Ба гузориши вазири молияи Тоҷикистон, ин саҳмияҳо дар ду шакл ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд. Саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун бо арзиши 500, 1000 ва 5000 ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Намунаи дигари он бо арзиши бештар аз панҷ ҳазор сомонӣ аст, ки дар сурати харидории он аз сӯи муассиса ва ё шахсони алоҳида ба онҳо сертификат ё шаҳодатнома бо зикри номашон дода хоҳад шуд. Дар баргаҳои саҳмияи Роғун, номи ҷамъияти саҳҳомии Роғун зикр шуда, нақши сарбанд, хати интиқоли барқ ва нишони Тоҷикистон тасвир шудааст. Ин баргаҳои саҳмия, ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, чор сатҳи ҳифозатӣ доранд, то аз нашри тақаллубии онҳо ҷилавгирӣ шавад.
Дорандаи ҳар як саҳмия дар идораи ҷамъияти саҳҳомӣ дорои як овоз мебошад. Ин саҳмияҳо аз аввали моҳи январ ба фурӯш бароварда мешаванд. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, бо оғози кори нахустин чархаи нерӯгоҳи Роғун, саҳмдрон ба гирифтани баҳра ё фоида оғоз мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ба чанд далел имкони ҷалби таваҷҷӯҳи умумӣ барои сармоягузории Роғун мушкил аст. Яке, таҷрибаи Сангтӯда аст, ки дар миёнаи солҳои навади асри гузашта мардум бар ивази дастмузди худ онро харидорӣ карданд, аммо сарнавишти онҳо номаълум аст. Ва он сармояҳо коғазе беш дар дасти соҳибони саҳмия нестанд. Масъалаи дигар, ба қавли коршиносон, ҷанбаи ҳуқуқии харидории саҳмияҳост. Шокирҷон Ҳакимов, устоди ҳуқуқ дар Донишгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, қабл аз ба фурӯш гузоштани саҳмияҳо бояд Оинномаи ҷамъияти саҳҳомии Роғун дар матбуот мунташир шавад, то харидорони саҳмия ба шароити иштирок ошно шаванд.
Қабл аз ин Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз ҳар хонаводаи тоҷик даъват карда буд, ба арзиши се ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Роғунро харидорӣ кунанд. Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, то кунун дар сохтмони Роғун як миллиард доллар ҳазина шудааст, ки 800 миллиони он дар замони Шӯравӣ ва 200 миллион доллари он ҳам аз буҷаи ҳукумати феълии Тоҷикистон пардохт шудааст. Барои ба кор андохтани нахустин чархаи Роғун ба ҳудуди 600 миллион доллар сармоягузории дигар ниёз аст.