Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди хабарнигорони мо аз Тавилдара


Сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ, Сафаргули Олимӣ, ки нисфирӯзии 15-уми июл вориди ноҳияи Тавилдара шуд.

Суол: Имрӯз, ки шумо вориди Тавлидара шудед, вазъи ин минтақаро чӣ гуна дарёфтед ва нахустин бардоштҳоятон аз ин сафар чӣ буд?

-Дар роҳ ҷониби ноҳияи Тавилдара мо чанд деҳаеро убур кардем, ки дар даромадгоҳи мавзеи Чилдара воқеанд ва ин деҳаҳо, мешавад гуфт, ки аз одамон холиянд. Ин чор деҳае ҳастанд, ки ба ҷамоати деҳоти Чилдара дохил мешаванд. Задухӯрдҳои асосӣ дар наздикиҳои ҳамин деҳот сурат гирифтааст ва сокинони онҳо аз тарс манзилҳояшонро тарк кардаанд. Дар хонаҳо танҳо баъзе пиронсолон барои нигоҳубини молу амвол мондаанд, вале аксарияти мардум ин деҳотро тарк намудаанд. Ва ду рӯзи пеш дар мавзеи Чилдара дар посгоҳи Лабиҷар як гурӯҳи, чуноне ин ҷо мегӯянд, муҷоҳидон ба ин посгоҳи Лабиҷар ҳуҷум кардаанд ва як зиреҳпӯши низомиро дар мавриди тирборон қарор дода, аз кор баровардаанд. Нерӯҳои ҳукуматие, ки дар ин посгоҳ буданд, ҷон ба саломат бурдаанд. Вале дар бораи қурбониён мо ягон иттилое пайдо карда натавонистем.

Суол: Ин даргириҳо аз нақли мардум аст, ё мақомот низ инро эътироф мекунанд?

- Мо бо нафароне сӯҳбат кардем, ки сокинони деҳаи наздиктарин ба ин посгоҳ буда, худ шоҳиди ин ҳодисаҳо будаанд.

Суол: Яъне охирин даргирӣ ду рӯз пештар иттифоқ афтодааст7

- Бале, охирин даргирӣ дар ҳамин посгоҳ будааст. Ва ҳоло дар 20-километрии маркази ноҳияи Тавилдара дар деҳаи Сабзихуф задухӯрдҳо идома дорад. Дар ин бора худи кормандони мақомот, яъне ОМОН, дар посгоҳҳо ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои мо гуфтанд. Ҳоло дар ноҳияи Тавилдара нерӯҳои бисёре, ҳам аз нерӯҳои ОМОН ва ҳам назоратӣ, партофта шудаанд ва дар ноҳия низом хеле шадид аст. Мардуми деҳот низ мегӯянд, ки баъд аз соати 8-и бегоҳ ба берун баромадани мардум ва рафтуомади мошинҳо манъ карда мешавад.

Суол: Ин даргирие, ки ба гуфтаи кормандони ОМОН дар Сабзихуф мегузарад, байни кадом нерӯҳост?

-Чуноне ки мо ин ҷо иттилоъ пайдо кардем ва кормандони расмӣ ва ҳам мардум тасдиқ карданд, ҳамаи нерӯҳои ҳукуматӣ ба он равона карда шудааст, ки Шайх Неъматро боздошт кунанд. Ва ин задухӯрдҳо ҳам дар 20-километрии маркази ноҳияи Тавилдара ба муқобили ҳамин гурӯҳи Шайх Неъмат сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол хабарнигори дигари радиои Озодӣ Маҳмуди Шодӣ, ки чанд рӯз боз дар шаҳраки Тавилдара ба сар мебарад, бо аҳли хонаводаи Мирзо Зиёев дар деҳаи Хуҷаи Хлоз дар минтақаи Чилдара мулоқот кард. Ба гуфтаи ӯ, пайвандони Мирзо Зиёев аз ҷузъиёти марги ӯ ва қотилонаш изҳори бехабарӣ кардаанд.

Ба нақли Саидаҳмад Зиёев - писари Мирзо Зиёев, ӯ дар лаҳзаҳои пеш аз марг гуфтааст, ки барои музокирот бо гурӯҳи мусаллаҳ меравад. Ва аҳли хонаводаи ӯ танҳо субҳи рӯзи дигар дар бораи марги ӯ хабар ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG