Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон мегӯяд, Роғун хатар дорад


Узбакистон сари бозрасии ҳатмии байнулмилалии тарҳҳои бузурги энержӣ ва сарбандҳои бузург дар Осиёи Марказӣ бори дигар таъкид кард.

Владимир Норов, вазири корҳои хориҷии Узбакистон, дар нишасти вузарои кишварҳои узви САҲА дар Афина гуфт, эҳтимоли хатар аз тарҳҳои бузурги энержӣ ва сарбандҳои бузург дар ин минтақа бештар шудааст.

Норов гуфт, ин хатарот на танҳо марбут ба тағйири иқлим мебошанд. Ӯ гуфт, ҳамчунин мушкилоти ҷиддӣ ва офатҳои эҳтимолии табииеро аз ин сохтмонҳои бузург интизор будан мумкин аст, ва ин иншоот метавонанд тавозуни иқлимро дар манотиқе тағйир бидиҳанд.

Вазири корҳои хориҷии Узбакистон таваҷҷӯҳро махсусан ба ду нерӯгоҳи бузурги кишварҳои ҳамсояаш: Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбар-ота дар Қирғизистон ҷалб кард.

Як рӯзи қабл аз Владимир Норов, минбари САҲА ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дода шуда буд ва ӯ гуфта буд, мушкилоти марбут ба об дар Осиёи Марказӣ на аз бунёди иншооти энержӣ, балки аз истифодаи бебаркаш ва исрофкоронаи об маншаъ мегирад.

Ҷаноби Зарифӣ рушди имкониятҳои гидроэнергетикии кишварашро ҳаётан муҳим номид ва афзуд, Тоҷикистон тарафдори иҷрои рӯшод ва шаффофи тарҳҳои энержии худ аст, ки аз тарафи чандин ниҳодҳои байнулмилалӣ таҳқиқ ва натиҷагирӣ шудаанд.

Тоҷикистон дар бунбасти мушкилоти энержӣ қарор дорад ва аз зимистон ба зимистон ин мушкил амиқтар мешавад. Ҳар зимистон Тоҷикистон маҷбур мешавад, то низоми маҳдуди интиқоли барқро дар кишвар ҷорӣ намояд ва ягона умедаш ҳам ба бунёди нерӯгоҳҳои бузурги худӣ мебошад.

Дар ин авохир ҳукумати Тоҷикистон расман Роғунро моликияти миллӣ эълон кард ва гуфт, нерӯгоҳ ба ҳеҷ кишваре дода нахоҳад шуд. Ҳамакнун, дар саросари Тоҷикистон як маъракаи бузурги таблиғотӣ бо даъват аз мардум ҷиҳати саҳм гузоштан дар бунёди нерӯгоҳ ба роҳ монда шудааст. Аз аввали сол ҳам саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ба фурӯш бароварда мешаванд ва раисҷумҳур Раҳмон ахиран гуфтааст, ҳар хонаводае, ки имкон дорад, агар ба 3.000 сомонӣ саҳмия бихарад, 600 миллион доллари зарурӣ барои роҳандозии тарҳи аввали нерӯгоҳ ба даст хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG