24 зиндонии №3-и шаҳри Душанбе дар номае аз мақомоти зидахли Тоҷикистон хостаанд, ки барои сипарӣ кардани идомаи мӯҳлати ҳукми зиндон онҳоро ба маҳбаси шаҳри Хуҷанд интиқол диҳанд.
Ин гурӯҳи зиндониён дар номаи худ, ки як нусхаи он ба дафтари Радиои Озодӣ низ омадааст, мегӯянд, аз зодгоҳи худ дуранд ва хешовандонашон барои дидор бо онҳо бояд роҳи тӯлониеро тай кунанд.
Дар гуфтугӯе аз генерал Иззатулло Шарифов, раиси раёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, пурсидем, иҷрои ин хостҳои маҳбусон то куҷо имконпазир аст?
Иззатулло Шарифов: "Тибқи қонун ҳар кас дар дари хонаи худ адои ҷазо намекунад. Дар Тоҷикистон зиндонҳо дар минтақаҳои гуногунанд. Аз нуқтаи назари корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳар касеро, ки дар ҳар ҷо лозим мешуморанд, ба ҳамон ҷо барои адои ҷазо равон мекунанд. Дар гузашта, масалан, аз Қафқоз дар ин ҷо буданд, аз ин ҷо ба Қафқоз мебурданд, ба Узбакистону Русия мебурданд. Акнун ҳозир маҳбусони мо "эрка" шудаанд ва мегӯянд, ки дар дари хонаам адои ҷазо кунам. Ҳозир баъзе хешу таборонашон меоянду мегӯянд, ки ҳоло дар зиндони рақами шашум ҳастам, бачаи маро гиред ба Душанбе биёред, аз ноҳияи Ваҳдат, аз зиндони назди корхонаи хишт. Ё баръакс мегӯянд, ки аз Душанбе гиред ба зиндони назди корхонаи хишти ноҳияи Ваҳдат биёред, ки ман шароити ба он ҷо рафтану омадан надорам. Эрка шудаанд."
Радиои Озодӣ: Бубинед, онҳо дар номаи худ навиштаанд, ки қонуни Тоҷикистон барои ба зиндони Хуҷанд гузарондани онҳо иҷоза медиҳад. Оё қонун ҳамин дархости онҳоро пешбинӣ мекунад?
Иззатулло Шарифов: "Не, не. Ин хел нест."
Радиои Озодӣ: Дар ҳар сурат, ҷавоби Шумо ба номаи онҳо чӣ гуна хоҳад буд?
Иззатулло Шарифов: "Кӯшиш мекунам, ба онҳо кӯмак кунам, онҳоро дастгирӣ намоям. Онҳо бояд худашонро озод ҳис кунанд. Ҳеҷ кас онҳоро шиканҷа намекунад. Онҳо навиштаанд, ки дурӣ аз хешу табор ва падару модар барои онҳо шиканҷа будааст. Кӯшиш мекунам, шароити хубтар муҳайё кунам, ки нағз зиндагӣ кунанд."
Радиои Озодӣ: Оё Шумо метавонед гузашт кунед, ки онҳо наздиктар ба хешу таборашон раванд? Ин номаро баррасӣ мекунед?
Иззатулло Шарифов: "Мо ин номаро баррасӣ мекунем, бо онҳо сӯҳбат мекунем. Ба онҳо ҳаматарафа мефаҳмонам. Онҳоро қабул мекунам, сӯҳбат мекунам."
Радиои Озодӣ: Қонуни Тоҷикистон иҷоза медиҳад, ки раҳбарияти зиндонҳо номаи онҳоро баррасӣ ва дар баъзе ҳолатҳо ҳамин гуна қарор қабул кунад?
Иззатулло Шарифов: "Аз нуқтаи назари корҳои ҷӯстуҷӯӣ-фаврӣ ин ҷо ҳазор хел гапу хабар аст. Ин ҷо зиндон аст, онҳо зиндонӣ ҳастанд. Мо ин ҷо бояд рафтору характер (хислат)-и ҳар як нафарро донем. Аз рӯи ҳамон онҳо адои мӯҳлати ҷазои зиндон менамоянд."