Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушакҳои дурпарвоз ва $61 миллиарди Амрико барои Украина


Ҷо Байден, президенти ИМА гуфт, рӯзе, ки қарори тақдими кӯмакҳоро имзо кард, "рӯзи хубе барои Амрико" аст.
Ҷо Байден, президенти ИМА гуфт, рӯзе, ки қарори тақдими кӯмакҳоро имзо кард, "рӯзи хубе барои Амрико" аст.

Вазорати умури хориҷии Амрико тасдиқ кард, ки ин кишвар ба Украина мушакҳои дурпарвозе додааст, ки қодир ба маҳви ҳадаф дар масофаи 300 километр ҳастанд.

Ба гуфтаи вазорат, мушакҳои мазкурро бо дастури президент Ҷо Байден ба Украина додаанд, то дар қаламрави худ истифода барад. Пеш аз ин хабар, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико қарори деринтизор дар бораи кӯмаки низомӣ ба Украинаро имзо кард.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико зимни эълони ин қарор ҳафтаи ҷорӣ гуфт: “Ин рӯзи хубе барои Амрико, барои Аврупо ва сулҳ дар ҷаҳон аст".

Баъди моҳҳо кашмакаш бо вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ, раиси ҷумҳур Ҷо Байден рӯзи чоршанбе қарори кӯмаки тақрибан 100 миллиард долларӣ барои кишварҳои хориҷиро имзо кард.

Аз ин ҳисоб 61 миллиард доллар барои кӯмак ба Украина харҷ мешавад, ки ду сол боз бо Русия меҷангад.

Ҷо Байден таъкид кард, ки “Амрико дар бари дӯстонаш меистад. Ҳамроҳ дар муқобили диктаторҳо меистем. Мо ба касе таъзим намекунем, бахусус ба Владимир Путин.”

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки аз Байден ва Конгресс сипосгузор аст. Байден гуфт, аллакай қарор дар бораи ирсоли аслиҳа бо арзиши 1 миллиард долларро имзо кардааст ва интиқоли онҳо аз чоршанбе оғоз шуд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, ин таҷҳизот барои дифои ҳавоӣ, аслиҳа, артиллерия, системаҳои мушакӣ ва зиреҳпӯшҳо хоҳанд буд.

Амрико интиқоли аслиҳаи нав ба Украинаро оғоз кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Вакилони Ҳизби демократ ним сол боз аз ҷумҳурихоҳон мехостанд, ба тарафдории қарор раъй диҳанд. Доналд Трамп, рақиби Байден дар интихоботи соли 2024 зидди кӯмак ба Украина аст ва баъзе ҷумҳурихоҳон дар Конгресс ҳам мухолиф буданд, чун шубҳа доранд, ки Украина пирӯз мешавад. Аммо бо ҳимояти Майк Ҷонсон, раиси Маҷлиси намояндагон, ки ӯ ҳам ҷумҳурихоҳ аст, қарори кӯмак рӯзи шанбе тасвиб шуд ва рӯзи сешанбе дар Сенат ҳам гузашт.

Байден аз Исроил кафолат хост

Бар асоси қарор, 26 миллиард доллар барои Исроил ва 1 миллиард доллар барои кӯмаки башарӣ дар Ғазза харҷ мешавад.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико аз Исроил тақозо намуд, ки кӯмакҳо бе ягон таъхир ба фаластиниҳо дар Ғазза фароҳам шаванд." Ҳадафи ниҳоии ҳар коре ки мо мекунем, бозгардонидани гаравгонон ба хона, созиши оташбас ва фароҳам кардани шароит барои сулҳи пойдор аст", гуфт Байден.

Ҳашт миллиард доллари дигар барои Тайван ва дигар ҳампаймонҳои Амрико дар наздикии Чин харҷ мешавад, то ба қудрати низомии он муқобила карда тавонанд.

Байден ҳамчунин қарори алоҳидаеро имзо кард, ки ба кӯмак вобаста аст ва истифодаи шабакаи ТикТок-ро дар Амрико манъ мекунад, магар ин ки молики он БайтДанс то 9 моҳ ва ё як соли дигар ТикТокро ба ягон ширкати амрикоӣ бифӯрушад. Мудири ТикТок рӯзи чоршанбе гуфт, бовар дорад, ки додгоҳ ин қарорро беэътибор мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG