Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба таҳаввулоти муҳими соли 2010-и кишвар


Интихоботи парлумонии оғози сол, ки таҳти сояи маъракаи пурсарусадои ҷалби сармояи мардум барои нерӯгоҳи Роғун ҷараён гирифт, шояд муҳимтарин таҳаввул дар фазои сиёсии кишвар дар соли 2010-ум ҳисобида мешуд, агар ҳодисаи беназири фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи КАМ дар моҳи август ва дар пайи он нооромиҳои Рашт рух намедод.

Ин ҳодиса Тоҷикистонро дубора дар сархати ахбори олам қарор дод.

Интихоботи пурсару садо

Ба сурати умум, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар моҳи феврали соли равон аз интихоботҳои пешина тафовут надошт. Ҳизби ҳоким пирӯзии мутлақ ба даст овард, аҳзоби мухолифе чун сотсиал-демократҳо як нафарро ҳам вориди парлумон натавонист бикунад ва Ҳизби наҳзати исломӣ ва коммунисти Тоҷикистон бо онки ду нафарӣ намояндаи худро дар шумори вакилон ҷо доданд ин маъракаро ҳамроҳ бо тақаллуб ва ғайришаффоф хонданд.

Вале ин бор дар ҳайати парлумон дутоӣ номзад аз аҳзоби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, мақом ёфтанд ва раиси парлумон низ нафари нав Шукурҷон Зуҳуров-вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон интихоб шуд.

"Фирори аср" ва изи пойи русӣ

Вале чуноне пештар зикр ёфт фирори маҳбусин аз зиндони зери назорати шадиди Кумитаи амнияти миллӣ ба ҳодисае мубаддал шуд, ки боз ҳам ҷомеаи ҷаҳониро ба самти Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ кард. Масъулини амниятии кишвар изҳор доштанд, ки дар ин ҳодиса нақши доираҳои хориҷӣ эҳсос мешавад ва таркиби ин гурӯҳи фирорӣ ҳам то андозае бар ин гуфтаҳо ишора мекард. Зеро дар ин фирор дар баробари тоҷикони маҳбус шаҳрвандони Афғонистон, Ӯзбакистон ва Русия низ шомил буданд.

Дар пайи ин ҳодисаи бесобиқа, иттифоқоти дигари ваҳшатноке ба мисли куштори 25 афсару сарбози вазорати дифоъ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, суқути чархболи низомӣ ва кушта шудани 28 тан аз ходимони гурӯҳи махсуси «Алфа»»-и Кумитаи амнияти миллӣ, аз сӯи гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи ғайриқонунии зери итоати Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини пешини тоҷик ва дар пай эъзоми шумори зиёди нерӯҳои давлатӣ дар манотиқи шарқи Тоҷикистон суботи кишвар таҳти суол қарор дод.

Ҳалқаҳои як занҷир

Бахусус баъди он, ки дар пайи ин ҳаводис дар аввали моҳи сентябр чанд тани маргталаб бо анҷоми як ҳамлаи интиҳорӣ бинои шӯъбаи дохилии шаҳри Хуҷандро мавриди ҳадаф қарор дода ва чанд тане ҳам аз ходимони милиса кушта шуданд, бештари коршиносон ва таҳлилгарон ҳалқаҳои як занҷир будани ин ҳодисаҳоро бештар таъкид ва ошкоро бар изи русӣ доштани ин ҳаводис ишорат мекарданд.

Зеро дар ду-се соли ахир равобити Тоҷикистон бо Русия ба сардӣ гароида бештари хоста ва таваққуоти ин кишвар аз сӯи роҳбарияти Тоҷикистон бароварда нашуд ва Русия, ки нақши худ дар кишварро аз даст медод даст ба чораҳои ғайриоддӣ зад то Тоҷикистонро дубора дар доираи манофеи худ дароварад.

Роҳи пулакӣ ва сукути зудҳангоми Кумитаи оҷонси зиддиинҳисорӣ

Вале дар ин миён ҳодисаи дигаре, ки дар саросари қаламрави шӯравии пешин назир надошт, имсол дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Давлати Тоҷикистон бо як ширкати хориҷии мавсум ба IRS қарордодеро ба имзо расонид, ки бар асоси он роҳи Душанбе-Хуҷанд пулакӣ шуд ва сар аз апрели соли равон ин ширкат дар бархе аз қитъаҳои ин роҳ тарозу ва ё плазаҳои пулчиниро насб ва ба ҷамъоварии маблағ оғоз кард.

Дар оғоз раиси Кумитаи оҷонси зиддиинҳисорӣ талош кард ҷилави ин амалро бигирад ва дар баёниҳои матбуотӣ фаъолияти ширкати пулчиниро ғайриқонунӣ эълон кард, аммо сипас сукут ихтиёр кард. Ҳарчанд ин иқдом ба эътироз ва вокунишҳои шадид ва ҳатто ба тазоҳуроти эътирозӣ боис шуд, вале дар ниҳояти амр ходимони милиса сокинони норозии деҳаи Ҳушёрӣ дар имтидоди ин роҳро хомӯш карданд.

Тоҷикистон ором набуд...

Ҳодисаҳои ахири шарқи кишвар ва бахусус баъди задухӯрди кормандони умури дохилӣ бо бархе аз фирориён дар маҳаллҳои мухталифи ҷануби Тоҷикистон ва низ ҳамин тавр задухӯрди милисаҳо дар ноҳияи Исфара бо чанде аз муттаҳамин дар ҳамкорӣ ва узвият дар ҲИӮ аз ҷумла кушта шудани Мухтасархон Амонова-хонуми Расул Охунов- аз масъулони асосии ин ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон, ки чанд соли пеш дар як даргирӣ кушта шуд боз ҳам бар ин нукта ишора мекард, ки гурӯҳҳои манфиатдор барои нооромии амният дар Тоҷикистон қарору ором надоранд.

Роҳбарияти сиёсии кишвар дертар бо Мирзохӯҷа Аҳмадов-аз фармондеҳони пешини мухолифин, ки мақомоти интизомӣ ӯро дар ҳамдастӣ бо Мулло Абдулло дар ҳамла ба корвони вазорати дифоъ дар шарқи кишвар шарик меҳисобиданд, вориди гуфтугӯ шуда ва бо ӯ ба тавофуқ расиданд. Ҳамакнун ин фармондеҳи пешини мухолифин ҳамроҳ бо Шоҳ Искандаров, фармондеҳи дигари мухолифини пешин барои таъқиб ва боздошти аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ бо нерӯҳои ҳукумат якҷо шудаанд.

Соли "сахт"- матбуот

Дар ин миён бархе аз нашрияҳо аз ҷумла «Фараж», « Нигоҳ» ва «Пайкон» ва сайтҳои интернетӣ ба мисли Тоҷнюс ва Авесто,тҷ ва се сайти берунаи «Фергана .Ру», «Сентразия .ру» ва ТҶКНЮС.ком бо мушкили чопу нашр мувоҷеҳ шуданд, ки то андозае миёни ҷомеа ва кишварҳои аврупоӣ низ сарусадоҳоро ба бор овард. То ба имрӯз ду нашрияи "Пайкон" ва "Фараж" натавонистанд дубора ба фаъолият идома диҳанд.

"Муллобачаҳо"-ро пас оварданд

Аммо дар ин миён як ҳодисаи дигар бозгардонидани донишҷӯёни мадориси исломӣ, баъди он, ки моҳи август раиси ҷумҳур дар як нишаст гуфт, ки волидон онҳоро баргардонанд, зеро онҳо имкон дорад террорист ва экстремист шаванд ба як раванди ҷиддӣ табдил ёфт.

Мақомоти расмӣ аз ҷумла раиси Маҷлиси намояндагон, вазири корҳои хориҷӣ ва раиси Кумитаи дин аз кишварҳои арабӣ ва Эрону Покистон ва Афғонистон хостанд, ки барои бозгардонидани толибилмони ба таври ғайрирасмӣ ба таълим ҷалбшуда мусоидат кунанд.
Аммо ин мавзӯъ то андозае бо вокунишҳои мухолиф рӯбарӯ шуд ва бархеҳо ҳам ибрози нигаронӣ аз ин тасмим карданд.

Маскав ба Душанбе оғӯш боз мекунад...

Бо ин ҳама баъди сафари Владимир Путин-сарвазири Русия дар доираи нишасти сарвазирони Созмони Шонгҳой дар Душанбе коршиносон ва таҳлилгарон то андозае гармии равобит миёни Тоҷикистон ва Русияро мушоҳида кардаанд. Бахусус баъд аз онки Алексей Миллер-мудири ширкати «Газпром» ва аз наздикони сарвазири Русия ҷиҳати ширкат дар маросими баҳрабардорӣ аз як чоҳи газ дар Шаҳринав ба Душанбе омад коршиносон онро оғози як марҳилаи тоза дар равобити ин ду кишвар ҳисобиданд.

Зимнан дар ҷаласаи ахири сарони кишварҳои узви ИДМ дар Маскав-раёсати давраии ин созмон ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор шуд. Ҳарчанд ин масъулият бар асоси нақшаи қаблӣ сурат гирифтааст вале коршиносон онро низ аз обшавии яхи муносиботи Тоҷиикистон бо Русия маънидод мекунанд.
XS
SM
MD
LG