Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон: "Се ҳазор сомонӣ аз ҳар як оила"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран зимни сӯҳбат бо фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Қайроқум бори дигар ба масъалаи харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун муроҷиат карда гуфт, ки барои бунёди бахши аввали ин тарҳ 600 миллион доллари амрикоӣ лозим меояд, ки ин маблағ, ба гуфтаи президент “дар муддати кӯтоҳ ҷамъ мешавад”.

Вай гуфт, «Барои ин ҳар як оилаи тоҷикистонӣ, ғайр аз оилаҳои камбизоат бояд бо маблағи на камтар аз 3 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ кунад».

Тибқи ҳисобҳои тахминӣ, ин маблағ тақрибан 700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Оқои Раҳмон таъкид кард, ки соҳибкорону сарватмандон бояд бо маблағҳои калон саҳмия харанд. Вай гуфтааст, ки баъди шурӯи кори нирӯгоҳ ва “фоидаовар шудани он” ҳар як саҳмдор метавонад "саҳмияҳои худро супурда, маблағҳояшонро бо фоидааш пас бигиранд ва ё минбаъд ҳам худ ё фарзандонашон саҳмдори нерӯгоҳи Роғун боқӣ монанд ва пайваста аз фоидаи он баҳравар бошанд”.

Тибқи иттилои президент, саҳмияҳои Роғун аллакай аз соли нав ба фурӯш гузошта шуда аз он танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақи харидорӣ карданро хоҳанд дошт.

Дар ҳамин иртибот: Талошҳои табдили Роғун ба ормони миллӣ

Назарҳо барои кумак ба Роғун
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00



XS
SM
MD
LG