Устои сангтарош Умед Валиев, ки дар назди дӯконаш даҳҳо тахтасанги хурду бузург бо ному насаби зиёде қатор чида шудаанд, мегӯяд, ҳарчанд фармоиши зиёд ба суди ӯст, аммо аз ҳак кардани номҳо ва мисраъҳои дилхункунанда воқеан хаста шудааст: «Талабот бисёр аст, дар ҳафта то 8 нафар то 10 нафар мроҷиат мекунанд боз ҳафтаҳое ҳаст, ки то панҷ нафар фармоиш медиҳад.»
Ҳамсӯҳбати мо меафзояд, агар яке аз сабабҳои фармоиши санг талоши наздикон ба гум накардани маҳалли дафни шахси азизи хеш бошад, сабаби дигар ин афзоиши фавти мардум аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки агар Усто Умед танҳо сангтарошни маҳаллаи Яккчинор буд, ҳоло дар ин ҷо чаҳор маркази ҳаккокии санги мазор ва корхонаи сангтарошӣ боз шудааст. Теъдоди чунин марказҳо дар шаҳри Душанбе низ афзудааст ва қариб дар ҳамаи онҳо барои фармоиши санги мазор навбат вуҷуд дорад.
АФЗОИШИ МАРГУМИР ДАР ТОҶИКИСТОН?
Эҳтимоли ин ҳам ҳаст, ки бархе аз одамон бо гузашти солҳо барои манзили охирати наздикони худ санг фармоиш медиҳанд, аммо дар Пажӯҳишгоҳи ҳифзи иҷтимоии назди Вазорати кори Тоҷикистон ҳадси афзоиши маргумири шаҳрвандонро тасдиқ мекунанд. Чунончӣ, агар дар соли 2009 шумораи фавтидаҳо ба 30 ҳазору 854 нафар баробар бошад, дар соли гузашта ин рақам ба 31ҳазору 937 нафар расидааст. Зимнан, ин иттилоъро Оҷонси омори назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ тасдиқ мекунад.
Саодат Боҳирова, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи ҳифзи иҷтимоии Вазорати кори Тоҷикистон мегӯяд: «Агар аз соли 2005 ба ин тарафро ба ҳисоб гирем, мизони маргумир дар мо рӯ ба боло меравад ва дар ин сол ҳам маргумир дорад афзоиш меёбад. Медонед сабабҳои ин пеш аз ҳам ба бемориҳо рабт дорад, бекорӣ, маоши ночиз ва ғайра.»
ВАЗЪИ БАДИ ИҶТИМОӢ- САБАБИ АСОСИИ МАРГУМИР
Дар ҳамин ҳол Мӯътабари Раштӣ, раиси яке аз созмони иҷтимоии ғайридавлатии Тоҷикистон мегӯяд, ки афзоиши мизони маргумир дар Тоҷикистон хабари нав нест ва яке аз сабабҳои аслӣ, фурӯ пошидани низоми беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоист: «Сабаби асосӣ ва асосии ин вазъи ногувортари иҷтимоии кишвар аст. Рӯз ба рӯз бекорӣ меафзояд, муҳоҷират меафзояд ва ин ҳама мардумро дучори бемориҳо мекунад, ки мардум имкони табобатро надоранд, гаронинархии доруҳо ва ҳамчунин беморхонаҳо бадбахтона тавони табобати мардумро надоранд.»
Дар ҳамон рӯзи мулоқоти мо бо устои сангтарош муовинин вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов дар як конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар соли гузашта дар Тоҷикистон 32 ҳазор нафар фавтида ва 16 ҳазор нафари онҳо бар асари бемории дил ҷон додаанд.
Дар байни мардум ҳазле гардон аст, ки солҳои охир даромади гӯрковҳои қабристон афзудааст, аммо устои сангтарош Умед Валиев мегӯяд, аз шукуфоии кори дӯконаш чандон хурсанд ҳам нест, балки дар пайи савоб мегардад.