Дар фосилаи рӯзҳои башумор аз интихоботи президентии Русия, мақомоти Душанбе бар аҳамияти ҳамкории стратегӣ бо Маскав ва амнияти милли Тоҷикистон таъкид мекунанд. Изҳороти ҳамранг бо таъкиди аҳамияти Русия аз тарафи ду ниҳоди муҳим, вазорати умури хориҷӣ ва порлумони кишвар садо доданд. Ин нармиш назарҳоеро ба миён овард, ки бо интихоби дубораи Путин ба мақоми раисҷумҳури Русия эҳтимол дорад ҳарду кишвар дубора вориди “моҳи асал” шаванд.
Дар як сӯҳбат аз Амирқул Азимов, раиси Кумитаи амният ва дифои Маҷлиси намояндагон ва дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон пурсидам, чунин изҳори назарҳо ба чӣ маъност?
Амирқул Азимов: "Муносибати давлати Тоҷикистон бо Русия хуб буд, хуб боқӣ хоҳад монд. Новобаста ба шахсони алоҳида. Мешаванд ҳолатҳое, ки як шахс метавонад фикри мардумро ба роҳи ғалат бикашад, аммо ин муваққатист ва ин хатост. Ин ба сари мардум ба ғайр аз ҷанҷол, низоъ ва бадбахтӣ чизе дигар намеоварад. Дар марҳалаи имрӯза он чизе ки дар дунё ба вуқӯъ омада истодааст, албатта чашми ҳамаро бояд кушояд, ки мо дар танҳоӣ зиндагӣ кардан наметавонем. На Русия, на Тоҷикистон ва на мамлакатҳои дигар. Барои амният, барои таъмин намудани амнияти мардумамон ба ин ё он давлат иттифоқ бандем ва иттифоқчӣ бошем. Он гуфтугӯҳое, ки нисбати ба сари қудрат омадани ҷаноби Путин дар воситаҳои ахбор паҳн мешавад, сабаби ин нооромии ҷаҳон аст."
Радиои Озодӣ: Ҷаноби генерал, ҳоло Шумо дар бораи таҳаввулоти сиёсии дунё сӯҳбат ва ба зарурати иттифоқчӣ таъкид кардед. Аммо дар байни бисёр давлатҳо шарокату дӯстӣ бо роҳи худ асту муомилоту доду гирифт бо роҳи худ. Оё ин тавр ҳам шуданаш мумкин аст, ки шарики Тоҷикистон ҳузури худро дар хоки ин кишвар боз ҳам ба таври ройгон ба роҳ монад?
Амирқул Азимов: "Бояд бигӯям, ки гурӯҳҳои корӣ аз ҳарду ҷониб дар бораи ҳалли ин масъала талош карда истодаанд. Аммо пешгӯӣ кардан дар бораи ин масъала хатост. Дар ин ҷо бояд як нуктаро дар назар дошт. Пеш аз ҳама ҳар як давлат манфиатҳои миллии худро дорад. Манфиати миллӣ ин қабл аз ҳама таъмини амнияти давлатӣ ва таъмини амнияти ҷомеа аст. Бе таъмини амният ягон лоиҳаи давлатӣ амалӣ шуда наметавонад. Бинобар ин ҳам нуқтаи асосӣ дар ин гуфтугӯи байни ду роҳбар ва ду гурӯҳи корӣ масъалаи таъмини амният дар дараҷи аввал меистад. Хуб, дар ин ҷо имкон дорад баъзе шарту шароит матраҳ шавад, ки ин дар тамоми гуфтугӯҳо чунин шартгузориҳо вуҷуд дошта метавонанд. Лекин масъалаи асосӣ бояд, ки таъмини амният бошад."
Радиои Озодӣ: Маҷлиси намояндагон созишномаи ҳамкории марзбонони ду кишвари Тоҷикистон ва Русияро ба тасвиб расонд. Бар пояи он барои марзбонони Русия, ки дар Тоҷикистон ифои вазифа хоҳанд кард як қатор имтиёзҳо дода шудааст. Аз ҷумла онҳо аз пардохтҳои гумрукӣ ва молиёт озоданд ва ҳамчунин аз ҷавобгарии ҳуқуқӣ низ...
Aмирқул Азимов: "Як чизро бояд дар назар дошт, ки аз ҷазои ҷиноятӣ ягон кас дар ягон мамлакат, дар ҳолати содир кардани ҷиноят, озод буда наметавонад. Ин ҷо маъно чӣ аст. Дар ҳолати аз тарафи марзбонони Русия содир шудани ин ё он қонуншиканӣ ва ё ҷиноят дар мамлакати мо, онҳо ҷавобгар мешаванд. Лекин таҳқиқу тафтиш аз тарафи ниҳодҳои худи Русия амалӣ мешавад. Ин маънои онро надорад, ки онҳо аз ҷазо озод мешаванд. Дигар дар бораи озод шудани онҳо аз пардохтҳои гумрукӣ. Ҳар он чизе ки барои таъмини иҷроиши вазифаҳое, ки дар назди онҳо гузошта шудаасту ворид карда мешавад, аз пардохти гумрукӣ озод аст. Аммо он чизе ки онҳо ба хотири харидуфурӯш ё дигар масъалаҳо ба ин ҷо ворид мекунанд, масалан ин ё он маводе, ки ба вазифаи асосии онҳо ягон вобастагӣ надорад, онҳо албатта, боҷи гумрукиро месупоранд.
Радиои Озодӣ: Дар соли 2013 дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ сурат мегирад ва баъзеҳо ақида доранд, ки сарнавишти минбаъдаи пойгоҳи низомии Руси ба ҳамин маърака алоқамандӣ дорад. Ин ақида то куҷо дуруст аст?
Амирқул Азимов: "Мо, дар минтақае қарор дорем, ки дар он манфиатҳои дигар мамлакатҳо ба ҳам хӯрдааст ва онҳо мехоҳанд, ки ин манфиатҳояшон амалӣ шавад. Ман дар назар дорам нооромии Афғонистони ҳамсояро. Аз ин рӯ таъмин кардани амнияти давлат, ба фикрам масъалаи аввалиндараҷа аст. Пас аз ин дигар масъалаҳо. Дар соли 2013 дар назди тамоми мардуми Тоҷикистон як масъалаи бисёр ҳам муҳим -- интихоботи президентии мамлакат истодааст. Барои гузаронидани ин маърака мардуми Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд мекунад, ки дар Тоҷикистон оромӣ ҳукмфармо бошад. Манфиатҷӯёне ҳастанд, ки мехоҳанд, ин маърака ба манфиатҳои баъзе гурӯҳҳо ё баъзе шахсҳо ё баъзе давлатҳо ҳал шавад. Ба хотири оромии ҷомеа, ба хотири ягонагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу суботе, ки имрӯз Тоҷикистон соҳиб шудааст ва онро бояд таъмин кунад, албатта, масъалаҳои таъмин кардани амнияти ин маъракаҳо дар мадди авал меистад ва давлати Тоҷикистон хоҳони он аст, ки тавонад маъракаи дар пеши рӯ истода ба оромӣ оғоз ва ба оромӣ бигзарад. Инро бояд дарк кард, ки истиқлолият бе таъмини амният вуҷуд дошта наметавонад."