Раиси шаҳраки Тавилдара Нуриддин Шоев низ овозаҳоро рад кард ва гуфт, ҳеҷ чиз ва ҳеҷ каси бегонаро надидааст ва вазъ дар ноҳияи Тавилдара мӯътадил аст.
МАРДУМ ЧӢ МЕГӮЯД?
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Рашт, ки феълан дар ноҳияи Тавилдара аст, бо сокинони маҳаллӣ низ сӯҳбат кардааст ва мардум ба ӯ гуфтаанд, овозаҳоро дар ин бора зиёд шунидаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, дар чеҳраҳои мардум аломати хавотир ва изтироб мушоҳида мешавад, чун ба гуфтаи худи мардум, «моргазида аз ресмони ало метарсад.»
Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, дар кӯчаҳои Тавилдара низомиёнро мушоҳида накардааст, вазъ оддӣ ба назар мерасад ва дар роҳ аз Рашт ба Тавилдара посгоҳҳоро низ, ба истиснои ду посгоҳи БДА, надидааст.Шарқи Тоҷикистон дар солҳои навадум ба яке аз майдонҳои аслии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба шумор меомад.
Ба дунболи эъзоми як гурӯҳи муштараки ниҳодҳои амниятиву қудратӣ ба минтақаи Рашт миёни мардум овозаҳо пайдо шуданд, ки гӯё дар минтақа тарафдорони мусаллаҳи Мулло Абдулло, яке аз собиқ фармондеҳони мухолифин ҷамъ омадаанд. Мулло Абдулло Раҳимов аз фармондеҳони пешини мухолифини тоҷик буд, ки шароити тавофуқоти сулҳи ҳукумат ва мухолифинро напазируфт ва дар соли 2000 таҳти фишори нерӯҳои ҳукуматӣ кишварро ба қасди Афғонистон тарк карда буд.
ЭЪЗОМИ ЯК ҲАЙАТ АЗ ХОРУҒ
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Хоруғ, маркази маъмурии вилояти Бадахшон, гузориш медиҳад, ки як гурӯҳи сарбозону афсарони воҳиди махсуси раёсати корҳои дохилии ин вилоят ба ноҳияи Дарвоз эъзом шуданд. Муовини аввали сардори раёсати умури дохилии вилоят Шараф Азизуллоев изҳор дошт, ки ин гурӯҳ ба манзури ширкат дар амалиёти «Кӯкнор-2009» ба маҳалли Зиғари ноҳияи Дарвоз сафарбар шудаанд. Ин дар ҳолест, ки эъзоми як гурӯҳи таъйиноти махсус ба манотиқи дурдасти вилоят ба манзури ширкат дар амалиёти зиддикӯкнор тайи солҳои охир бесобиқа будааст ва коршиносон ин иқдомро ба таҳаввулоти ахир дар минтақа вобаста медонанд.
Аз ноҳияи Дарвоз хабарҳои зидду нақиз ба гӯш мерасанд,вале муовини аввали раиси ноҳия Аловуддин Афғонов дар тамоси телефонӣ изҳор дошт, ки раиси ноҳия тайи се рӯз дар маҳалли Сағирдашт бо мардум мулоқот анҷом додааст ва вазъ дар ин маҳал куллан ором будааст, аммо оид ба вазъият дар ноҳияи ҳамшафати Тавилдара чизе гуфта наметавонад.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз манбаъҳо дар вилоят дар бораи пайдо шудани афроди ношинохт ва шубҳабарангез дар маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвоз сӯҳбат мекунанд. Аммо мақомоти расмӣ вуҷуди ҳар навъ нирӯи зиддидавлатӣ дар он минтақаро радд мекунанд ва мегӯянд, эъзоми нирӯҳо ба навоҳии шарқи Тоҷикистон танҳо дар чаҳорчӯби амалиёти саросарии “Кӯкнор-2009” сурат мегирад.
ДАР ҲАМИН ҲОЛ...
Сардори раёсати оҷонсии зидди маводи нашъадор дар вилояти Бадахшон Мародҳусейн Алиёров мегӯяд, ки кормандони оҷонсӣ дар доираи як амалиёти зидди маводи мухаддир дар маҳалли Кеврон ва манотиқи наздик ба он дар ноҳияи Дарвоз зиёда аз 912 бех кӯкнорро кашфу решакан ва мусодира кардаанд.