Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба хизмати ватан, ё ба муҳоҷирати корӣ?


Фаридун 22 сол дорад ва давоми 6 сол мешавад, ки ба Русия барои мардикорӣ меравад.

Фаридун мегӯяд, ки муҳоҷирати пайвастаи ӯ ба Русия маҳз ба хотири таъминоти хонаводаашон ва фирор аз хизмати артиш сурат гирифтааст. Вай мегӯяд, вай ҳам мисли фарзандони мақомот ва хонаводаҳои дорои Тоҷикистон намехоҳад дар артиш хизмат кунад.
Вай меафзояд, ҳоло вазифаи аввалиндараҷаи ӯ чун писари хонадон таъмини оила бо пулу маблағ аст, ки худ шояд то ҷое баробар бо хизмат дар артиш аст.

Фаридун мегӯяд, «вақте хонаводаи мо кӯмак ниёз доранд, дигар чи кор мекунем? Маҷбурем, ки оиларо бо пул таъмин кунем. Медонам, ки вазъи сарбозон дар армия хуб нест. Ман боз меравам. Дар Тоҷикистон кор нест, маош нест, бигузор писарони мансабдорон хидмат кунанд, онҳо низ назди қонун вазифадоранд барои адои хизмат».

Фаридун ҳамагӣ як моҳ мешавад, ки мувақатан ба ватан баргашта тасмим дорад, дар поёни тобистон боз ба муҳоҷират равад. Вай баъди хатми мактаби миёна тасмим доштааст ба донишгоҳи тиббӣ дохил шавад, вале вакте ӯро аз имтиҳони охирини ҳалкунанда баргардонда барои дохил шудан маблаги калон талаб кардаанд, хеле дилсард шуд.

Вай ҳамроҳи падараш дар Русия муҳоҷир аст ва ҳар моҳ ба буҷаи оилаашон аз 200 то 300 доллар фоида меоранд. Вай ин саҳми худро баробар бо хизмат ба ватан медонад, чунки ба гуфтаи ӯ, давлати Тоҷикистон манфиатдор аст, ки мардум дар шароити бекории сартосарӣ ниёзманду дастнигар набошанду эҳсоси норозигӣ аз зиндагӣ дар миёни онҳо афзоиш наёбад.

Ба монанди Фаридун даҳҳо ҷавонони Тоҷикистон имрӯз бо сабабҳои фақри хонаводагӣ дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ қарор доранд. Ва онҳо барои хонаводаҳои хеш кӯмаки молӣ мерасонанд. Ва ин хонаводаҳо низ аз ноилоҷӣ ва фақру нодорӣ ба меҳнати сангину душвори писаронашон дар хориҷи ватан чашм мепӯшанд.

Бино ба итилои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, феълан 40 дарсади муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия ҷавонон ташкил мекунанд ва ба гуфти ҳамин манбаъ дар шароити имрӯзаи бӯҳрони ҷаҳонӣ, ки дар Русия таъсираш шиддат мегирад, ҷавонони муҳоҷири тоҷикистонӣ нияти ба ватан баргаштан надоранд. Ба таъкиди ҳамин манбаъ, зимни як назарпурсӣ ҷавонони мухоҷири тоҷикистонӣ сабаби барнагаштанашонро ба ватан бо сарпечӣ аз хизмати артиш шарҳ додаанд.

Муҳаммад Шарифов, як нафар омӯзгори ҷавон, ки чанд маротиб ба муҳоҷират рафтааст, мегӯяд, ки дар Русия бо ҷавонҳое вохӯрдааст, ки бо вуҷуди иддае аз ҷавонон дар шароити бӯҳрон дар ин кишвар бекор ҳастанд, аммо ҳохиши ба ватан баргаштан надоранд.

Муҳаммад низ мегӯяд, ки аз як сӯ ҷавонони муҳоҷирро фаҳмидан мумкин аст, ки чаро фарзандони мансабдорон хидмат намекунанду писарҳои деҳқонону дигар бечорагон бояд дар хизмат азият шаванд. Вай меаязод, ки вазъият бояд ислоҳ шавад ва давлат бо таваҷҷӯҳ ба ин мавзӯъ тадбир андешида, хидмати фарзандони мансабдорону ашхоси сарватмандонро низ пурра таъмин кунад.

Замира Раҷабова, модари 4 нафар фарзанд, дар сӯҳбати бидуни микрафон ба «Ояндасоз» гуфт, ки писараш имсол мактаби миёнаро хатм кардааст ва аз тарси он, ки ӯро ба хидмат набаранд, ду рӯз пеш ӯро ба Русия гусел кард. Хонум Замира мегӯяд, ки дар ноҳияе ки ӯ зиндаги мекунад, чунин хонаводаҳо кам нестанд, ки ба мӯҳоҷират рафтани писаронашон ва кӯмаки иқтисодии онҳоро барои хонаводаҳо аз хидмат ба артиш мӯҳим медонанд.
XS
SM
MD
LG