Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти "Пантера", бародари муовини раиси КДАМ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раиси Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, Фаридун Умаров дар ҳамлу нақли маводи мухаддир муттаҳам мешавад.

Боздошти Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасод намунаи дигари даст доштани намояндагони мақомоти давлатӣ дар қочоқи маводи мухаддир ва фасод номид.

Фаттоҳ Саидов гуфт, кормандони Оҷонсӣ шабакаи фаромарзии машғул ба қочоқи маводи мухаддирро боздошт карданд, ки Фаридун Умаров, маъруф бо лақаби "Пантера", аз ҷумлаи онҳо будааст. Ба қавли ҷаноби Саидов, Фаридун Умаров -- муовини сардори мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ноҳияи Фархор ва бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ дар ҳоли ҳозир дар боздошт аст.

Бародари Фаридун Умаров -- Мансур Умаров солҳои зиёде раҳбарии ҳайати муҳофизони президент Эмомалӣ Раҳмонро бар ӯҳда доштааст.

ДИГАРОН ҶУРЪАТ НАКАРДАНД?

Ба қавли Фаттоҳ Саидов, ниҳодҳои қудратии масъул шояд ҷуръат накарданд, ки ин гурӯҳи созмонёфтаро боздошт кунанд, аммо кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод даст ба чунин иқдом задаанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:37 0:00
Линки мустақим


Фаттоҳ Саидов
Фаттоҳ Саидов
"Намедонам, ки ғайрату ҷуръати сохторҳои қудратӣ басандагӣ намекард барои боздошт ё чизи дигар. Вақте мо санҷидем, ки дар ин ҷо намояндагони мақомоти қудратӣ даст доранд ва ин ҷо нишонаҳои коррупсионӣ ба мушоҳида мерасид, амал кардем. Ҳоло бубинед, ки агар сарпаноҳ надошта бошад, метавонад ба қочоқи маводи мухаддир даст занад? Ҷазои он ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум шудан аст",-илова кард ӯ.

ДАР ҶУСТУҶӮИ "РУСТАМИ ҲАМЕР"

Ҳоло ду нафар аз аъзои ин гурӯҳ аз ҷумла Рустам Ҳайитов бо лақаби "ҳамер" дар пайгарди ҷиноӣ қарор доштаанд.

Дар зимн, кормандони ҳамин Оҷонсӣ як моҳ пеш як гурӯҳи ҷиноии фаромарзии ҳафтнафараро низ боздошт карданд, ки сарварии ин гурӯҳро майор Зафар Мирзоев --сардори шӯъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати умури дохила бар ӯҳда доштааст. Тавре ба назар мерасад, аксари аъзои ин гурӯҳҳо афроде ҳастанд, ки дар мақомоти қудратии кишвар дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир фаъолият доранд ва ё бо мансабдорони баландпояи ин мақомоти қудратӣ робита доштаанд.

Абдуқодир Қосимов, полковники мустаъфии умури дохила мегӯяд, ин шароит баъди солҳои нооромӣ пеш омад ва бо истифода аз нуфузи масъулиятҳо дар мақомоти қудратӣ чунин гурӯҳҳои созмонёфта фаъолтар шудаанд. Ба қавли ӯ, ин афрод ҳатто дар баъзе ҳолатҳо аз номи президент ҳам сӯистифода намуда, кӯшиш мекунанд ҳадафи худро пиёда намоянд.

"НИҲОДҲОИ ДАВЛАТӢ ҲИМОЯТ МЕКУНАНД"

Комёб Ҷалилов
Комёб Ҷалилов
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар гузашта борҳо даст доштани бархе аз маъмурони интизомӣ, амниятӣ ва марзбонӣ дар қочоқи маводи мухаддирро таъкид карда ва зарурати ҳатмии поксозии сафи ин нерӯҳоро тақозо намуда буд.

Коршиноси масоили амниятии Маркази таҳқиқоти стратегӣ Комёб Ҷалилов ба ин бовар аст, ки шабакаҳои "наркобарон" дар Тоҷикистон бо мақомдорони ниҳодҳои қудратии ин кишвар дар иртибот ҳастанд: "Ниҳодҳои давлатӣ гурӯҳҳои қочоқбарро пӯшиш медиҳанд ва ҳимоят мекунанд. Наркомафияи Тоҷикистон маҳдуд ба Тоҷикистон нест, ин бо наркомафияи ҷаҳонӣ робита дорад."

Таҳлилгарон пешинҳод мекунанд, ки давлати Тоҷикистон бояд ислоҳоти ҷиддии саросарии мақомоти қудратиро роҳандозӣ кунад. Зеро тайи ин чанд соли ахир баъзе аз афроди масъул дар ин ниҳодҳо барои қочоқи маводи мухаддир ҷойгоҳи қавие дуруст кардаанд.
XS
SM
MD
LG