Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзанди яке аз генералҳои тоҷик ба даст афтод


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Қубодиёни Хатлон ду шаҳрванд бо бештар аз 100 кило маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Манобеи наздик ба мақомоти интизомии Хатлон мегӯянд, яке аз афроди боздоштшуда фарзанди генерали баландпояи тоҷик аст, ки дар яке аз вазоратҳои қудратии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад.

Аммо мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ, Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аз ифшои номи афроди боздоштшуда худдорӣ мекунанд.

Полковник Раҳматулло Нӯъмонов, муовини сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон гуфт, ахиран ин афрод дар Қубодиён, ноҳияе дар марзи Афғонистону Узбакистон, боздошт шудаанд. Вале ӯ гуфт, "маълумоти дақиқро дар бораи ин ки онҳо кӣ ҳастанд, мо дода наметавонем. Ин сирри тафтишот аст. Танҳо бо пуррагӣ гуфта метавонем, ки ду узви ин гурӯҳ боздошт шуда, як нафари дигараш ғайб задааст. Нисбат ба ӯ парвандаи кофтукобӣ оғоз карда шудааст ва бояд ба зудӣ дастгир шавад."

Раҳматулло Нӯъмонов
Раҳматулло Нӯъмонов
​Ҷаноби Нӯъмонов афзуд, афроди дастгиршуда ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон буда, ҳоло ҳадафи қочоқи чунин ҳаҷми бузурги маводи мухаддир ва нуқтаҳое, ки он бояд интиқол меёфт, аз сӯи муфаттишони Кумитаи амнияти миллӣ таҳқиқ мешавад. Аммо муовини сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон гуфт, ҳоло наметавонад ин хабарро ҳам, ки боздоштшудаҳо аз афроди наздики мансабдорони баландпояи Тоҷикистон ҳастанд, тасдиқ ё рад кунад.

Саидшо Оймаҳмадов, мудири шӯъбаи экспертизаи судии раёсати Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Хатлон, низ гуфт, ҳама иттилоъро оид ба парвандаи мазкур рӯи даст дорад, ба ҷуз исми афроди боздоштшуда.

Ин нахустин мавриди кашфу мусодираи ҳаҷми бузурги маводи мухаддир дар вилояти Хатлон дар соли ҷорӣ набудааст. Чанде пеш кормандони Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон шабакаи фаромарзии машғул ба қочоқи маводи мухаддирро боздошт карданд, ки Фаридун Умаров, муовини сардори шӯъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ноҳияи Фархор ва бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ, узви шабакаи мазкур будааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ба истилоҳ, ҷасорати баланди Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон дар боздошти ин гурӯҳи созмонёфта пас аз интиқоди батакрори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз кори номуассири мақомоти қудратии кишвар зоҳир шудааст. Президент дар гузашта борҳо ба даст доштани бархе аз маъмурони интизомӣ, амниятӣ ва марзбонӣ дар қочоқи маводи мухаддир таъкид карда, зарурати ҳатмии поксозии сафи ин нерӯҳоро тақозо намуда буд.

Боздошти наздикони афроди мақомдор бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир пас аз маҷлиси солонаи ҳукуматӣ иттифоқ меуфтад...
Боздошти наздикони афроди мақомдор бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир пас аз маҷлиси солонаи ҳукуматӣ иттифоқ меуфтад...
Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи чанд моҳи ахир дар вилояти Хатлон фаъолияти 5 гурӯҳи созмонёфтаи қочоқбар ошкор гардида, нисбат ба 17 узви ин гурӯҳҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Ба иддаои мақомоти Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Хатлон, ҳоло дар қаламрави шаҳру навоҳии ҷанубии Тоҷикистон 39 гурӯҳи муташаккили қочоқбар фаъолият дошта, ба хотири хунсо кардани ин гурӯҳҳо тадбир андешида мешавад.

Толиб Маҳмудов, мудири шӯъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии агентии мазкур, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар миёни ин 39 гурӯҳи созмонёфта, шабакаҳои фаромарзӣ низ вуҷуд доштаанд, ки бо гурӯҳҳои қочоқбари Афғонистону Қирғизистон иртиботи доимӣ доштаанд.”

Вай афзуд, тайи як соли гузашта дар вилояти Хатлон беш аз 1850 кило маводи гуногуни нашъадор кашфу мусодира шудааст, ки дар қиёс бо соли 2010-ум 23 дарсад бештар будааст. Ин аст, ки дар як соли охир алайҳи қочоқбарон аз сӯи мақомоти интизомии вилояти Хатлон 203 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG