Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳод ё худ «Азона шунидӣ, самаворба баро»


Рафиқон ҳамдеҳагон, аз ман хафа нашаведу, лекин ҳамин мана як предложение, ҳоли чӣ мешад, яъне якта таклифам, як пешниҳодам ҳай гўед. (Ҷудо мебахшеду ман вақти гапзанӣ якта – нимта гапҳои урусӣ ҳам партофта мемонам, чунки росташа гўям ҳамин забони тоҷикии имрўза ба ман вахтинча одат шудагӣ не, гўед).

Акнун ҳамин тавр шуда монд, ки мо худамо худамоя бо дастбардорию каллазанӣ ва тугмачапахшкунӣ, мисли ҷондорҳои зоопарк ба даруни чорчўбаҳои қонун дароварда маҳкам карда мондем. Заводу фабрика надорему «мардум аз кор дер мемонанд» гўён «Оши наҳор»-и садсолая бекор кардем-а… Кора худаш несту… Чӣ, акнун тўйдор барои арақхўрии ҳамсояи бадмасташ, оши маҳалла надиҳад-мӣ? О, барои ду-се чиновники қаламбадасти идораҳо, ки дар оши наҳори мардум арақи дармавоя зада, ба сари мизашон маст меоянд, ҳамон қарорҳои дохилии худи идора ҳам бас буд. Аз дари идораҳо берун бошад, он сардорони якта-нимта корхонаҳои шахсӣ, кай парвои онро доранд, ки ту бо сабаби ҷанозаи падарат аз кор дер мондӣ ё тўйи духтарат. Вая чанд пула кораш ҳай? Ҳамин, ки прогул кардӣ вай просто маошата зада мегирад ё худата аз кор дафъ мекунад. Вай выговор-пиговор гуфта намешинад… Шукр, дар ин бекорие, ки ҷоҳои моба ҳай, мардаки коргар барои ҷои кораша гум накардану «меҳмони» якумрии бозори мардикор нашудан, на танҳо аз баҳри оши наҳори ҳамсоя, балки аз баҳри ҷанозаи падарашу тўйи духтараш ҳам мебарояд. Қонун чӣ лозим буд? Тарси бекорӣ худаш аз қонун зуртар!

Ҳамин даври шўравиба,гўед, завод буд, фабрика буд, умуман корхонаҳо расо мўл буд, гўед ва ҳама кор мекард. Одами бекор умуман набуд, лекин, гуфтанба, дар ҳама ҷо даҳҳо… даҳҳо чӣ – садҳо кинотеатрҳо дарунашон пур-пури одам буд. Ҳар рўз ҳашт – даҳ сеанси кино нишон медоданд. Аз ҳашт - даҳи саҳар, то даҳ - дувоздаҳи шаб. О, одами вақти холӣ доштагӣ киноша тамошо кардаю оши наҳораша хўрда мегашт-дия... Театрҳоро намегўед? Театрҳо соати 10-у 12-анда намоишҳои кўдакона доштанду бегоҳӣ соати ҳафтунумба калонона.

Акнун кадом ақлакаш инашро ҳам манъ кардааст. Яъне, бачаҳо фақат рўзи шанбею одих… тоест якшанбе ба театр раванд будааст. О вай кўдакоя нисфи баробарашон баъди пешин мехонанд. Сменаи дуюм ном дорад. Чӣ, акнун ҳамон бачаи бечора то нисфи рўза шумораи дуздони ҷумҳўриамонро афзояд ё шишаи тирезашиканӣ карда гардад?

Аз Одам то Ҳотам ва хусусанашба Ҳотами Той гуфтанӣ одам, нисфи умрашонро дар масҷидҳо гузарондаанд. Дар китобҳо ҳамин хел навиштаги! Алалхусус дар кўҳистони мо. Ҳар тоҷиру савдогаре, ки ба кўҳистониён молу ҳоли фурўшӣ меовард, шабашро дар зери курпаю намади масҷид рўз ва аз он каму беши мардумоварда шикамашро сер мекард. Малый – средний бизнес, ки ҳозир ҳама давлатҳо дастгирӣ мекунанд, аслан тараққиёташа аз ҳамин масҷидҳо сар кардагӣ. Ҳа-а!.. Лекин дар мо акнун инаш ҳам манъ! Ба масҷид набиёр, нашин, нахўр!.. О, вай, мўйсафеди бечора, ҳар бор, пеш аз асру шому хуфтан, дар қади сангов пешпо хўрда ба хонааш рафта омада истад? Дар ҳамин бераъди… вай, чи буд, бебарқӣ,умуман бесвети?..

Бинобар ин мана як таклифам ҳай, гўед ва ҳамонро ба шумо пешниход мекунам: биёед ба ҳамон чиновники навбаромада,ки худашро «чашму гўши ҳукумат оид ба танзим» ном кардааст, мегўем, ки мо дар назди масҷид як самавор мекушоем (Дар тарафҳои пойтахт онро чойхона мегўянд, дар мо самавор одат шудагӣ).

Ҳар масҷиди худаша ҳурмат мекардагӣ мисли масҷиди мо як хоначаи нишаст дорад, ҳамин тавр не? Ана дар ҳамон хонаи нишасти масҷид , як прилавкача сохта болояшанда якта самаворча ҳам мемонем. Ба вазифаи самаворчӣ, яъне чойхоначӣ мутаввалли ё оне ки масҷидамонро рўбучин мекунад, таъин карда мешавад.

Итак… яъне инак гуфтанӣ будам, шумо баробари шунидани азон, аввал даҳ дирам (сомон не, дирам!) ба киссаатон гузошта, дастадораки хўроки шоматон ва ба он яраша нонатонро гирифта ба масҷид меоед ва овардаатонро ба дасти самаворчӣ қаппонда худатон ба золи… яъне ба намозгоҳ медароед ва намозатонро бо ҷомеа хонда мегирӣ.

Пас аз намоз ба назди «самаворчи» баромада намоишкорона ба рўи прилавкаи сохтагиамон ҳамон даҳ дирами аз хона овардаатонро мепартоеду бо овози баланд хохиш мекунед, ки вай ба ҳамин пул ба шумо нону хўрок ва чой диҳад. (Воқеан бо даҳдирамаҳои ҷамъшуда чои қоқ харидан мумкин). Ана баъд чою нонатонро гирифта бо ҳамдеҳагон баҳузур сўҳбат карда мешинед. То хуфтан...

Касе шуморо ба чанг кардан хак надорад. ( О шумо дар самавор, яъне чойхона-ку). Аз андак сохтакорӣ буданаш натарсед, зиндагонии имрўзаи мо худаш лўб-лўнда сохтакорӣ. Зато… вай, «чашму гўши» ҳукумат пашшаи хира барин ҳар дам «ҷарима супор!» гўён шуморо аз ҷонатон сер намекунад. Чунки ҳоло самаворҳоро манъ накардаанд ва агар манъ карданӣ шаванд, пеш аз ҳама бояд самавори аз ҳама калон – чойхонаи «Роҳат»-ро банданд. Ин бошад чандон кори осон нест. Ҳарчи набошад ҳам, чуноне ки одамони эскӣ мегуфтанд, « То табара омаданаша, кунда меосояд». Ё гапам тўғрӣ наомад… рафиқон?..
XS
SM
MD
LG