Ин ёдгориҳои таърихӣ иборат аз ашёи қадимаи рӯзгор, зару зевари занона ва китобу дастхатҳои нодире мебошанд, ки ба асрҳои аз 10 то 19-и мелодӣ тааллуқ доштаанд. Ин ашёҳо ба Вазорати фарҳанги кишвар баргардонда шудаанд.
Масъулини Вазорати фарҳанг мегӯянд, чунин ҳодисаҳои мавриди қочоқ қарор гирифтани ёдгориҳои нодир ва атиқа зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки қочоқбарон бо истифода аз вазъи ногувори иқтисодии кишвар ва ниёзмандии мардум, онҳоро аз сокинони кишвар бо нархи ночиз харидорӣ ва ба шарвандони хориҷи дур бо нархҳои қобили мулоҳиза мефурӯшанд.
Музаффар Азизов, мудири шӯъбаи ҳифзи ёдгориҳо ва мероси таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин мероси гаронбаҳо зимни як амалиёти муштараки кумитаи гумрук ва Вазорати фарҳанг аз қочоқбарон мусодира шудааст.
Ҳодисаҳои ба ғорат бурдани ашё ва анвои нодири мероси таърихӣ аз осорхонаҳои Тоҷикистон зиёд сабт шудааст, ки аксари онҳо аз дасти шаҳрвандони Афғонистони ҳамсоя дар гузаргоҳи Панҷи Поён мусодира шудаанд. Танҳо тайи ду моҳи ахири соли равон чунин ҳодисаҳо дар ин гузаргоҳ бори дуввум ба мушиҳида расидааст ва дар нахустинаш, ки авоили моҳи май рух дод, аз дасти қочоқбарон беш аз 60 ашёи қадима, аз қабили зевари занона ва куртаву тоқиҳои зардузиву гулдӯзишуда, мусодира ва ба осорхонаи Ҳулбук баргардонида шуданд.
Дар ҳамин ҳол Музаффар Азизов, мудири бахши ҳифзи ёдгориҳо ва мероси таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, чанд омили аслиро сабаби афзоиши мавриди ғорату қочоқ қарор гирифтани ёдгориҳои таърихӣ медонад. Вай мегӯяд, яке аз онҳо, бино ба камии маблағ аз ҷониби ҳукумат харидорӣ нашудани чунин ашёи аҳамияти таърихидошта аз сокинони кишвар ва дигаре адами феҳрасти ин мероси таърихӣ, назорат ва системаи ҳифозати мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ дар осорхонаҳои Тоҷикистон будааст.
Оқои Азизов бо назардошти чунин вазъият пешниҳод мекунад, ки бояд як кумиссиюни вижаву муштарак аз ҳисоби бостоншиносон ва намояндагони ниҳодҳои ҳукумативу ҷамъиятӣ созмон дода шавад ва ин кумиссиюн теъдоди умумии ашё ва нигораҳои таърихиро дар осорхонаҳои кишвар ва низ ашёи нодире, ки дар дасти афроди алоҳида колексия мешаванд, феҳраст кунад.
Масъулини Вазорати фарҳанг мегӯянд, чунин ҳодисаҳои мавриди қочоқ қарор гирифтани ёдгориҳои нодир ва атиқа зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки қочоқбарон бо истифода аз вазъи ногувори иқтисодии кишвар ва ниёзмандии мардум, онҳоро аз сокинони кишвар бо нархи ночиз харидорӣ ва ба шарвандони хориҷи дур бо нархҳои қобили мулоҳиза мефурӯшанд.
Музаффар Азизов, мудири шӯъбаи ҳифзи ёдгориҳо ва мероси таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин мероси гаронбаҳо зимни як амалиёти муштараки кумитаи гумрук ва Вазорати фарҳанг аз қочоқбарон мусодира шудааст.
Музаффар Азизов, масъули Вазорати фарҳанг, мегӯяд, таъсиси як кумиссиюни бақайдгирии ёдгориҳои таърихӣ дар кишвар зарур аст
Вай афзуд, тафтишот собит кардааст, ки қочоқбарон кулли ин ашёи қадимаи рӯзгор ва зевари занонаро аз сокинони навоҳии дурдасти кишвар бо қимати ночиз харидаанд, ки аксаран аз нуқраи холис сохта шудаву бо сангҳои қимматбаҳо оро дода шудаанд.Ҳодисаҳои ба ғорат бурдани ашё ва анвои нодири мероси таърихӣ аз осорхонаҳои Тоҷикистон зиёд сабт шудааст, ки аксари онҳо аз дасти шаҳрвандони Афғонистони ҳамсоя дар гузаргоҳи Панҷи Поён мусодира шудаанд. Танҳо тайи ду моҳи ахири соли равон чунин ҳодисаҳо дар ин гузаргоҳ бори дуввум ба мушиҳида расидааст ва дар нахустинаш, ки авоили моҳи май рух дод, аз дасти қочоқбарон беш аз 60 ашёи қадима, аз қабили зевари занона ва куртаву тоқиҳои зардузиву гулдӯзишуда, мусодира ва ба осорхонаи Ҳулбук баргардонида шуданд.