Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, Куфӣ Аннон, ки шомгоҳи сешанбе пас аз сафар ба Туркия вориди Эрон шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон эълом кард, ки бо Эрон дар мавриди роҳи ҳали сулҳомези бӯҳрони Сурия ба тавофуқ расидааст.
Оқои Аннон афзуд: «Ҳар гуна низомӣ кардани ин муноқиша метавонад фоҷиа бошад. Инҷо минтақае аст, ки шоҳиди бӯҳронҳои зиёде будааст ва дигар қодир нест, бӯҳрони дигареро таҳаммул кунад.»
Вай бо таъкид бар ин, ки бар пояи тарҳи СММ ва Иттиҳодияи Араб оташбас дар Сурия аз соати шаши рӯзи панҷшанбе оғоз мешавад, гуфт: «Давлати Сурия хостаҳои худро дар ин замина эълом кард, ки нерӯҳои мухолифин бояд ҳамлаҳои худро қатъ кунанд ва мо бо онҳо дар тамос будем ва посухи мусбати онҳоро дарёфт кардем. Албатта ба ҳар ҳол бояд тазмине дода шавад, ки ҳам давлат ва ҳам тарафҳои даргир, оташбасро риоят карда ва ба он эҳтиром бигузоранд.»
Дар ин нишасти хабарӣ Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон низ зимни эъломи ҳимояти Теҳрон аз тарҳи Куфӣ Аннон гуфт, то замоне, ки оқои Аннон ба шеваи кунунӣ рафтор кунад, Эрон аз тарҳи вай барои ҳали бӯҳрони Сурия ҳимоят хоҳад кард.
Эрон аз ҳампаймонони Сурия ба шумор меравад ва ҳамчунон ба идомаи ҳузури Башор Асад дар раҳбарии ҳукумати Димишқ исрор меварзад.
Кишварҳои ғарбӣ борҳо Эронро муттаҳам карданд, ки бо фиристодани силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ ба Сурия, ба хушунатҳо дар ин кишвар доман мезанад. Теҳрон ҳамвора ин иттиҳомотро рад кардааст.
Куфӣ Аннон рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон ибрози умедворӣ кард, ки аз 12-уми апрел бо иҷрои оташбаси комил дар Сурия ва ҳамроҳии давлат ва мухолифони ҳукумати Башор Асад бо ин тарҳ, тағйироте дар ин кишвар сурат гирад.
Бар пояи тарҳи сулҳи Куфӣ Аннон, қарор буд оташбас рӯзи сешанбе 10-уми апрел бо хуруҷи нерӯҳои давлатӣ аз шаҳрҳо оғоз шавад ва то рӯзи панҷшанбе низ оташбаси комил дар тамоми манотиқи Сурия барқарор шавад.
Бо ин ҳол гузоришҳои рӯзи сешанбе аз он ҳикоят доранд, ки нооромиҳо дар шаҳрҳои Ҳимо ва Ҳимс ҳамоно идома доштааст.
Қарор аст Куфӣ Аннон рӯзи чаҳоршанбе бо Саид Ҷалилӣ дабири Шӯрои олии амнияти милии Эрон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури ин кишвар низ дидору гуфтугӯ кунад.