Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Эрону Сурия дар музокироти раҳбарони G8


Раисиҷумҳури Амрико дар Кемп Девид аз раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон ё G8 истиқбол кард.

Дар Кемп Девид мулоқоти дурӯзаи раҳбарони ин кишварҳо баргузор мешавад ва зоҳиран дар ин мулоқот буҳрони қарзии Юнон ва буҳрони қаламрави истифодаи пули евро дар маркази таваҷҷуҳ хоҳад буд.

Бо вуҷуди ин, баррасиҳои шоми ҷумъа ба барномаҳои зиддунақизи Эрон, нооромии Сурия ва Кореяи Шимолӣ иртибот доштааст.
Мақомоти Амрико мегӯянд, Ҷӣ-8 розӣ шудааст, ки Эрон бояд ҳадафи баландпарвозонаи барномаҳои ҳастаии худро бештар боз кунад ва Сурия бештар ба масъалаи гузори сиёсӣ таваҷҷуҳ дошта бошад.

Хабаргузории “Ройтерз” ба нақл аз як мақоми олирутбаи амрикоӣ аз “тавофуқи куллии сарони 8 кишвари саноатии ҷаҳон бар сари масъалаи фаъолиятҳои атомии ҷумҳурии исломӣ" хабар додааст. Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, ҳамаи сарони ҳозир дар Кемп Девид ҳамчунин таъкид кардаанд, ки лозим аст, Теҳрон бо “қадамҳои айнӣ ва рӯшан” ҷомеаи байнулмилалиро аз мақсадҳои сулҳомези худ мутмаин созад.

Дар остонаи ин мулоқот Барак Обама ишора кард, ки аз барномаҳои танзими молии Аврупо ҳимоят мекунад ва дар Кохи Сафед бо Франсуа Олланд, раисиҷумҳури нави Фаронса мулоқот анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG