Ва дар кишваркушоӣ низ Христофор Колумби эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин шуд. Ӯ, ки чанд сол қабл роҳи Дубай ва роҳи Туркияро барои овозхонони тоҷик боз карда буд, ба Амрико рафт ва бо продюссери маъруфи эронитабор Коҷу Зодурӣ қарордод ҳам баст, ки ба бозори мусиқии попи эронӣ роҳ биёбад. Аммо бо вуҷуди адои чанд тарона бо гӯиши теҳронӣ, ки ба аксари мухлисонаш хуш наомад, Садриддин дар ин кишваркушоӣ чандон муваффақ нашуд, ки мехост. Садриддин имсол ба як ибтикори дигар низ оғоз гузошт ва аз байни ҳунармандон нахустин шуда, аз ширкати маҷҷонӣ дар гала-консертҳо ва шабнишиниҳои расмӣ даст кашид. Ба далели ҳамин эътироз буд, ки пайи пойи Садриддини Наҷмиддин акнун аз экрани шабакаҳои расмии телевизонии кишвар рӯфта шуда, ӯ дигар дар майдони эстрада он майдондори аввале нест, ки чанд сол ба ин сӯ буд. Аз сӯи дигар, аз Садриддин имсол таронаҳое низ ба даст наомад, ки ин майдонро дар воқеъ биларзонад.
Аммо суннати кишваркушоиро ба дунболи Садриддин ва ҳатто беҳтар аз ӯ, имсол Шабнаму Ҷонибек, фарзандони ҳунармандони маъруф Сурайёи Қосим ва Ҷӯрабеки Мурод идома доданд. Шабнаму Ҷонибек аз Аврупо дидан карда ва ҳамроҳ бо овозхони афғон Наҷим Наввобӣ дар Бритониёву Олмон ва Ҳолланд чанд консерт гузоштанд.“Ҳама қарсак”, ки ин сегона иҷро мекунад, аз пуршунавандатарин таронаҳои як соли гузашта буд. Ҷонибеку Шабнам имсол бештар дуэт ва тавре шунидем, бо Наҷим Наввоб ҳатто трио хонданд, вале аз ҳарду чанд таронаи алоҳида низ ба даст омад.
Дар яккахонӣ Ҷонибек шояд муваффақтар омадааст, ки таронаи “Мастам”-аш дар ҷумлаи таронаҳои бозоргири соли 2008 буд.
Ба фарқ аз Шабнами Сурайё, ки дар пайравӣ аз шарики саҳнавиаш Ҷонибеки Мурод, имсол асосан дар равиши мусиқии афғонӣ тарона иҷро мекард, сабки хондани хоҳараш Фарзонаи Хуршед имсол боз ҳам халқитар шуд. Дар соли 2008 Фарзона бо таронаи “Вой ёракум омад” ба дили мухлисон роҳ ҷуста буд.
Аммо аз чӣ бошад, ки Сӯҳроби Маҳмуд ва инак бародари хурдиаш Олими Маҳмуд низ, чанд сол боз ба ҳамон як шева ва як сабк тарона мехонанд? “Аз чӣ бошад?”, ки оҳангашро Олим навишта ва худи таронаро Сӯҳроб иҷро кардааст, яке дигар аз хонданҳои маҳбуби соле буд, ки гузашт.
“Маро бубахш”. Дар тобистони сол Зиёвуддини Нурзод таҳти ин унвон дар як консерти ҷадид маҷмӯъаи таронаҳои навашро муаррифӣ кард, ки таронаи аввалаш низ “Маро бубахш” ном дошта, ҳокист, ки Зиёвуддин ба фарқ аз ағлаби овозхонҳои тоҷик, дар таҳияи таронаҳояш ба матн сахт таваҷҷӯҳ мекунад.
Аммо аз устодон. Ба фарқ аз солҳои қаблӣ овозхонҳои собиқадор дар мусиқии попи соли 2008 нақши чандоне надоштанд. Аз устодон имсол албоми тоза ҳам кам омаду таронаи нав ҳам. Чанд таронаи хотирмон дар ин сол аз албоми “Муҳаббати Малика” ба даст омад. Ин албоми ҷадид ҳокист, ки гузашти айём бар ҳусн ва ҳунари Маликаи Саид танҳо афзудааст.
Соли 2008 соли авҷи таронаҳои пур аз пафос ва ба истилоҳ ватандӯстона буд. Дар сардиҳои шадиди моҳи январи сол таронаи “Имсол соли нур аст” аз Фахриддини Малик буд, ки албатта, зӯраш ба гарму рӯшан кардани хонаҳои мардум намерасид, вале ақаллан дили ин мардуми дар ҳоли азиятро каме гарм мекард. Яке дигар аз таронаҳои пуршунавандаи патриотик дар соле ки гузашт, маҳсули Тобиш ва Ҷаъфар бо исми “Қасам” буд, ки дар ҳама консертҳои ҷашнӣ ва ҳамин тавр тақрибан ҳар рӯз тавассути родиёҳову телевизионҳо намоиш дода мешуд.
Сарнавишти муҳоҷироне, ки рӯзии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистонро таъмин мекунанд, низ дар мусиқии попи тоҷикӣ ҷойгоҳи умдае пайдо кардааст. Агар соле пеш таронаи “Ғарибӣ”-и Мастер Исмоил дар ин бахш мақоми аввал дошт, имсол Баҳроми Ғафурӣ бо таронаи “Муҳоҷирбача”, ки матн ва оҳангашро ҳамкори мо дар Радиои Озодӣ Фарҳоди Милод навиштааст, маҳбубияти зиёд ба даст овард. Ба хусус дар дили бачаҳои муҳоҷири тоҷик ва онҳое, ки дар Ватан роҳи ин муҳоҷирбачаҳои раҳдурро мепоянд.
Яке аз муҳоҷирони мухотаби Баҳром Асомуддин ном дорад. Асомуддин бо пуле, ки аз мардикорӣ дар Русия ба даст овардааст, таронае бо номи “Парасту”-ро сабт ва мунташир кард, ки дар як они воҳид дар сархати таронаҳои пуршунавандаи соли 2008 қарор гирифт. Асомуддин аз ангуштшумор ситораҳои навест, ки дар соли 2008 дар осмони эстрадаи тоҷик дурахшиданд.
Аммо аз байни ситораҳои ҷадиди ин осмон дар соле ки гузашт, парвози аз ҳама баланд парвози Таҳмина Ниёзова, набераи овозхони маъруф Боймуҳаммади Ниёз буд, ки шоҳҷоизаи озмуни байналмилалии “Интервидение” дар шаҳри Сочии Русияро бо худ бурд. Ва шояд маҳз ширкати фаъолонаи муҳоҷирони тоҷик дар раъйгирии озмун буд, ки пирӯзии Таҳминаро дар ин сабқат таъмин кард.
Ситораи дигари мо Нозияи Кароматуллоҳ ба фарқ аз як соли барояш хеле пурмаҳсул, ки ӯ ҳамроҳ бо бародараш Муҳаммадрофеъ дар Душанбе консерти пуршукӯҳе низ гузошта буд, имсол шояд ситора дар ҳаво медид, ки аз кӯлбори эҷодиаш имсол танҳо ҳамин як тарона дар хотирҳо нақш бастааст.
Аммо сабки бадахшӣ, ки аз солҳои ҳаштод ба ин сӯ бо шарофати ҳунармандони саршиносе, чун Далери Назар, Муборакшоҳ, Олег Фезов ва Нобовари Чанор ҳамеша гули сари сабати мусиқии попи тоҷикӣ буд, тавре мебинем, тайи солҳои охир батадриҷ ҷойгоҳи худро дар ин саҳнаву ин майдон аз даст медиҳад. Ва имсол фақат Толибшоҳ буд, ки талош дошт, парчами заминшудаи сабки бадахширо дубора баланд кунад.
Аммо агар аз бозгаштҳо бигӯем, пурсарусадотаринаш, албатта, бозгашти Манижаи Давлат баъд аз ду соли хомӯшӣ буд. Таронаи “Ало ай беҳтар аз дунё”, ки Манижа ҳамроҳ бо овозхони низ чанд муддат инҷониб мӯҳрбалаби гурӯҳи пошхӯрдаи “Фарзин” Ҳабиб Ҳакимов иҷро кард, албатта, чизи бад набуд, вале на бад-он поя, ки аз Манижа баъд аз чунин танаффуси тӯлонӣ интизор доштанд.
Бозгашти дигар ба майдони эстрада, бозгашти, бояд гуфт, хеле муваффақи Валиҷон Азизов буд, ки баъди ба истилоҳ “канданаш” аз гурӯҳи “Эҳсон” акнун мустақилона ва ба гуфтаи худаш, “канда-канда” вориди майдон шуд ва ҳавои таронаҳои тӯёнаро ба ин майдон овард. Валиҷон Азизов соли пурсамареро пушти сар гузошт ва имсол якбора чанд таронааш маҳбуби мухлисон шуд. Аз ҷумла, таронаи “Нигина - нози чаман”, ки яке дигар аз оҳангҳои пуршунавандаи соли гузаштаи 2008-ум буд.