Таҳлилгари радиои Озодӣ Брюс Панир дар матлаби ахираш аз ҳодисаи ҳамла ба посгоҳи полис ва таркише дар Андиҷони Ӯзбакистон моҳи майи имсол, куштори нӯҳ ҷангии Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон аз ҷониби нирӯҳои амниятии Қирғизистон дар ҷангалҳои Узген ва ниҳоят дар бораи дар нооромиҳои Тавилдара ва баъди марги Мирзо Зиёев айбдор кардани боз ҳамон ҷангиёни вобаста ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ёдовар мешавад.
Вай мегӯяд, ки эҳсос мешавад ҳамаи ин рӯйдодҳо ба гунае бо ҳам вобаста буда, метавонад ҳосили танг шудани ҷои ҷангиён дар паи шурӯи амалиёти нирӯҳои эътилофиву НАТО дар марз бо Покистону Афғонистон бошад.
Брюс Панир меафзояд, «шояд бархе бигӯянд, ки ин рӯйдодҳо аз ҳам вобаста нест. Аммо умумияти ҳамаи ин ҳаводис дар он аст, ки ҳукуматҳои ҳамаи ин ҷумҳуриҳо дар нооромиҳои худ Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонро муттаҳам карданд. Шояд ҳам бархе бигӯянд, ки мушкиле, ки масалан Тоҷикистон бо он рӯбарӯ шудааст, танҳо хоси ин кишвар аст. Масъала ин аст, ки баъди хатми ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон на ҳама ҷангиёни Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ба Афғонистону Покистон рафтанд, бархе аз онҳо дар ин қаламрав монданд ва назари шахсии ман ин аст, ки ҳоло ба Тоҷикистон, ба кӯҳҳои душворгузари Тавилдара як бахш аз ҷангиҳои ин гурӯҳ аз Афғонистону Покистон баргаштаанд».
Оқои Панир мегӯяд, «Мулло Абдулло ҳарчанд аз ин гурӯҳ нест, вале бо онҳо шинос асту бо онҳо иртибот дорад. Ва дар ин сурат мантиқӣ аст бигӯем, ки онҳо баъди бозгашт бо ҳам тамос гирифта дар заминаи тавонмандиҳои низомиву таслеҳотии худ, нақшаҳои минбаъдаи худ табодули маълумот карданд, хабарҳои охирро роҷеъ ба вазъи Ӯзбакистону Қирғизистон фаҳмиданд. Аз ин хотир, дарк кардан душвор нест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба вазъи минтақаи шарқ таъсиргузор будааст».
Брюс Панир афзуд, он чи ки дар водии Фарғона мушоҳида мешаваду ба фаъолшавии Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ишора мекунад, пеш аз ҳама як таблиғотест аз худи ин гурӯҳ, ки мегӯяд, «бубинед, мо ҳамоно фаъол ва дар андешаи аз байн бурдани ҳукуматҳои қонунии ин кишварҳо мебошем ва ба ҳайати мо ҷангиёни нав шомил шудаанд».
Ин андешаро дар сӯҳбат бо хабарнигори Франс Пресс як дипломати ғарбие дар Душанбе ҳам бо шарти фош нашудани номаш ҳам баён кардааст. Вай гуфтааст, «мо медонем, ки дар Тавлидара ҳодисаҳои муайян рӯй медиҳад ва эҳтимол дорад, ки афроди ба шарқи Тоҷикистон роҳёфта онҳое бошанд, ки аз минтақаи Своти Покистон» ба дунболи амалиёти нирӯҳои эътилофӣ убур кардаанд. Ин матлаб меафзояд, ки рӯйдодҳои ҳафтаҳои ахири Тоҷикистон ишора ба он дорад, ки воқеан ҳам унсурҳои мисли ҷангиёи Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ба қаламрави шӯравии пешин - яъне ба маҳалли барои онҳо ошно бармегарданд.
Аркадий Дубнов мегӯяд, "чаро панҷ шаҳрванди Русия, чеченҳо дар зиндони Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванду ин масъала Русияро нигарон намекунад? Ё онҳо гуфтанӣ ҳастанд, ки ин ҷо пайи хориҷиҳо дида мешавад? Пас чаро Русия барои истирдоди онҳо талош намекунад. Ин як. Дуюм чизи тааҷҷубангез ҳалокати Мирзо Зиёев аст. Муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки гӯё Мирзо Зиёев барои гуфтушунид бо ҷангиён рафту онҳо ба сӯяш тир кушоданд».
Оқои Дубнов меафзояд, «шахсан ман маълумоти дигар дорам. Мирзо Зиёев ҳангоми ба назди музокиракунандаҳои ҳукуматӣ омаданаш кушта шуд. То ҳол мо фақат он маълумотеро дорем, ки бароямон ҳукумат медиҳад. Ман боз ҳам такрор мекунам, ки ман дигар ба манобеи ҳукуматӣ, ки мегӯянд ин ҷо чеченҳо боздошт шудаанду аммо ин боздоштшудаҳо ба Русия аслан лозим нестанд, агар онҳо шаҳрванди Русия бошанд, бовар намекунам". Дубнов афзуд, ки масъала дар худи Тоҷикистон аст, ки мехоҳад бо ҳама зуҳуроти мухолифин мубориза барад.
Баъди куштори генерал Мирзо Зиёев, ки аслан бо ҳамин ҳодиса ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон аз забони мақомот бори аввал расман дар бораи вуҷуди гурӯҳҳои силоҳбадаст, ки қаблан фақат овозааш зиёд буд, огаҳӣ ёфтанд, аксарият дар дохил ва беруни Тоҷикистон ба нокомии ҳукумат дар иҷрои муқаррароти Созишномаи сулҳи тоҷикон таъкид карданд.
Дар нишасти ахири мақомоти Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе ҳам яке аз таъкидҳои муҳими Пиер Морел, намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Миёна ва Қафқоз ин буд, ки "Иттиҳодияи Аврупо ба созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон ва интихоби роҳи муросо ва осоишта баҳои баланд медиҳад ва оғози дубораи ҳаргуна мухолифатҳо дар Тоҷикистон на танҳо барои ин кишвар, балки барои тамоми минтақа хатар дорад".
Тавре нашрияи "Коммерсант", чопи Маскав менависад, як иллати аслии болоравии норизоияти гурӯҳҳои мухолифин дар шарқи Тоҷикистон ва ё ба гуфтаи бархе таҳлилгарон - "оғози даври дуюми муқовиматҳо" дар шарқи ин кишвар - дар огоҳона фаромӯш шудани саҳмияи сидарсади мухолифин аз рӯи созишномаи сулҳ аст, ки зимнан, Мирзо Зиёев ҳам аз рӯи ҳамин саҳмия шаш сол дар курсии вазири ҳолатҳои изтирорӣ қарор дошт.
Аз назари Брюс Панир, афзун ба ин, масъалаи бекории афзояндаву дар шароити бӯҳрони молӣ ба ватан баргаштани нирӯи азими муҳоҷирони корӣ сафи норозиёнро афзоиш медиҳад. Ва ин норизоияти афзояндаи сиёсиву иҷтимоии мардум, ки худ ҳосили мудирияти иштибоҳии кишвар аст, метавонад дар оянда оқибатҳои ногуворе дошта бошад ва рӯйдодҳои Тавилдара аломати ҳамин пешгӯиҳои нохушнуд буда метавонад.
Вай мегӯяд, ки эҳсос мешавад ҳамаи ин рӯйдодҳо ба гунае бо ҳам вобаста буда, метавонад ҳосили танг шудани ҷои ҷангиён дар паи шурӯи амалиёти нирӯҳои эътилофиву НАТО дар марз бо Покистону Афғонистон бошад.
Эҳсос мешавад, ки ҳамаи ин рӯйдодҳо ба гунае бо ҳам вобаста буда, метавонад ҳосили танг шудани ҷои ҷангиён дар паи шуруи амалиёти нирӯҳои эътилофиву НАТо дар марз бо Покистону Афғонистон бошад...
Оқои Панир мегӯяд, «Мулло Абдулло ҳарчанд аз ин гурӯҳ нест, вале бо онҳо шинос асту бо онҳо иртибот дорад. Ва дар ин сурат мантиқӣ аст бигӯем, ки онҳо баъди бозгашт бо ҳам тамос гирифта дар заминаи тавонмандиҳои низомиву таслеҳотии худ, нақшаҳои минбаъдаи худ табодули маълумот карданд, хабарҳои охирро роҷеъ ба вазъи Ӯзбакистону Қирғизистон фаҳмиданд. Аз ин хотир, дарк кардан душвор нест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба вазъи минтақаи шарқ таъсиргузор будааст».
Брюс Панир афзуд, он чи ки дар водии Фарғона мушоҳида мешаваду ба фаъолшавии Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ишора мекунад, пеш аз ҳама як таблиғотест аз худи ин гурӯҳ, ки мегӯяд, «бубинед, мо ҳамоно фаъол ва дар андешаи аз байн бурдани ҳукуматҳои қонунии ин кишварҳо мебошем ва ба ҳайати мо ҷангиёни нав шомил шудаанд».
Ин андешаро дар сӯҳбат бо хабарнигори Франс Пресс як дипломати ғарбие дар Душанбе ҳам бо шарти фош нашудани номаш ҳам баён кардааст. Вай гуфтааст, «мо медонем, ки дар Тавлидара ҳодисаҳои муайян рӯй медиҳад ва эҳтимол дорад, ки афроди ба шарқи Тоҷикистон роҳёфта онҳое бошанд, ки аз минтақаи Своти Покистон» ба дунболи амалиёти нирӯҳои эътилофӣ убур кардаанд. Ин матлаб меафзояд, ки рӯйдодҳои ҳафтаҳои ахири Тоҷикистон ишора ба он дорад, ки воқеан ҳам унсурҳои мисли ҷангиёи Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ба қаламрави шӯравии пешин - яъне ба маҳалли барои онҳо ошно бармегарданд.
Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус, мегӯяд, ба иттилои манобеи ҳукуматӣ дар бораи боздошти чеченҳо дар Тавилдара боварӣ надорад
Вале ба андешаи таҳлилгари дигари минтақаӣ Аркадий Дубнов, ҳоло чунин хулосабарорӣ сахттар аст, ки оё воқеан ҳам гурӯҳҳои шӯришӣ аз марзи Покистону Афғонистон ба Осиёи Марказӣ гузашта дар фикри ноором кардани вазъ дар Тоҷикистону дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя бошанд. Рӯйдодҳои марбут ба куштори Мирзо Зиёевро вай як масъалаи сирф тоҷикистонӣ қаламдод кард ва гуфт, дар изҳороти марбут ба куштори генерал барои ӯ шахсан ҳамин ҷиҳати масъала ғайримантиқӣ намуд, ки дар миёни боздоштшудаҳо боз панҷ шаҳрванди Русия - чечентаборҳо буданд. Аркадий Дубнов мегӯяд, "чаро панҷ шаҳрванди Русия, чеченҳо дар зиндони Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванду ин масъала Русияро нигарон намекунад? Ё онҳо гуфтанӣ ҳастанд, ки ин ҷо пайи хориҷиҳо дида мешавад? Пас чаро Русия барои истирдоди онҳо талош намекунад. Ин як. Дуюм чизи тааҷҷубангез ҳалокати Мирзо Зиёев аст. Муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки гӯё Мирзо Зиёев барои гуфтушунид бо ҷангиён рафту онҳо ба сӯяш тир кушоданд».