Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари Шумо: Пойгоҳи Русия 49 соли дигар бимонад?


Назари сокинон дар мавриди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон яксон нест.

Агар иддае хостори боқӣ мондани бе қайду шарти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бошанд, бархеи дигар пешниҳод доранд, ки он бар ивази маблағ ва барои мӯҳлати кӯтоҳ ба иҷора дода шавад. Вагарна ба гуфтаи ин гурӯҳи сокинон "як хӯрандаи зиёдатӣ чӣ даркор?"

Пойгоҳи 201-уми Русия бо зери 7 ҳазор сарбоз бузургтарин пойгоҳи хориҷии артиши Русия буда, қарордоди кунуниаш дар соли 2014 ба поён мерасад. Бино ба хабарҳо, Душанбе барои ин пойгоҳ аз Русия беш аз 300 миллион доллар пули иҷора хостааст, вале Маскав мехоҳад, замони ҳузури низомиёнаш 49 соли дигар тамдид шуда, истифодаи қаламрави Тоҷикистон барояш ҳамчунон маҷҷонӣ боқӣ бимонад.

Пойгоҳи низомии Русия аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Баъд аз эъломи истиқлолият музокироте бо мақомоти рус дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон гузаштани ин пойгоҳ матраҳ буд, аммо бо мухолифати Узбакистон ва ба дунболи он ҷанги дохилӣ баҳси ин пойгоҳ ба итмом расид ва дар ихтиёри Русия монд.

Ҳукумати ҷадиди Тоҷикистон дар соли 1992 низ дигарбора ба ин баҳс барнагашт ва солҳои 90 ҳузури ин пойгоҳро то соли 2014 тамдид кард.

Ибтидои моҳи равон пас аз мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия эълон дошт, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия то 49 соли дигар дар Тоҷикистон хоҳад монд. Аммо иддае аз қишрҳои рӯшанфикри Тоҷикистон ин изҳороти раисиҷумҳури Русияро таҳқири мардуми Тоҷикистон хонданд ва тақозо карданд, ки ин мӯҳлат то 7 сол кӯтоҳ карда шавад.

Дар навори зер назари сокинони шаҳри Душанберо бубинед ва баъдан фикри худро ҳам бинависед, ки то куҷо ҷонибдор ё мухолифи то 49 соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳастед ва бо кадом шароите.

Пойгоҳи низомии Русия 49 соли дигар монад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG