Ба гуфтаи ҳодисаҳои ахир дар ин ноҳия мардумро то ҷое ба ташвиш овардааст, вале дар шаҳраки Тавлидара ваҳму нигаронии сокинони он эҳсос намешавад. Дар маркази ноҳия дӯкону мағозаҳо бозанд ва мардум дунболи рӯзгори худ мебошанд.
Ва нафароне, ки хабарнигори радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсӯҳбат шудааст, мегӯянд, аз он дар ташвишанд, ки ин ноҳия дубора ба маркази нооромиҳо табдил наёбад.
Вале дар роҳ аз минтақаи Лабиҷар то маркази Тавилдара се посгоҳ бо афроди низомӣ боқӣ мондаанд, ки асноди мусофирони роҳгузарро тафтиш мекунанд. Ва ба нақли хабарнигор, сарбозони ин посгоҳҳо бо мусофирон муносибати хуб нишон медиҳанд.
Ҳодисаи куштори генерал Мирзо Зиёев яке аз мавзӯъҳои аслии сӯҳбатҳои сокинони ноҳияи Тавилдара буда, аксарияти онҳо аз ин ҳодиса изҳори таассуф мекунанд ва аз саховату хизматҳои ӯ ёдовар мешаванд.
Аз рӯи мушоҳидаи хабарнигори мо, даромадгоҳи манзили сеошёнаи Мирзо Зиёев, ки дар кӯчаи Вахёи шаҳраки Тавилдара воқеъ аст, бо мӯҳр баста мебошад.
Ба нақли мардуми Тавилдара, писари Мирзо Зиёев, ки тибқи иттилои мақомоти расмӣ, қабл аз кушташавии падараш ҳамроҳ бо ӯ дар яке аз посгоҳҳои Тавилдара боздошт шуда буд, озод шудааст ва ҳоло дар манзили бобояш дар деҳаи Хуҷаи Хлози Тавилдара ба сар мебарад.