Бодканд дар Қирғизистон аст, аммо бо вилояти Суғди Тоҷикистон тақрибан 170 километр марзи муштарак дошта, қаламрави ду вилоят дар чандин мавзеъ заминҳои порчадармиён дорад.
Биноан, хабари баррасии қонуни танзими
қиморбозӣ дар порлумони Қирғизистон ва бар пояи он ба як минтақаи алоҳида ва махсуси қиморхонаҳо табдил ёфтанди вилояти Бодканд сокинону мақомоти вилояти Суғдро нигарон кардааст.
Наим Муртазоев, раҳбари ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин иқдоми порлумони қирғизро барои вилояти Суғд номатлуб номид ва гуфт: «Ин албатта, барои ҷониби мо зараровар хоҳад буд. Аммо ҳанӯз маълум нест, онҳо казиноҳои худро дар куҷо ҷойгир карданӣ ҳастанд ва ба чӣ хотир. Чун аҳолии вилояти Бодканд чандон зиёд нест. Мо бо ҳамкасбони бодкандии худ ҳамкории хуб дорем ва дар ин бора сӯҳбат хоҳем кард. Ва зарур шавад, фикру дархости худро дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҷониби қирғизҳо пешниҳод хоҳем кард.»
Нигарониҳо дар Суғд бесабаб нест. Баҳори соли равон дар дар казинои "Шангри Ла", воқеъ дар ноҳияи Лайлаки ҳаммарз бо
ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон як ҷавони тоҷик, Умед Низомовро нерӯҳои интизомии Қирғизистон зимни як амалиёти "ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир" бо зарби тир ба ҳалокат расонданд. Ба гуфтаи полковник Муртазоев, бо тақозои онҳо ҷониби Қирғизистон дар пайи таҳқиқи куштори ҷавони тоҷик фаъолияти казиноро мутаваққиф кард.
Зимнан, дар ин қисмат марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистонро танҳо роҳи мошингард аз ҳам ҷудо мекунад. Тарафи ин роҳ дар 25-километрии Хуҷанд дар ҳоли ҳозир низ як минтақаи хоси қиморбозист ва дар он 6 қиморхона, аз ҷумла «Шангрӣ Ла» ва «Колизей» ва чанд қиморбозиҳои автоматикӣ ҷой гирифтааст. Ба гуфтаи сокинон, дар бархе аз онҳо дар як шом
чандин ҳазор доллари амрикоӣ бурида ё бохта мешавад. Ва казиноҳои Бодканд ба яке аз ҷойҳои писандидаи қиморбозҳои тоҷик табдил ёфтааст.
Коршиноси тоҷик Неъматуллоҳи Мирсаид мегӯяд, шояд мақомоти қирғиз бо назардошти дурии вилояти Бодканд аз маркази Қирғизистон ва дар марзи се кишвар -- Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ҷойгир шудани он мехоҳанд, ин бахш аз кишвари худро ба минтақаи қиморбозӣ табдил диҳанд. Аммо ҳамин омилҳо ба навбати худ сабаби афзоиши ҷинояткорӣ дар ин мавзеъ хоҳад шуд.
Вай меафзояд: «Пеш аз ҳама, ба қиморхонаҳо касоне, ки пули бисёр доранд, пули аз роҳи ғайриқонунӣ ба дастоварда доранд, барои бозӣ ҷамъ меоянд. Ва чун сарҳад боз аст, унсурҳои ҷинояткор аз қиморхонаҳо ба Тоҷикистон мегузаранд ва муҳитро носолим мекунанд.»
Аммо бархи дигар аз коршиносон гузаргоҳи қочоқии маводи мухаддир будани ин минтақаро мояи аслии нигаронӣ меноманд ва ҳадс мезананд, ки ин қиморхонаҳо ба муассисаҳои шустушӯи пуле табдил хоҳанд ёфт, ки аз кочоқи ҳероин ва дигар роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадаанд. Наимҷони Самеъзод, яке аз рӯҳониёни шимоли Тоҷикистон эҳтимоли ба минтақаи қиморбозӣ табдил ёфтани вилояти Бодкандро барои суғдиён аз ду нигоҳ -- ахлоқӣ ва иқтисодӣ манфӣ медонад: «Худованд дар қатори шароб қиморро ҳам ҳаром ва манъ кардааст. Дигар ин ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ҷо пулҳои худро бой медиҳанд. Ва ба касофати он оилаҳо хонавайрон мешаванд.»
Сокини ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон,
Абдуқайюм Юсуфов аз таъсири эҳтимолии боз шудани казиноҳои зиёд ба зиндагии худу аҳли оилааш нороҳат аст. Ба назари ӯ, дар қиморхонаҳо одатан афроди ҷинояткор ҷамъ мешаванд ва ҳам одамоне, ки меъёрҳои неки ахлоқӣ надоранд. Чунин афрод аз кишварҳои дигар низ меоянд. Вай ҳадс мезанад, ки барои намуна, як одаме, ки "аз ягон кишвари дигар омадааст, пулҳояшро бой медиҳад, маҷбур мешад барои такрори бозӣ ё раҳкирои худ ба маконаш ягон одама дуздида мефурӯшад.»
Аммо на ҳама ба эҳтимоли пайдо шудани як "Лас Вегас"-и минтақаӣ дар Бодканд назари манфӣ доранд. Чунончӣ, Маҳмуд Бобохонов, сокини деҳаи Аркаи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз он ки дар наздикии маҳалли зисташ минтақаи қиморбозӣ таъсис мешавад, нороҳат нест, балки умедвор аст, ки ба ин васила минтақа ободтар хоҳад шуд. Вай ба он ҳам ишора мекунад, ки ташкили чунин ҳавзаи фароқату истироҳат сабаби афзоиши шумораи посгоҳҳои марзӣ низ хоҳад шуд, ки дар навбати худ, ба гуфтаи Бобохонов, ришвахории бозрасони роҳро камтар ва ҳаракати сокинони ҳар ду ҷонибро дар роҳҳои муштарак осонтару озодтар хоҳад кард.
Биноан, хабари баррасии қонуни танзими
Пеш аз ҳама, ба қиморхонаҳо касоне, ки пули бисёр доранд, пули аз роҳи ғайриқонунӣ ба дастоварда доранд, барои бозӣ ҷамъ меоянд...
қиморбозӣ дар порлумони Қирғизистон ва бар пояи он ба як минтақаи алоҳида ва махсуси қиморхонаҳо табдил ёфтанди вилояти Бодканд сокинону мақомоти вилояти Суғдро нигарон кардааст.
Наим Муртазоев, раҳбари ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин иқдоми порлумони қирғизро барои вилояти Суғд номатлуб номид ва гуфт: «Ин албатта, барои ҷониби мо зараровар хоҳад буд. Аммо ҳанӯз маълум нест, онҳо казиноҳои худро дар куҷо ҷойгир карданӣ ҳастанд ва ба чӣ хотир. Чун аҳолии вилояти Бодканд чандон зиёд нест. Мо бо ҳамкасбони бодкандии худ ҳамкории хуб дорем ва дар ин бора сӯҳбат хоҳем кард. Ва зарур шавад, фикру дархости худро дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҷониби қирғизҳо пешниҳод хоҳем кард.»
Нигарониҳо дар Суғд бесабаб нест. Баҳори соли равон дар дар казинои "Шангри Ла", воқеъ дар ноҳияи Лайлаки ҳаммарз бо
ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон як ҷавони тоҷик, Умед Низомовро нерӯҳои интизомии Қирғизистон зимни як амалиёти "ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир" бо зарби тир ба ҳалокат расонданд. Ба гуфтаи полковник Муртазоев, бо тақозои онҳо ҷониби Қирғизистон дар пайи таҳқиқи куштори ҷавони тоҷик фаъолияти казиноро мутаваққиф кард.
Зимнан, дар ин қисмат марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистонро танҳо роҳи мошингард аз ҳам ҷудо мекунад. Тарафи ин роҳ дар 25-километрии Хуҷанд дар ҳоли ҳозир низ як минтақаи хоси қиморбозист ва дар он 6 қиморхона, аз ҷумла «Шангрӣ Ла» ва «Колизей» ва чанд қиморбозиҳои автоматикӣ ҷой гирифтааст. Ба гуфтаи сокинон, дар бархе аз онҳо дар як шом
Худованд дар қатори шароб қиморро ҳам ҳаром ва манъ кардааст. Дигар ин ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ҷо пулҳои худро бой медиҳанд...