Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аҷинатеппа" зери қаноти ЮНЕСКО меравад


Ахиран, як ҳайъате аз масъулон ва коршиносони UNESCO дар Тоҷикистон як сафаре анҷом доданд ва ҳадафи онҳо аз ин сафар боздид аз макони ёдгориҳои таърихии кишвар будааст.

Ин ҳайъат зимни боздиди худ аз макони таърихии мавсум ба Аҷинатеппа, ки дар 90-километрии ҷануби Душанбе, дар наздикии шаҳри Қурғонтеппа ҷой гирифтааст, гуфтааст, қарор аст, дар соли ояндаи 2008 мероси таърихии «Аҷинатеппа» комилан ба таҳти ҳимояти ЮНЕСКО қарор дода шавад.

Ба гуфтаи мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ин ягона ёдгории таърихӣ дар қаламрави Тоҷикистон аст, ки аз ҳимояти комили ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бархӯрдор хоҳад шуд.

Боздиди ҳайъати масъулон ва коршиносони ЮНЕСКО, бо раҳбарии Рунолд Лин - масъули бахши мероси фарҳангии ин созмон аз макони таърихии Аҷинатеппа, дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ковишҳои бостоншиносӣ ва бозсозии минтақаи воқеияти ин мероси таърихӣ аз ду соли пеш ба ин сӯ идома дорад. Ба гуфтаи Музаффар Азизӣ, раиси бахши ҳифозати ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, пас аз анҷоми кори муваффақонаи кори ҳифозат ва амн сохтани каниса, инчунин муҷассамаи Буддо, ёдгории таърихии Аҷинатеппа таҳти комили ҳифозати ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонӣ қарор хоҳад гирифт.

Албатта ворид шудани кадом як мероси таърихӣ ба феҳрасти ёдгориҳои бостонии таҳти пуштибонии комили ЮНЕСКО аҳамияти хоса бузург дорад, ба вижа дар мавриди муаррифии инчунин мероси таърихӣ дар ҷаҳони муосир.

Таври маълум қаблан, дар соли ҷорӣ дар Душанбе бо пуштибонии намояндагии ЮНЕСКО ҳамоише баргузор шуд, ки ворид сохтани мероси таърихии Роҳи абрешими ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО мавзӯъи аслии матраҳшавандаи ин нишаст буд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин ҳамоиш тақозо кардааст, ки 8 ёдгории таърихии кишвар, аз ҷумла Тахти сангин, Аҷинатеппа, Панҷакент, Бунҷикат ва қалъаи Ҳисор ба феҳрасти мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шаванд. Ин дар ҳолест, ки ЮНЕСКО тасмим гирифтааст, барои таҷдиди феҳрасти ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Роҳи абрешим ҳудуди 10 миллион доллар ихтисос диҳад.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон бештар аз 2 ҳазор ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дорад, аммо то ҳол ҳеҷ кадом аз ин ёдгориҳо мавриди ҳимояти UNESCO қарор нагирифтаанд. Аз ҷамъи ин мерос 325 мероси таърихӣ, 1264 мероси археологӣ ва 285 ёдгориҳои меъморӣ будааст. Дар замони шӯравии собиқ дар Тоҷикистон 18 ёдгории таърихӣ таҷдид ва барқарор карда шуда буд, аммо дар замони истиқлолияти кишвар теъдоди ёдгориҳои бостонии таҷдид ва бозсосишуда ба маротиб афзоиш ёфтааст. Зеро дар ин давра ба ҷуз аз маблағҳои ихтисосдодаи ҳукумати кишвар, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ низ дар таҷдид ва бозсохти ин қабил мероси фарҳангии Тоҷикистон саҳм доштаанд.

Тибқи иттилоъи масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар соли 2005 милодӣ бо кӯмаки молии ҳукумати Ҷопон раванди бозсозии ёдгории "Аҷинатеппа" шурӯъ шуда ва қарор аст, дар соли оянда ба анҷом бирасад. Ҳукумати Ҷопон барои иҷрои ин тарҳ муодили 700 ҳазор доллари амрикоӣ тахсис додааст.

Зимнан, ба ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ дар соли 1966-и милодӣ дар "Аҷинатеппа", дар ҷануби Тоҷикистон муҷассамаи "Буддо дар ҳолати нирвона ё хусбида" кашф гардида, ки он 13 метр буда ва аз бузургтарин муҷассамаи Буддо дар Осиёи Марказӣ аст.

Мавзеъи таърихии "Аҷинатеппа", дар майдони 1, 5 гектар воқеъ шуда ва ба гуфтаи бостоншиносон, ин ёдгорӣ мутааллиқ ба қарнҳои 7-8 то милод мебошад.

Ҳамчунин, баъдан дар 170 километрии шарқи маҳалли мавқеияти Аҷинатеппа маъбади дигари буддоӣ бо номи Чепивол кашф шуда буд, ки ҳанӯз ин минтақаи таърихӣ мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG