Аз накҳати гулу табиати гуворояш нафаси роҳат бигирӣ. Манзур, ватан бо ҳама камиву костияш, азиз аст, пораи ҷон аст.
Дуруст аст, ки ватан азиз аст, аммо инсон бояд сарбаландона ва хушбахтона зиндагӣ кунад.
Манзур, инсонҳо ба хотири он, ки рӯзашон куҷое хуб гузарад, онҷоро макони зист интихоб мекунанд ва ё ҳам аз рӯи зарурату талаботи касбияшон. Аммо, дарди дурӣ ва бӯи ватан барои ҳама инсонҳо яксон аст. Банда ҳам баъди се моҳи зист дар Аврупо ба ватан баргаштам.
Вақте зиндагии мардум ва шароити онҳоро дар инҷо шоҳид будам, ҳамеша ҳавас меакрадм, ки кай Душанбеи нозанини мо ҳамин тавр мешуда бошад. Бо умеди рушди Тоҷикистон ва тасаввуроти рангин аз Прага ба Туркия парвоз кардам.
Дар ҳавопаймо эҳсос мекардам, ки дар осмон ба ватан чанд фарсах наздик шудаам.
Хориҷиён ба интернет, тоҷикон ба қартабозӣ
Ҳарчанд медонистам, ки дар Истанбул тавваққуф дорем ва баъди чанд соати дигар ба хати сайри Душанбе парвоз мекунем, аммо ин таваққуф ҳам бароям сахт буд. Баъди 5 соати таваққуф, хати сайри Истанбул ва Душанбе эълон шуд. Дар ин ҷо, ҳамшаҳриҳои мо бисёр ба назар мерасиданд.
Ҳарчанд муошират надоштем, вале аз садоҳое, ки аз рафҳои савдогарии дохили фурӯдгоҳи Истанбул ба гӯш мерасид, забони тоҷикӣ шунида мешуд. Лаҳҷаи манотиқи мухталиф.
Мардони ҳамдиёри мо бо садои баланд гап мезаданд,(ҳатто ҳамдигаррро шӯхиомез дашном медоданд) иддае аз онҳо қартабозӣ мекарданд. Дар ҳоле, ки мусофирони хориҷӣ китоб мехонданд ё бо компютер машғул буданд ва ё ором ва хомӯш гӯё дар фикре банд буданд. Ва иддае ҳам бо якдигар бо садои паст сӯҳбат доштанд.
Ин ҳамаро ман аз фосилае назорат мекардам. Як шаҳрванди эронӣ садои ҳамватанашро шунид ва зуд пайи ҷустӯҷуи садои хонум афтид. Онҳо бо чеҳраи боз ба ҳам ошноӣ карданд ва дар сӯҳбат шуданд.
Аммо, ҳамдиёрони ман, ҳарчанд, ки ба мушкилие дучор шуданд ва ман ба онҳо кӯмак ҳам кардам ва шинохтанд, ки ман тоҷикам, вале тарзе рафтор мекарданд, ки ба сӯҳбат моил нестанд. Ҳаво тафсон буд ва ҳамватанҳои ман, ки кастюму галстук ба бар доштанд ҳар дақиқа бо даструймол арақи пешони пок мекарданд.
Ба гуфти худашон аз кишварҳои шарқ баргашта буданд. Соати 8-и шаб ба вақти Истамбул вақти парвози мо даррасид. Дар сафи охирини мусофирони парвози Душанбе ман будам.
Ҳарчанд ҳамшаҳриёни ман мехостанд, ки «толпа» шуда аз назорати гумрукии Туркия гузаранд, вале чанд нафар корманди гумрук сахт монеи ин амал шуданд.
Мусофирони хориҷие, ки ҳамроҳи мо ба Душанбе парвоз карданӣ буданд, бе издиҳом ва саросемагӣ дар саф меистоданд ва ба рафторҳои ҳамммилатони ман нигоҳи бо таъаҷуб назора мекарданд.
Ваксинаи туркӣ ва полеомолити тоҷикӣ
Аз назорати гумрук гузашта, акнун бояд мусофирон «ваксина » гиранд. Ду бонуи туркӣ бо хилъати табибӣ ба мусофирон огоҳӣ медоданд, ки пеш аз ба Тоҷикистон сафар карданд «эм» гиранд.
Ҳатто шаҳрвандони «ифтихории бо кастуму галстуки мо» дарҳол эм гирифтанд. Чун навбати ман расид ва ин пешниҳодро ба ман карданд, табаассуме кардам. Таббасум на бал заҳрханда.
Вақте аз онҳо пурсидам, ки барои чӣ эм бояд гирифт, гуфтанд, ки дар Тоҷикистон «полеомолит» аст ва ин барои пешгирии беморӣ мебошад. Вақте ба онҳо ҷиддитар мавқеи шаҳрвандии худро баён доштам, навиштаҷотеро бароям пешниҳод карданд.
Дар як варақи дастнавишт, ки ба андозаи саҳифаи компютер буд, навишта шуда буд, «Мусофирони азиз, пеш аз ба Тоҷикистон сафар кардан ваксина гиред ва ваксина гирифтан ихтиёрӣ аст».
Ин тавр ба истилоҳ маҳдудиятҳо дар хати сайрҳои дигар набуд. «Ман гуфтам, ки Тоҷикистон ватани ман аст. Агар вабо ҳам расида бошад, бидуни «ваксина» меравам, аммо хонумҳо ҳади ақал навиштаҷотатонро чопӣ ва каме ҳам рушантар нависед» то мусофиронро натарсонед.
Қабл аз ман, мусофирони тоҷикистонӣ ва хориҷӣ ваксина мегирифтанд, вале баъд аз ман, ки чандин мусофиронии хориҷии дигар, ки ба тозагӣ омада буданд, чунин мавқеъгирии маро дида онҳо ҳам ваксина нагирифтанд ва аз банда ҷуёи вазъ шуданд.
Хайрият, мусофирони хориҷӣ каме бо забони русӣ ошно буданд ва ҳади ақал ман тавонистам ба онҳо фаҳмонидам, ки Тоҷикистон ватани ман аст, на ватани полеомолит.
Дардовар аст вақте мебини, ки милатат бинобар заъфи фарҳангӣ ва нотавониҳои, иқтисодиву беҳдоштӣ ангушнамо мешавад ва паҳнкуннадаи полиомиелит ном мегирад…