Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи даъват ба артиши Тоҷикистон “пеш аз муҳлат” иҷро шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш, ки моҳи октябри имсол оғоз шуда буд, "пеш аз муҳлат" иҷро гардид. Дар гузашта дар мавсими даъвати ҷавонон ба хидмат шикоятҳо аз "сарбозшикор"-и ҷавонон бештар садо медод.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи вазорат, 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “нақша ду рӯз пеш сад дар сад иҷро шуд”.

Дар Тоҷикистон соле ду давра – дар баҳор ва тирамоҳ – маъракаи ҷалби ҷавонон ба артиш сурат мегирад. Солҳост, ки ин маърака олуда ба хабари “облава” ё бо зӯр ба артиш ҷалб кардани ҷавонон мебошад.

Баъзе аз волидон имсол шикоят карда буданд, ки мақомот ба онҳо бо ҳар васила фишор меоранд, то фарзандони муҳоҷир ё донишҷӯйи худро барои рафтан ба артиш аз Русия ба Тоҷикистон баргардонанд.

Аксарият далели фирор аз артишро ба шароити нохуб ва “дедовишина” пайванд медиҳанд.

Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми ноябр дар бораи марги Ботир Эргашев, сарбози 20-солаи Нерӯҳои марзбонии КДАМ, дар қисми низомӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гузориш дод. Намояндагони Нерӯҳои марзбонӣ ҳангоми супоридани ҷасади Ботир Эргашев ба волидонаш гуфтаанд, ӯ худкушӣ кард". Падараш, Баҳодур Эргашев, иддао дорад, ки дар бадани ҷавон осори латукӯб буд.

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ дар гузорише гуфтааст, дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шуд. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 нафар аз беморӣ фавтиданд".

XS
SM
MD
LG