Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои мусбати бозгашти муҳоҷирон


Хонаи навъи нав дар Шуғнон.
Хонаи навъи нав дар Шуғнон.

Рафтуомади муҳоҷирони тоҷик ба Русия тадриҷан ба баъзе аз одату суннату фарҳангҳои маҳаллӣ таъсири худро мерасонад.

Чунончи, дар Бадахшон биноҳоро одатан аз санг месозанд. Вале муҳандиси ҷавон, Ато Давлатназаров, ки аз муҳоҷирати Русяи баргаштааст усули нави бо истифодаи партови дарахтон сохтани биноҳоро пешниҳод мекунад.

Бинои дуошёнаи ин муҳандиси ҷавон, ки дар деҳаи Кушки ноҳияи Шуғнон аз шохчаҳои беду сафедор сохта шудааст, дар байни хонаҳои сангин ғайриоддӣ ба назар мерасад.

Ба гуфтаи муҳандис, чунин хонаи аз шохи дарахтон сохта ва бо тароша мустаҳкаму лакшуда, тобистон салқину зимистон гарм меояд ва
Фарши табақаи аввали хонаи шакли нав.
сохтани он харҷи кам талаб мекунад.

Аллакай якчанд соҳибкори маҳаллӣ барои сохтани биноҳои хурдҳаҷм ва чойхонаву ошхонаҳои сайёр аз шохи дарахтон ба Давлатназаров фармоиш додаанд.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар шароити камбуди ҷой дар маркази вилоят бо истифода аз чунин масолеҳи сохтмонии сабук мушкили васеъ намудани иқоматгоҳ ё сохтани ҳуҷраҳои иловагиро ҳал мекунанд.

Муҳандиси мақомоти шаҳрдорӣ, Султоншо Нодилёбов, ҳамчунин бунёди биноҳои мавсимиро аз чунин масолеҳ, ки дар сурати зарурат онро метавон ба осонӣ аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯч дод, бартар мешуморад ва ин афзалиятҳоро сабаби ҷалби таваҷҷӯҳ ба усули нави хонасози арзёбӣ мекунад.

Давлатназаров ширкати бинокорӣ таъсис додааст, ки дар он якчанд ҷавони маҳаллии собиқ муҳоҷир кор мекунанд.

Бозгашти муҳоҷирон ба зуҳури дӯконҳои Шаурма низ сабаб гаштааст. Сӯҳроб Девлохов, як сокини Хоруғ мегӯяд, ки вақте аз муҳоҷират баргашта, ба хотири зарурат нахустин дӯкони шаурмапазиро кушод, бовар надошт, ки ин ғизои нисбатан нав ин қадар зуд дар байни харидорон маҳбубият пайдо мекунад.

Дарвозаи табақаи аввал.
Ба иттилоъи идораи иқтисоди Бадахшон бо бозгашти муҳоҷирон дар маркази вилоят қаҳвахонаҳои таомҳои миллӣ ва аврупоӣ, салонҳои мӯд, ширкатҳои бинокор рӯ ба афзоиш ниҳодаанд.

Муҳоҷирон пас аз бозгашт рӯ ба раҳми Худо наменишинанд, балки бо истифода аз таҷрибаҳои худ даст ба ободиҳои нав мезананд.
XS
SM
MD
LG