Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази нави исломӣ рӯи кор меояд


Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, сохтор ва низомномаи Маркази исломии Тоҷикистон таҷдид хоҳад шуд.

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумита, ки дар ҷамъи хабарнигорон баъд аз намози иди Фитр дар масҷиди марказии Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, бар асоси Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», дар оғоз иттиҳодияҳои динии поёнӣ таҷдиди сохтор мешаванд ва баъд аз он маркази ҷумҳуриявии динӣ таъсис мешавад.



Вай афзуд: «Маркази динии нав бар асоси Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» таъсис меёбад ва дар ин марказ масъалагузориҳо аз сӯи сархатибони кишвар сурат хоҳад гирифт».

Раиси Кумитаи дин дар посух ба ин суол, ки оё раиси нави Маркази исломӣ ва низ Шӯрои ӯламо кай таъин мешавад, гуфт, раҳбари нави Маркази исломии Тоҷикистон баъд аз таҷдиди сохтор бо машварати сархатибон таъин хоҳад шуд.

Маъруфулло Раҳимов, муовини раиси Маркази исломӣ, мегӯяд, ислоҳот дар ин ниҳод ҷузъӣ хоҳад буд
ШӮРОИ УЛАМО: ИСЛОҲОТ ҶУЗЪӢ ХОҲАД БУД


Масъалаи раҳбари нави Маркази исломии Тоҷикистон баъд аз фавти раҳбари пешин Шайх Амонуллоҳ Неъматзода пеш омадааст, ки раиси Кумитаи дин мегӯяд, шояд ба ин наздикӣ ва ҳатто то ним соли дигар ҳалли худро наёбад.

Маъруфулло Раҳимов, муовини раиси Маркази исломӣ, ки то он лаҳза иҷрокунандаи вазифаи раҳбар ва низ Шӯрои Уламои Тоҷикистон хоҳад буд, гуфт, ислоҳот дар ин ниҳод ҷузъӣ хоҳад буд. Вай афзуд, дар оиннома ва сохторҳои марказ баъзе дигаргуниҳо ба вуҷуд меоянд, ки тавассути Маркази фаъолияти ниҳодҳои таҳти назораташ ҳамоҳанг карда мешаванд:



«Онҳо дар қабл ҳам таҳти назорати Маркази исломӣ буданд, аммо ҳамкориву ҳамоҳангиҳои дар фаъолияташон баъд аз дигаргуниҳо муассиртар хоҳад шуд».

Оқои Раҳимов гуфт, дар ҳоли ҳозир 30 масҷиди ҷомеъ дар саросари кишвар зерсохторҳои Маркази исломии Тоҷикистон мебошанд. Дар садри Маркази исломии Тоҷикистон Шӯрои уламо бо 20 олими дину диншиносон қарор дорад ва тасмимоти ниҳоӣ аз сӯи ин Шӯро гирифта мешавад.

Масъулин мегӯянд, барномаву оинномаи Маркази исломӣ бо иттифоқи назари сархатибони масоҷиди ҷомеи кишвару ризоияти Шӯрои уламо омода ва бар асоси онҳо марказ дар Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон сабти ном мешавад.

Тибқи иттилоъи Кумитаи дини Тоҷикистон, Маркази исломии Тоҷикистон, ки соли 1997 сабти ном шудааст, то ба ҳол дар шакли кӯҳна фаъолият мекунад ва аз сабти нави давлатӣ нагузаштааст. Зеро зерсохторҳоои он яъне бархе аз масоҷиди ҷомеъ сабти ном нашудаанд.

Коршиносон мегӯянд, Маркази исломии Тоҷикистон дар доираҳои гуногуни кишвар нуфузи густарда надорад
ТАЛОШИ ТАҚВИЯТИ НУФУЗИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ

Коршиносон мегӯянд, масъалаи таҷдиди сохтори Маркази исломӣ дар баробари сабти ном, аз нигарониҳои афзояндаи мақомоти Тоҷикистон дар мавриди густариши тундгароӣ ва терроризм маншаъ мегирад. Онҳо мегӯянд, ҳукумат мехоҳад нуфузи Маркази исломӣ бар масоҷид ва мардуми Тоҷикистон бештар бошад.

Саидаҳмади Қаландар, коршинос дар умури дин мегӯяд, дар замони истиқлолият ин ниҳод се бор тағйири ном ва салоҳиятҳо кард. Ҳоло ҳам ба чунин як дигаргунӣ зарурат пеш омадааст. Оқои Қаландар афзуд, дар Шӯрои уламои ин марказ умдатан онҳое ҷамъ омадаанд, ки дар замони шӯравӣ, замоне, ки макотиби исломӣ вуҷуд надоштанд, таҳсил кардаанд. Вай гуфт, чолишҳои тундгароиву терроризм дар таблиғоти ҷаҳониву дохилӣ хеле барҷаста ва аз буд беш нишон дода мешаванд:

«Давлат бояд итминон пайдо кунад ва як консепсия, маҷмӯъи ақида ва назарҳо дар ин мавзӯъ рӯи даст дошта бошад ва ин консепсия рӯшан бошад, то ҷомеа аз эътиқоду ақидае, ки ҳазорсолаҳо ба ин сӯ дорад, натарсад».

КОРШИНОС: ФАЪОЛИЯТҲОИ ДИНӢ ТАҶДИДИ НАЗАР МЕХОҲАД

Абдулло Ҳабибов, коршинос дар умури амниятӣ, дар пуштибонӣ аз иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, танзими фаъолиятҳои динӣ дар кишвар воқеан таҷдиди назар мехоҳад:

«Дар Тоҷикистон амнияту субот намешавад. Ин гап асос надорад, ки Маркази исломӣ таҳти фармони ҳукумат аст ва таъсире надорад. Он вазифаи худро иҷро мекард. Давлат аз дин ҷудо аст. Маркази исломӣ ба корҳои ҳукумат дахолат намекард ва дуруст ҳам мекард».

Коршиносони умури дин мегӯянд, Маркази исломии Тоҷикистон, ки умдатан дар судури фатвоҳо аз мавқеъи ҳукумат ҳимоят мекунад, дар доираҳои гуногуни кишвар нуфузи густарда надорад.

Аз сӯи дигар, уламои саршиноси кишвар дар ҳошияи Шӯрои уламои Маркази исломӣ мондаанд, ки ба камэътибор будани ин ниҳод дар ҷомеа далолат мекунад. Ба қавли коршиносон, таҷдиди сохтор ва низомномаи ҷадиди Маркази исломӣ бояд ҳам бар манзалати ин марказ афзояд ва ҳам доираҳои динии дигарро низ фаро гирад.
XS
SM
MD
LG