Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофи Анон хостори ҳали дипломатии қазияи Сурия шуд


Кофи Анон-Дибири кулли пешини СММ даъват кард, ки муноқишаи Сурия аз роҳҳои дипломатӣ ҳал шавад. Ҳоло Кофи Анон фиристодаи вижаи СММ ва кишварҳои Ҷомеаи Араб барои Сурия аст. Вай рӯзи панҷшанбе зимни суханони худ таъкид кард, ки бояд аз додани аслиҳа ба шӯришиёни араб худдорӣ варзид, зеро бештар мусаллаҳ сохтани онҳо вазъро бадтар хоҳад кард.

Қабл аз ин изҳороти Кофӣ Анон Абдулраҳим Ал Киб-иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Либия изҳороти Русияро дар ин бора, ки гӯё шӯришиёни Сурия дар Либия машқ мегиранд ва сипас бар зидди режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия фиристода мешаванд, рад кард.

Аз сӯи дигар, Абдуҳусамуддин-муовини вазири нафти Сурия аз мақоми худ истеъфо дод ва ба ҷониби шӯришиёни зидди ҳукумати Башор Асад гузашт. Бино ба маълумоти СММ, дар давоми як соли нооромиҳо дар Сурия 7 ним ҳазор нафар кушта шудаанд, ки аксари онҳо ғайринизомиён мебошанд.
XS
SM
MD
LG