шуда ва роҳҳои қочоқ дар ин самти Қирғизистонро таҳти назорат гирифтанд.
XS
SM
MD
LG