Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздии аср дар осорхонаи Беҳзод


Абдувалӣ Шарифов, муовини раиси осорхонаи ба номи Беҳзод дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, мусаввараи «Модар бо тифлаш»-ро мусаввири маъруфи олмонӣ Ниссен соли 1878 офаридааст. Онро соли 1945 яке аз осорхонаҳои Руссия ба Тоҷикистон тақдим кардааст. Абдувалӣ Шарифов меафзояд, мусаввара нусхаи асл буд ва қимати бузурги фарҳангӣ дошт.

«Модар бо тифлаш» ним сол қабл рабуда шуд, вале кормандони осорхона баъд аз муроҷиати расмии вазорати фарҳанг Интерпол ваё Пулиси байналмилалӣ ва додситониро аз ин ба истилоҳ "дуздии аср дар Тоҷикистон" огаҳ кардаанд. Абдувалӣ Шарифов гуфт, мусаввара рӯзи душанбеи 15 августи соли 2005, рӯзи истироҳати муҳофизони осорхона рабуда шудааст:

«Осорхона рӯзҳои шанбеву якшанбе кор мекунад, зеро бештари мардум фақат рӯзҳои истироҳат ба осорхона меоянд. Рӯзи душанбеи ҳар ҳафта муҳофизони осорхона истироҳат мекунанд. Бо сабабҳои номаълум, ки шояд тафтишот муайян кунад, рӯзи душанбеи 15 августи соли 2005 касе дарҳои осорхонаро боз кардааст ва ҳамон рӯз мусаввараи «Модар бо тифлаш» аз толори осорхона ғайб задааст»

Дар осорхонаи ба номи Беҳзод айни ҳол беш аз 50 ҳазор нигораи нодири таърихӣ маҳфуз аст. Аз ҷумлаи 3 ҳазор мусаввара 1.880 донааш маҳсули килки рассомони аврупоист. Ва аммо, меафзояд Абдувалӣ Шарифов, чанд мусаввара нусхаи асл аст ва чанде аз он тақаллубист, гуфтан душвор аст. Барои ташхиси мусаввараҳо бояд комиссияи махсуси бозрасии ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ рӯи кор ояд. Аз сӯи дигар, таҷҳизоти ҳифзи нигораҳои осорхона тӯли даҳсолаҳо таҷдид нашудааст ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Қаблан, раиси осорхона Гулчеҳра Нӯъмонова низ дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ, фарзияи бо сабаби фарсуда будани таҷҳизоти ҳифзи ёдгориҳо рабуда шудани мусаввараро ба миён гузошта буд.

Санъатшиносон ҳадс мезананд, ки «Модар бо тифлаш» дар бозори сиёҳи фурӯши мусаввараҳо садҳо ҳазор доллари амрикоӣ қиммат дорад.
XS
SM
MD
LG