Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, пеш аз музокирот ҳеҷ шартеро намепазирад


Пойгоҳи ҳастаии Арок дар Эрон.
Пойгоҳи ҳастаии Арок дар Эрон.

Теҳрон бо баргузории даври нави музокироти ҳастаӣ дар Истанбул дар таърихи 14-уми апрел, мувофиқат кардааст.

Рӯзи душанбе Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар изҳороти худ гуфт, ки даври аввали музокирот бо гурӯҳи 5+1 рӯзи 14-уми апрел дар Истанбул баргузор мешавад. Дар изҳороти ҷониби Эрон омадааст, агар даври аввали музокирот самарбахш буд, дар он сурат даври дигар дар Бағдод баргузор хоҳад шуд.

Дар ибтидо Эрон розӣ шуд, ки музокирот дар Туркия баргузор шавад, вале баъдтар тасмими худро тағйир дод ва гуфт, ки Туркия аз мухолифони давлати Сурия ҳимоят мекунад ва Димишқ аз ҳампаймонони Теҳрон аст. Ба ин далел Эрон пешниҳод кард, ки ин музокирот дар Бағдод-пойтахти Ироқ баргузор шавад.

Фаридун Аббосӣ-раиси Созмони энержии ҳастаии Эрон
Фаридун Аббосӣ-раиси Созмони энержии ҳастаии Эрон
Чунин ба назар мерасад, ки дар остонаи ин музокирот мақомоти расмии Эрон назари яксон надоранд. Масалан, Фаридун Аббосӣ, раиси Созмони энержии ҳастаии Эрон рӯзи душанбе гуфт, ки мумкин аст Ҷумҳурии исломӣ роҷеъ ба фаъолиятҳои ғанисозии уран ба созишҳои нав розӣ шавад. Ғанисозии уран яке аз шартҳои калидии мубоҳисоти миёни Эрон ва Ғарб ба шумор меравад.

Оқои Аббосӣ гуфт, Теҳрон метавонад ғанисозии уран дар ҳадди 20 дарсадро боздорад ва дар ҳади поинтар ғанисозии уранро идома диҳад ва онро барои тавлиди неру истифода кунад. Ба гуфтаи вай, ин кор замоне сурат хоҳад гирифт, ки Эрон ба андозаи кофӣ урани 20 дарсад ғанишудаи худро захира кунад. Урани 20 дарсад ғанишуда барои фаъолияти реактори таҳқиқотӣ зарур аст. Бино ба гузориши хабаргузории Ассошиейтед Пресс, Аббосӣ ин нуктаро аз тариқи телевизиони давлатии Эрон эълон кардааст.

Аммо рӯзи душанбе Алӣ Акбар Солеҳӣ - вазири корҳои хориҷии Эрон дар остонаи музокироти Туркия ҳар гуна шарту шароитро рад кард. Вай гуфт, гузоштани шарту шароит қабл аз музокирот ба маънои тасмимгирист ва он аслан маъно надорад. Солеҳӣ афзуд, ҳеҷ як аз ҷонибҳо набояд дар остонаи музокирот шарту шароитеро қабул кунад.

Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон
Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон
Дар охири ҳафтаи гузашта рӯзномаи “New York Times” аз қавли мақомоти расмии Амрико ва Аврупо, ки нахостаанд, аз онҳо ном бибаранд, гузориш дод, ки барчидани таҷҳизот дар таъсисоти ҳастаии Фурдо, дар зери кӯҳистонҳои наздикии шаҳри Қум ва қатъи ғанисозии уран, шартҳои аслии музокироти оянда хоҳанд буд. Солеҳӣ гуфт, гузоришҳоро дар ин бора сарфи назар мекунад ва дар музокирот аз мавзеъгирии Эрон дифоъ хоҳад кард.

Эрон иддао мекунад, ки барномаҳои ҳастаиаш сулҳомез аст, вале кишварҳои ғарбӣ Эронро муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки ин кишвар пинҳонӣ барномаҳои эҷоди аслиҳаи ҳастаиро дунбол мекунад.
XS
SM
MD
LG