Аслан ҳамин эҳсос ҳини харидории гӯшти қимма маро фаро мегирад, чун гӯшти қиммаи мағозаҳои маъмулӣ ҳарчанд нархи дастрас дорад, аммо он серравған ва чандон лазиз нест. Аз ин рӯ гӯшти қиммаро доимо аз як фурӯшандаи дилхоҳ ва ошно харидорӣ мекардам.
Аҷиб ҳам бошад, ин гӯштфурӯшро, ки тайи 4 моҳи ахир муштарии ӯ будам, дар хоб дидам, ки гӯё аз миёни фурӯшандаҳои зиёди рафҳои гӯштфурӯшии бозори Шоҳмансур ман маҳз аз ӯ гӯшт харидаам. Бо андешаи он, ки хобҳо ҳикмате доранд, ман низ ба он пайравӣ кардам.
Аммо чанд рӯз пеш вақте ба бозор рафтам, рафи қассоби ман холӣ буд ва худаш ҳам ба чашм намерасид. Атрофро мушоҳида карда дидам, ки ду-се раф онтарафтар марде низ дар як тағораи калон гӯшти қимма мефурӯшад.
Чун дигар интихоб набуд, хостам каме аз ин гӯшт харидорӣ кунам. Ҳама инро медонад, ки пул аз ҳама чизи ифлос аст. Ин мард гӯшт мефурӯхт ва пулҳои наву кӯҳнаро ҳисоб карда ба ҷайбаш мегузошту ба муштариён бақия медод.
Вақте ман ба ӯ наздик шудам ва хоҳиш кардам, ки бароям гӯшти қимма диҳад, ӯ бо дастони олудааш қиммаро ба халта андохту ба ман дароз кард. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки барои ман қиммаро бо дастпӯши резинӣ ё ба дасташ халтаи плостикӣ пӯшонида бидиҳад.
Қассобро аз ин хоҳиши ман асабӣ шудаа гуфт: «Чӣ, магар дастӣ ман ҳаром аст?» ва халтаро ба дастам доду «Саломат бошед!» гуфта рӯяшро гардонд. Бо ӯ баҳс кардан нахостам, танҳо талаб намудам, ки пулҳоямро баргардонаду маҳсулоташро бозпас бигирад.
Ин ягона мушоҳидаи ман нест, ки дар бозору дӯконҳо аксар фурӯшандаҳо ба қоидаҳои беҳдорӣ риоя намекунанд ва ба паҳн гаштани ҳар гуна сироятҳо боис мешаванд. Барои мисол, бе дастпӯш ҳасиб ё панир бурида мефурӯшанд ва онро бидуни зарф ё халта ба тарозуе мегузоранд, ки қаблан дар он маҳсулоти дигар баркашида шудааст. Дар мавриди фурӯши маҳсулоти нонӣ ва кулчақанд низ ин чиз мушоҳида мешавад.
Дар бархе аз ошхонаҳо низ айнан чунин ҳолат мушоҳида мешавад. Истифодаи дастпӯши резинӣ ба ҳангоми таҳияи хӯрок дар Душанбе чандон маъмул нест. Баъзан ошпазу пешхизматҳо дар назди муштариён амалҳое мекунанд, ки қобили қабул нест ва иштиҳои шахсро мегардонад.
Ҳарчанд ин эродҳо дар назар ночиз намояд ҳам, аммо олудагӣ ва ё тозагӣ дар бозору мағозаҳо нишонаи сатҳи фарҳанги мардуми дар ҳар як кишвар аст.
Фикр мекунам, мардуми мо низ ҳаққи истифода аз сатҳи баланди хизматрасониро дорад ва барои харидории ҳар маҳсулот маблағ медиҳад ва бар ивази он бояд маҳсулотеро харидорӣ кунад, ки аз назари тозагӣ ва беҳдорӣ дар дилаш шубҳанок набошад ва ба саломатӣ осеб нарасонад.