Панҷараҳои рабудашудаи атрофи мазор, дарахтони сарбурида, сангҳои шикастаи рӯйи қабрҳо ва ба чарогоҳи чорвои хонагӣ табдил шудани ягона
қабристоне, ки пайравони дини масеҳӣ дар он дафн шудаанду мешаванд, нигарониҳои шадиди аҳолии рустабори маҳаллиро ба бор овардааст.
Нина Сулейманова, бознишастаи укроинӣ аз Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ягона ҷойгоҳе, ки рӯҳу равони ӯро ором карда, барои дилкушоиву дуохонӣ меравад, ҳамин қабристони масеҳиён аст.
Аммо вақте хонум Сулейманова чанд ҳафта пеш, дар рӯзи иди мазҳабии Пасха ба зиёрати оромгоҳ рафт, вазъи бади қабри танҳонабераашро дида, хеле нороҳат шуд.
Вай, ки 80 cол дорад, мегӯяд, нерӯи ҷисмонӣ ва имкони молӣ надорад, то муддавом муроқиби мазори наберааш бошад: "Ҳама лавҳаҳои ёдгорӣ таъмирталаб шудаанд, қабристон пуропури гову бузу гӯсфанд шудааст. Солҳои пеш, то оғози ҷанги шаҳрвандӣ, оромгоҳ пур аз дарахтони арча буд, аммо ҳоло ҳамаашро буридаанд, то хонаҳояшонро гарм кунанд. Ҳама ҷо хеле ифлос шудааст, нафаре нест, ки ақаллан аз ҳоли ин оромгоҳ назорат барад. Охир ҳамаи мо дар оромгоҳҳо ба хок супурда мешавем, бояд эҳтиромашро ба ҷо орем."
Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи ногувори қабристони масеҳиён, ҷамъияти русзабонҳои вилояти Хатлон чанд дафъа аз ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа хостааст, ки барои ягона оромгоҳи масеҳиён посбоне таъйин кунад ё гирдашро панҷарапеч намояд, то тахрибкориҳо идома наёбанд.
ҲОЛИ ХАРОБИ ОРОМГОҲҲО
Людмила Хоҷаева, раиси ҷамъияти мазкур, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ҳарчанд мақомоти ҳукумат ваъдаи кӯмак кардаанд, аммо то ҳанӯз ҳеҷ беҳбуде дар ҳоли оромгоҳи масеҳиён ба мушоҳида намерасад: "Ҳар сол ба ҳукуматҳои вилояти Хатлон ва шаҳр муроҷиат мекунем, хоҳиш мекунем, ки аз табдил шудани оромгоҳ ба чарогоҳи чорвои хонагӣ ё мавзеъи бозию ҳаёҳуи кӯдакон пешгирӣ кунанд. Дар гузашта оромгоҳ як боғи зебо ва нодирро мемонд, ки паррандаҳо, гулзорҳо, дарахтон, лавҳаю ёдгориҳои қашанг дошт. Ҳоло як харобазор шудааст. Ин як навъ беэҳтиромӣ ба муқаддасоти пайравони динҳои дигар мебошад. Ҳукумати маҳаллӣ бояд роҳеро дарёбад, то ин оромгоҳ батамом хароб нашавад. Зеро худи мо русзабонҳо, ки шумораамон дар минтақа кам мондааст, чунин тавонро надорем. Таъкидан мегӯям, ки натанҳо дар Қӯрғонтеппа, балки оромгоҳи масеҳиён дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳамин хел ҳоли харобу ҳузнангез доранд."
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти милисаи маҳаллӣ, дар соли ҷорӣ ягон мавриди бадрафторӣ ё касиф сохтани қабристони масеҳиён ба қайд гирифта нашудааст. Намояндаи ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба имконоти маҳдуди молӣ, ҳоло ҳеҷ барномаи бозсозӣ ё панҷарапечии қабристонҳо, аз ҷумла оромгоҳи масеҳиён, рӯйи даст нест.
САЛИБҲОРО МЕСӮЗАНД... ОҲАНРО МЕФУРӮШАНД...
Галина Бичковская, сокини бознишастаи шаҳри Қӯрғонтеппа, низ ҳар сари чанд вақт аз қабри се пайвандаш - писару падар ва хоҳаршӯяш дар оромгоҳи масеҳӣ хабар мегирад. Вай мегӯяд, ҳар гоҳе ба зиёрат меравад, аҳволи хароби қабристон ӯро нороҳату афсурдаҳол мекунад.
"Сол аз сол вазъи оромгоҳи масеҳиён бадтар мешавад. Салибҳои чӯбии рӯйи қабрҳоро дар фасли зимистон арра карда, ҳамчун ҳезум истифода мебаранд. Панҷараҳои оҳаниро канда, мефурӯшанд. Акси рӯйи сангҳоро мехарошанд, мешикананд. Хуллас, бесоҳибу беназорат шудааст оромгоҳи мо. Ин харобкориҳо асосан кори дасти сокинони маҳалҳои атрофи қабристон аст. Масеҳиён ҳам, мисли мусалмонҳо, як Худо доранд, фикр накунам, ки хароб кардани оромгоҳҳои масеҳиёну католикҳо, ки барои мо аз мавзеъҳои муқаддас шумурда мешавад, дар дини ислом ҷоиз бошад",-афзуд ӯ.
"ОРОМГОҲҲОРО БОЯД ЭҲТИРОМ КАРД"
Дар ҳамин ҳол, Саидбилол Худойдодов, аз уламои дин, мегӯяд, ислом ҳама гуна таҳқиру бадрафторӣ нисбат ба фарҳанг ва муқаддасоти пайравони адёни дигарро ноҷоиз дониста ва маҳкум мекунад. Вай афзуд, аз нигоҳи ислом, хароб кардани қабру оромгоҳҳо, аз ҷумла оромгоҳҳои масеҳиён гуноҳ ҳисоб мешавад.
Ин рӯҳонии тоҷик гуфт: "Мутаассифона, ҳамин хел гурӯҳҳо пайдо шудаанд, ки ба хотири манфиати молиявӣ панҷараҳои қабрҳоро мешикананду мефурӯшанд. Ин одамон шояд имони комил надоранд ё бедин ҳастанд. Зеро дар ислом ҳам вайрон кардани қабристонҳо, новобаста ба он ки оромгоҳи мусулмонон аст ё масеҳӣ, манъ мебошад. Бояд эҳтиром кард оромгоҳҳоро, чун барои ҳар як мил лату мазҳаб азизу муқаддас аст."
АҲВОЛИ БОЗНИШАСТАГОН
Ҳоло дар қаламрави вилояти Хатлон дастикам 20 оромгоҳи православию католикӣ мавҷуд буда, ба иддаои ҷамъияти русзабонҳои минтақа, аксари онҳо вайронаҳолу беназорат будаанд.
Онҳое, ки пайвандонашон дар оромгоҳҳои масеҳӣ гӯронида шудаанд, ҳама ба Русия ва дигар кишварро кӯч бастаанд. Аҳолии русзабони минтақа на беш аз ҳафт ҳазор нафар хонда мешавад, ки аксаран одамони солманд ва танҳо будаанд.
Ин кӯҳансолон мегӯянд, "маоши бознишастагӣ танҳо манбаи даромадашон буда, ба рӯзгорашон ҳам кифоят намекунад, куҷо расад ба ҳифз ва бозсозии оромгоҳҳо..."
Дар гузашта оромгоҳ як боғи зебо ва нодирро мемонд, ки паррандаҳо, гулзорҳо, дарахтон, лавҳаю ёдгориҳои қашанг дошт. Ҳоло як харобазор шудааст. Ин як навъ беэҳтиромӣ ба муқаддасоти пайравони динҳои дигар мебошад...