Бархе аз сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, дар наздикии посгоҳ садои тирпаронӣ баланд шудааст.
Хабаргузории "Азия-Плюс" ба нақл аз як шоҳиди ҳодиса гуфтааст, афроди ношинос талош кардаанд, аз посгоҳ гузашта ба самти маркази ноҳияи Тавилдара ҳаракат кунанд, аммо бо муқовимати кормандони милиса, ки дар ин посгоҳ буданд, рӯбарӯ шуданд.
Чанде аз ҳамлаварон захмӣ шуда ва боқимонда пас аз даргири шадид тавонистаанд, ҷойи ҳодисаро тарк кунанд.
Мақомоти расмӣ аз шарҳи ин хабар худдорӣ кардаанд.
Ҳамзамон Асадулло Неъматов, навбатдори фаврии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дарвоз, гуфт, пас аз зӯҳри дирӯз, 8-уми июл, шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ барои ҳаракати нақлиёт баста шудааст. Вале дар бораи сабаби қатъи ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Сағирдашт иттилое дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол раиси ҷамоати деҳоти Сағирдашт дар як сӯҳбати телефонӣ гуфт, авзоъ дар Сағирдашт ором аст. Вай басташавии роҳро ба боронгариҳои шадиди зӯҳри рӯзи гузашта марбут донист.
Тафсилоти бештари воқеа дар давоми рӯз нашр хоҳад шуд.