Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қазоқистон. Навбати мубориза бо мухаддирот


Тоҷикистон ва Қазоқистон дар амри мубориза бо маводи мухаддир паймони ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ин созишнома имрӯз дар Душанбе аз сӯи Рустам Назаров, раиси Оҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон ва Анатолий Виборов, раиси Кумитаи мубориза бо маводи мухаддири Вазорати умури дохилии Қазоқистон ба имзо расид.

Ҳамкории дуҷониба дар заминаи пешгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, баргузории амалиёти муштарак дар ҷиҳати ошкор кардани гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ва табодули иттилоот, аз нукоти аслии ин созишнома унвон мешавад.

Дар моҳи майи солӣ ҷорӣ ниҳодҳои назорат ба маводи мухаддири Тоҷикистон ва Қирғизистон низ созишномаҳои ҳамсонро ба имзо расонида буданд, то ба кунун натиҷаҳои мусбат дар пай доштааст.

Аз ҷумла дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои зирабти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз интиқоли 6 кило маводи мухаддири афғонӣ ба Қирғизистон ҷилавгирӣ шуд. Дар натиҷаи ин амалиёт як сокини Душанбе ва як бошандаи ноҳияи Мастчоҳ бо панҷ кило ҳашиш ва як кило ҳероин дастгир шуданд.

Бино ба иттилои Оҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон, аз оғози сол то кунун дар қаламрави кишвар ҳудуди 3 тонна маводи мусодира шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 31,5 дарсад бештар будааст.
XS
SM
MD
LG