Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиш Тв Марказ


- Канӣ, Муҳам... номат чӣ буд, Маҳмадалиҷон, ин ҷо биё. Натарс. Наздиктар биё. Биё, ман сахт намезанам. Ҳамагӣ ду мушт. Як мушт ба сари ту, мушти дуюм ба ходачўби сари қабрат. Ба мушти сеюм ҳоҷат намемонад...

- Омадӣ?.. Нағз. Шин. Дар рў ба рўи ман. Ана ҳамин тавр... Акнун, ту ҳозир рост ба сашмони ман нигоҳ карда, якто - якто ба саволҳои ман ҷавоб мегўию ман бодиққат гўш мекунам.

- Итак, саволи якум: Оё ҳамин ту набудӣ, ки баробари аз асфалти... аз хоки Россия, ба хоку чанги қишлоқамон қадам мондани ман, ба нўлам часпида ба ҷону ҳолам намондӣ, ки: «Пулатро беҳуда ҳайф накун, аз он ки ба се чор камбағал орд харида медиҳӣ, онҳо бойтар намешаванд. Ё агар чанд кўдаки ятиммондаро тўи хатна кунӣ ба бало мемонӣ. Чунки «коррупсия»-ю «танзим»,- ту ин қадар пул ва ин қадар сағираро аз куҷо ёфти? - гўён ба гарданат савор шуда мегиранду то ҳаққашонро наситонанд, аз болоят намефароянд. Ту ба халосгар зор мешавӣ ва бе куртаю эзор монда аз нав ба Россия мегурези» - гуфтагӣ кӣ буд? Ту? Ҳо-о, бале...

- Саволи дуюм. Ҳамин ту набудӣ, ки ба ман маслиҳат додӣ: Биё беҳтараш мо бо ин пулҳоят маънавиёти ҳамқишлоқиҳоямонро бойтару ғанитар месозем, яъне дар қишлоқамон телевизиони худамон, қиш тв маркаб... чи буд... «ҚИШ. ТВ. МАРКАЗ» - и худамонро ташкил мекунем, аз демократия истифода мебарем,- гуфти? Гуфти... Илтимос кардӣ, ки туро ҳамчун донишманди киною телевизион, сардор интихоб кунем, чунки ту дар кадом филми ним ҳуҷҷатию ним масхарабозӣ, ёрдамчии дувоздаҳуми оператори овоз оид ба даву ғеҷу ғур-ғур будӣ. Илтимос кардӣ? Кардӣ. Ман илтимосатро иҷро кардам? Кардам.

- Канӣ, акнун барномаи ҳамон теле... симои бо пули ман тайёркардаатро ба ман хон. Ту хон, ман гўш мекунаму навишта мегирам. Ту намоиши барномаҳои «ҚИШ.ТВ. МАРКАЗ»-атро соати чанд сар мекунӣ?
- Саҳарӣ...
- Саҳар, соати чанд?
- Кайе, ки свет доданд...

- ... Хуб... Ман ба ин баҳонаат бовар мекунам. Хон.
- Якум. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти даҳмардаҳо, дуюм консерт. Сеюм, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти чорводорон, чорум, консерт. Панҷум...
- Сабр кун, о ҳамон даҳмардаи гуфтагиат, чорводор нест? Не? Пас вай кист?
- Чўпон.
- Ин тавр бошад чорводор кист?
- Подабони ҳайвоноти калони шохдор.
- Боз ҳайвоноти майдаи шохдор ҳам ҳаст?
- Ҳаст. Буз. Лекин бузҳо подабони алоҳида доранд ва мо барои онҳо барномаи алоҳида тайёр мекунем.

- Хуш, баъди буз чи меравад?
- Консерт бо рақсаш. Баъд ср-раза ба сабзавоткорон мегузарем: памидоркорон - консерт ва барномаи хандаовари «фиш-фиш», кабудикорон - консерт ва барномаи хандаовари «миш-миш», сабзикорон - консерт ва барномаи хандаовари «пақ-пақ», бодирингкорон - консерт ва барномаи хандаовари «лақ-лақ»... Баъд боз ср-раза «Хоби ширин, хурдтаракон»-у як филми р-ровна аз давраи Доқиюнус мондаи советӣ, якчанд хабари «тоза»-и моҳи гузаштаи телевизионҳои ҷаҳонӣ ва футболи давраи бачагии Пелею Яшин ва кўдакии Марадонна...

- Т-р-р-р!... Як дам сабр кун, ман аз ин ҳайвонбонию алафхуриат... сабзакориат ба худ биёям... О ҳамин қишлоқи мо-ку дар таги бинии шаҳр. Чаро аз антеннаи кабелӣ истифода намебари?
- Чунки аз он каналҳо занҳои нимбараҳнаю бе эз... рўмолро нишон медиҳанд...
- Э номаъқул кардӣ. Ин дурўғатро рафта, ҳо ба онҳое гўй ки ба сафсаттаи ту бовар мекунанд... Ман, бародар, дар Россия на танҳо хандақкобию боркаширо ёд гирифтам. Ман дар он ҷо системаро омўхтам. Фаҳмидӣ? Ҳар намудашро... Он киноҳои советиатро ғайри худату ду се худатбаринҳо дигар касе тамошо намекунад. Чунки аллакай ҳар кўдак медонад, ки аксари он киноҳо касро ба олами нокорию лавандӣ мекашанд. Далели тамошо накарданашон, ҳо, табақҳои калони антеннаҳои болои бомҳо, дивидию видеоаппаратураи ҳар хона ва мағозаю аробаҳои дискфурўшӣ. Ҳар қадар табақҳои болои бом зиёдтар шаванд, ин маънои ҳамон қадар шармандагӣ ба «ҚИШ.ТВ.МАРКАЗ»-и туро дорад. Ба ғайр аз ин он каналҳои кабелӣ на танҳо занҳои луч, балки боз соҳаҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, худшиносию одамшиносӣ доранд... Ту чи ғурунгос задӣ?

- Агар канали кабелӣ бошад, ҚИШ.ТВ-и моро ҳеҷ кас тамошо намекунад...
- Ҳа-а, ана очаи гапро худат гуфтӣ. Ана бар падаракат... худат медонӣ... Барои ба телевизиони ҳақиқӣ табдил ёфтан бояд майна об кунӣ, ҷон кани, роҳҳои нав ёбӣ, он тўби холии болои гарданатро ба кор дарорӣ.
Ту аз мубориза, аз мусобиқа метарсӣ, чунки ҳам аз сиёсат, ҳам аз фарҳанг, ҳам аз адабиёт ва ҳам аз журналистика бехабарӣ. Бинобар ин аз навигарӣ метарсӣ. Метарсӣ, ки мабодо кадом сардор туро ҷанг накунад ё ягон даҳмардаи сурати худашро дар телевизор надида ба ту дигар думба набиёрад...

Ту аз пагоҳ ба кори худат, ба сари даву ғеҷат рав. Ман кали Каримро ба ҷои ту даъват мекунам... Вай чанд сол дар Тюмен нефт мекофт. Мумкин ба мардуми қишлоқ нефткобию газбарориро ёд диҳад. Агар ба тарзи демократӣ гўем: Ту озод!. Тамом.
XS
SM
MD
LG