Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораҳои ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон кӯмак меҷӯянд


ONE Campaign, як гурӯҳи мубориза бо фақр, ки ситораҳои маъруф Боно ва Боб Гелдоф таъсис додаанд, аз раҳбарони G8 хостанд, ба соҳаи кишоварзии 30 кишвари фақиртарини дунё сармоягузории бештар кунанд.

Феҳрасти кишварҳои ниёзманд кишварҳое, чун Бангладешу Бенин, Мозабик, Непал, Нигерия, Руанда, Серра-Леоне, Замбия, Уганда ва Тоҷикистону Эфиопияро дар бар мегирад.

Ба ҳисоби ин созмон, ин 30 кишвари фақиртарин макони чаҳоряк аз 1,4 миллиард фақирони дунёст ва ҳимояти молии кишварҳои пешрафта дастикам 50 миллион нафарро дар ин кишварҳо аз чанги фақр наҷот хоҳад дод.

ONE дар пешорӯи нишасти сарони G8, ки моҳи май дар ҳошияи Вошингтон хоҳад гузашт, маъракаи вижаеро бо номи “Thrive”(“Шукуфоӣ”) ба роҳ андохтанист, ки ҷалби то 27 миллиард доллар кӯмак ба соҳаи кишоварзии 30 кишвари фақир, аз ҷумла Тоҷикистонро то соли 2015 ба ҳадаф дорад.

Сергиюс Сибом, яке аз масъулони ONE дар Берлин дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар бораи сабабҳои ба дар ин феҳраст омадани Тоҷикистон гуфт: "Вақте мо дар таҳқиқоти худ роҳҳои коҳиши фақрро таҳлил кардем ва сармоягузории соҳаи кишоварзиро чун яке аз ин роҳҳо арзёбӣ кардем, мо ба интихоби давлатҳое пардохтем, ки мубориза бо фақрро дар меҳвари барномаҳои кишоварзии худ қарор додаанд. Тоҷикистон яке аз чунин давлатҳост, ки нақшаи коҳиши фақрро қабул кардааст. Инчунин яке аз меъёрҳои интихоб ин буд, ки ин давлатҳо тавони амалан коҳиш додани фақрро дошта бошанд."

Озодӣ: Нақши ситораҳои рок Боно ва Боб Гелдоф дар ин тарҳ чӣ аст?

Cергиюс Сибом: Онҳо муаллифони тарҳи созмон додани ташкилоти мо ҳастанд. Медонед, онҳо аз дербоз бо лоиҳаҳои глобалӣ дар мубориза бо фақр дар саросари ҷаҳон машғуланд. Ҳарчанд, ки онҳо дар гузаронидани пажӯҳиши мо иштироки бевосита надоштанд, онҳо муаллифон ва пуштибонони ташаббусҳо оид ба кам кардани фақр дар ҷаҳон ҳастанд.

Озодӣ: Тоҷикистон чӣ тавр дар рӯйхат шомил шуд?

Сергиюс Сибом
Сергиюс Сибом
Сергиюс Сибом: Гузориши мо ҳамчунон роҳҳои коҳиши фақрро дар бар мегирифт. Ва бахши кишоварзӣ дар роҳи ҳалли ин мушкил авлавият дорад. Мо муайян кардем, ки кадом кишварҳои дунё, ки бо фақр рӯбарӯ ҳастанд, тарҳҳои миллии худро оид ба мубориза бо фақр тавассути бахши кишоварзӣ доранд. Яке аз чунин кишварҳо Тоҷикистон будааст. Ба назари мо ҳамон кишварҳоеро бояд интихоб кард, ки дар ин росто корҳоеро пеш мебаранд. Ба иловаи ин, мо қарор додем, ҳамон кишварҳоеро интихоб кунем, ки эҳтимоли амалишавии ин тарҳо дар онҷо бештар вуҷуд дорад.

Озодӣ: Шумо дар доираи ин ташаббуси худ, кӯмакҳои ба даст овардаатонро чӣ гуна тавзеъ хоҳед намуд?

Сергиюс Сибом: Мо умед дорем, ки Тоҷикистон бо кӯмаки созмонҳои хайриявӣ, ки бо тарҳи мо ҳамкорӣ доранд, метавонад ин кӯмакро дарёфт кунад.
XS
SM
MD
LG