Озодӣ: Бобоҷон Каримович, Шумо дар ду мӯҳлати панҷсолӣ ба ҳайси Додситони кул фаъолият кардед. Аммо то анҷоми мӯҳлати дуввуми коратон чанд моҳе монда буд, ки аз вазифа сабукдӯш шудед. Ва инак, ду сол аст, ки аз вазифа рафтаед, вале дар ин миён фарзанди Шумо, ки додситони Ҳисор буд маҳкум ба зиндон шуд. Ба ҳар сурат чаро Шуморо аз вазифа гирифтанд?
Бобоҷон Бобохонов: Ман ду мӯҳлат дар вазифаи Прокурори генералии Тоҷикистон фаъолият кардам ва албатта, медонистам, ки имсол набошад, соли дигар ба нафақа мебароям. Ман барои ба нафақа рафтан тайёр будам ва аз ин ҷиҳат аз ҳеҷ кас гила надорам. Сессияи ғайринавбатии Маҷлиси Миллӣ даъват карда шуд, то ман барои ба нафақа баромадан розигӣ диҳам. Маҷлиси Миллӣ барои ба нафақа рафтани ман розигӣ дод ва сипас, бо фармони президент ман ба нафақа рафтам.
Озодӣ: Баъди аз вазифа рафтан бо раиси ҷумҳурӣ сӯҳбатҳо доштед?
Бобоҷон Бобохонов: Вақте мувофиқи фармони президент ба нафақа баромадам, мақсади асосиам ин буд, ки бо президент, ки дар давоми ин қадар солҳои тӯлонӣ якҷоя кор ва бо дастгирии он кас як мақомоти пурқудратро роҳбарӣ мекардам, даромада, хайрухуш намоям. Бо ин мақсад ман аз прокуратура ба Дастгоҳи иҷроия омадам аммо ду нафар садди роҳ шуданд, ки "баъдтар назди президент даро". Баъди ин чи қадар кӯшише, ки кардам, назди президент даромада натавонистам. Ман ҳама вақт сиёсати хирадмандонаи президенти Тоҷикистонро дастгирӣ кардаам ва дар нафақа ҳам, ки бошам, сиёсати пешгирифтаи роҳбари мамлакатро дастгирӣ мекунам. Аз аввал то охир ман дар роҳи адолат ва қонун будам, то охир дар ин роҳ содиқ мемонам.
Озодӣ: Агар Шуморо раиси ҷумҳурӣ қабул кунад, бо ӯ дар бораи чӣ сӯҳбат мекунед?
Бобоҷон Бобохонов: Ман то ҳозир интизори он ҳастам, ки як рӯз не, як рӯз роҳбари давлат шояд маро даъват кунад. Ман ягон гилаву кинае надорам. Аз ягон кас ягон норозигӣ ҳам надорам. Фақат мехоҳам бифаҳмам, ки сабаб дар чӣ буд, ки дар давоми ин ду сол ин қадар бурдоварду кашмакашие, ки дар ҳаққи ману фарзанди ману хешу табори ман мешавад ва аз ман чи гуноҳе гузашта бошад?
Озодӣ: Худи Шумо чӣ бардошт доред, ки сабаби аз кор рафтанатон чӣ метавонад бошад?
Бобоҷон Бобохонов: Ман то ҳоло ҳам дар ин фикру хаёл ҳастам, ки сабаб ин аст ки синну соли ман ба нафақа расид. Роҳбари давлат дар нисбати корҳои анҷомдодаи ман дар толори ҷаласаи ҳукумат дар назди роҳбарони навоҳӣ, шаҳр ва вилоятҳо қадрдонӣ карда маро ба нафақа гусел кард. Ташаккур гуфт. Ман аз президенти мамлакат миннатдорам ва то охири умрам миннатдорӣ мекунам, ки чунин роҳбар ҳаст ва ман ҳамроҳи ӯ дар солҳои вазнин ва тӯлонӣ кор кардам.
Озодӣ: Ду сол мешавад фарзанди Шумо, ки додситони ноҳияи Ҳисор буд дар ҳабс аст. Шумо ба мулоқоташ меравед, мебинед?
Бобоҷон Бобохонов: Дар ҷараёни тафтишот, ки бештар аз 6 моҳ идома кард, ман иҷозати дидани фарзандамро надоштам. Ҳозир дар маҳбас мебошад. Аз рӯзи содир шудани ҳукми суд то имрӯз, ки шаш моҳ зиёдтар гузаштааст, ман фарзандамро надидаам.
Озодӣ: Қонуни ахири афве, ки қабул шуд ба фарзанди Шумо ҳам дахл кард?
Бобоҷон Бобохонов: Ҳамон рӯзе, ки қарори афв содир шуд ҳамон рӯз суд нисбати фарзанди ман ҳукм баровард. Қонуни афв нисбати фарзанди ман ҳам татбиқ шуд ва ду сол мӯҳлати ҳукмаш кам карда шуд.
Озодӣ: Рафиқону дӯстоне, ки пештар доштед ҳоло Шуморо дидан меоянд?
Бобоҷон Бобохонов: Рафиқу дӯстоне, ки доштам ва буданд ба фикри ман ягонтои онҳо аз ман гила надоранд. Ман низ аз онҳо гила надорам. Касе хабар мегирад, бигирад, касе хабар намегирад, ягон хафагӣ надорам. Аз ягон кас гила ва тамаъ ҳам надорам. Касе хабар мегирад, бигирад касе хабар намегирад, интизори хабаргирии онҳо ҳам нестам.
Озодӣ: Шумо дар тафтишу бозрасии бисёре аз ҳодисаҳои муҳими Тоҷикистон ширкат доштед. Солҳои зиёд дар як мақоми муҳими давлат кор кардед. Оё нияти навиштани китоби ёддоштҳоро надоред?
Бобоҷон Бобохонов: Шукронаи онро мекунам, ки рӯзҳои вазнине паси сар шуданд. Мардум тинҷу ором аст. Рӯзҳое буд, ки дар қади кӯчаву бозор мардум аз дасти силоҳдорон оромона гаштугузор карда наметавонистанд. Ҳамаи ин рӯзҳо паси сар шуд. Ҳамаи ин рӯзҳои паси сар шуда бо роҳбарии президенти мамлакат, органҳои ҳифзи ҳуқуқ аз он ҷумла прокуратура, ки ҳамон шабу рӯзҳо ман ҳам роҳбар будам барои оромӣ талош карданд. Ягон заррае хизмати ман ҳам агар расида бошад инро ба ягон кас миннат карданӣ нестам, чунки вазифаи ман буд. Дар ҳақиқат ҳам ман чи дар вилояти Хатлон ва чи дар Суғд дар он рӯзҳо ширкат доштам. Рӯзҳои вазнин ва рӯзҳои ваҳшатнок буданд. Шукрона, ки ҳозир тинҷиасту мардум озод мегардад.
Озодӣ: Манзурам ин буд, ки он чи ки бо чашм дидед, ҳодисаҳоеро, ки аз сар гузаронидед хоҳед навишт, чун хотираҳои Шумо хеле ҷолиб хоҳад буд?
Бобоҷон Бобохонов: Дар ин шабурӯз ин қадар китобнависе пайдо шудааст, ки намедонӣ ин китобҳо дигар дар куҷо чоп мешаванд ва ба кӣ дахл доранд. Вале ман ҳоло дар ин фикр нестам. Фақат дар фикри фарзандам ҳастам, дар фикри онки ҳақиқат ошкор шавад, ки барои чӣ фарзанди ман ба тӯҳмати як шахсе, ки нону намаки хонаводаи маро хӯрдаву тӯҳмат кардааст, аммо имрӯз онро ҳеҷ кас ба назар намегирад.
Озодӣ: Аммо гуфта мешавад, ки хеле аз айбҳое, ки қаблан ба фарзанди Шумо баста буданд, кам шудааст?
Бобоҷон Бобохонов: Дар рафти тафтишотӣ судӣ қариб 12 ва ё 13 модда исботи худро наёфт. Инҳоро суд қатъ кард. Прокурори айбдоркунанда аз чаҳор, панҷ ҳолати айбдоркунӣ худаш даст кашид. Суд дид, ки бо баъзе аз моддаҳои эълоншуда ҷиноят содир нашудааст, қатъ ва сафед кард.
Озодӣ: Дар давраи роҳбарии шумо дар додситонӣ хеле аз афроди бонуфуз мисли Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ғаффор Мирзоев боздошт ва зиндонӣ шуданд. Гуфта мешавад дар иҷрои ин амалҳо хидмати Шумо калон аст?
Бобоҷон Бобохонов: Аввал ин ки ин хидмати ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ мебошад, бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дуввум ин ки хоҳ Ғаффор Мирзо бошад, хоҳ Муҳаммадрӯзӣ Искандар барои ҷиноятҳои содиркарда дар назди қонун ҷавоб медиҳад, на ин ки бо «заказ»-и ягон роҳбари давлат ва ё барои қасду қасос гирифтан набуд. Ҷиноят содир карда буданд, барои ҳамин дар назди қонун ҷавоб гуфтанд. Лекин рӯзҳои вазнин буд, чи дар вилояти Хатлон ва чи дар вилояти Суғд ва чи дар табаддулотҳое, ки рух дода буданд. Тафтишоти ин табаддулотҳоро ман роҳбарӣ мекардам. Ҳаракат мекардам, ки ашхоси бегуноҳ ба ҷавобгарӣ кашида нашавад вале ҳамон шахсоне, ки даст ба табаддулот зада ва тайёрӣ ба он диданд, онҳо дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Ва ҳаминҳо ҷавоб гуфтанд.
Озодӣ: Дар ҳақиқат Ғаффор Мирзоев нақшаи табаддулотро дошт?
Бобоҷон Бобохонов: Ғаффор Мирзо агар нақшаи табаддулот намедошт, ин қадар яроқу аслиҳаро дар Балҷувону Восеъу шаҳри Душанбеву дигар ҷойҳо пинҳон намекард. Ин кори ошкор аст ва инро суд дид, суд ҳамаи инро ҳаллу фасл кард, далелҳо вуҷуд доранд.
Озодӣ: Бовар доред, ки бегуноҳии писари Шумо собит мешавад?
Бобоҷон Бобохонов: Агарчи ҳозир роҳбарияти Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ барои ошкор кардани ҳақиқат монеа эҷод кунанд, аммо оқибати ин кор ошкор мешавад ва ҳақиқат болои об мебарояд, адолат ғалаба мекунад.
Озодӣ: Ду сол боз бекору нафақахӯр ҳастед, ба чӣ корҳо машғул ҳастед. Рӯзи Шумо чӣ тавр мегузарад?
Бобоҷон Бобохонов: Рӯзи ман аз субҳ то шом дар интизории фарзандам мегузарад, ки кай ҳақ ба ҳақдор мерасад. Кор намекунам, дар хона ҳастам.
Озодӣ: Рӯзномаву маҷаллаҳоро мехонед?
Бобоҷон Бобохонов: Албатта. Рӯзномаву ҳафтаномаҳоро мехонам. Радио гӯш мекунам. Ҳамеша аз ҳаводиси ҷаҳон огоҳ шуда меистам.
Озодӣ: Оё барои Шумо хеле дардовар аст, ки дар вазифаҳои баланд кор мекардед, аммо писари Шумо, ки низ прокурор буд, боздошту ҳабс шуд?
Бобоҷон Бобохонов: Ин масъаларо метавонед, рафта аз Прокурори генералии ҳозира Шерхон Салимзода пурсед. Чӣ сабаб шуд? Мумкин онҳо хубтар донанд, ки ин ҷо ҳарфи қасду қасос аст ё чӣ? Худашон мумкин медонанд. Ҳар кас фарзанди худро дӯст медорад. Мумкин богуноҳ бошад, ҳамеша бегуноҳии ӯро дастгирӣ кунад. Лекин ба ин дараҷа қасосгирӣ ба касе даркор набуд.
Озодӣ: Вақте Прокурори генералӣ будед, писаратонро прокурори ноҳияи Ҳисор таъин кардед. Оё ин иқдоми шахсии Шумо буд ё бо мақомот ҳам маслиҳат карда будед. Зеро гуфта мешавад тибқи қонун ин нодуруст аст?
Бобоҷон Бобохонов: Агар қонунро гирем, онҳоро тағйир ҳам доданд, дигаргуниҳо дароварданд. Коррупсия дар он ҳолат мешавад, ки падару писар, акаву додар, шавҳару зан дар он корҳое кор мекунанд, ки ба ҳам тобеъ ҳастанд ва аз ҷиҳати моливу пулӣ аз ҳамдигар вобастагӣ доранд. Агар ки ман хато карда бошам, имрӯзҳо ин хатоҳо намешаванд? Онҳоро ҳам дидан даркор.