Масъулони ин ниҳод бунёди нерӯгоҳи Роғунро қадами устуворе барои истиқлоли энержии кишвар номида, мегӯянд, анҷоми сохтмони он обрӯи Тоҷикистонро дар минтақа боло мебардорад.
Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, харидорони саҳмияҳои Роғун на танҳо дар бунёди нерӯгоҳи барои миллат хеле муҳим саҳм мегузоранд, балки боз ҳамчун саҳмиядори нерӯгоҳ манфиати молӣ низ хоҳанд дид.
Тарғибу ташвиқ барои саҳм гирифтан дар бунёди нерӯгоҳи Роғун, ки ҳамакнун аз он ҳамчун аз лоиҳаи умумимиллӣ ном бурда мешавад, имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳарфи аввал гаштааст. Мавзӯъи меҳварии нишасти навбатии Шӯрои ҷамъиятии кишвар, ки бо ҳузури аз ҷумла аҳзоби сиёсии Тоҷикистон доир шуд, низ Роғун буд ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар он гуфт, “мутмаинам, ки мардуми бо нангу номуси тоҷик аз ин саҳмияҳо харидорӣ хоҳанд кард.”
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз аҳзоб ва созмонҳои чамъиятии ин кишвар даъват кард, ки мардумро барои харидории ин саҳмияҳо таблиғ кунанд. Президент Раҳмон ахиран ҳини як сафараш ба Суғд гуфт, агар ҳар як хонавода ба маблағи се ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намояд, қадами аввали Роғун гузошта мешавад. Аммо ӯ гуфт, хонаводаҳои фақир аз ин кор маъоф хоҳанд буд.
Дар ин миён, созмони форсизабонони Бритониё бо номи "Варорӯд", тасмим гирифтааст, барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон сармояи хайрия ҷамъоварӣ намояд. Заҳои Ҷазоирӣ, раиси ин созмон аз Лондон ба Озодӣ гуфт, умедвор аст, ки ин ташаббуси созмони "Варорӯд" аз ҷониби созмону ниҳодҳои миллӣ дар кишварҳои дигар ва тоҷикони бурунмарзӣ пуштибонӣ хоҳад шуд.
Дар оғози соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бо арзиши 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ ба фурӯш мегузорад. Дар ин бора вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳороте пахш кард ва гуфт, онҳое, ки саҳмияҳоро ба маблағи беш аз 5000 сомонӣ харидорӣ мекунанд, соҳиби сертификати вижае хоҳанд шуд, ки бар тибқи он исми онҳо ба унвони саҳҳомдорони хоси Роғун сабт хоҳад шуд.
Барои ҷилавгирӣ аз тақаллуби саҳмияҳо ҳар як коғаз аз чаҳор рамзи ҳимояткунанда иборат мешавад. Фурӯши саҳмияҳо тавассути бонкҳо, идораҳои молии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, вазоратҳову муассисаҳои давлатии кишвар ба роҳ монда мешавад. Баъди ба кор даромадани нерӯгоҳи Роғун ҳар як саҳҳомдор ҳаққи фурӯши саҳмияи худро ба нафари дигар ба даст меорад, мегӯянд мақомоти Тоҷикистон. Ин саҳмияҳоро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон харида метавонанд.

Ҳамчунин бихонед: Мавзӯъи Роғун дар нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз аҳзоб ва созмонҳои чамъиятии ин кишвар даъват кард, ки мардумро барои харидории ин саҳмияҳо таблиғ кунанд. Президент Раҳмон ахиран ҳини як сафараш ба Суғд гуфт, агар ҳар як хонавода ба маблағи се ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намояд, қадами аввали Роғун гузошта мешавад. Аммо ӯ гуфт, хонаводаҳои фақир аз ин кор маъоф хоҳанд буд.
Ҳамчунин бихонед: Даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои Роғун
Дар ин миён, созмони форсизабонони Бритониё бо номи "Варорӯд", тасмим гирифтааст, барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон сармояи хайрия ҷамъоварӣ намояд. Заҳои Ҷазоирӣ, раиси ин созмон аз Лондон ба Озодӣ гуфт, умедвор аст, ки ин ташаббуси созмони "Варорӯд" аз ҷониби созмону ниҳодҳои миллӣ дар кишварҳои дигар ва тоҷикони бурунмарзӣ пуштибонӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин бихонед: “Варорӯд” дар Лондон ба бунёди Роғун даъват мекунад