Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи Нигина ва ҳадиси як таронаи ӯ


Панҷакат ва Ҳумоюни Шаҳриёр

Дар лаби обӣ,
Шаби маҳтобӣ,
Нозанин ёре,
Мани бедоре.....


Ин тарона, ки солҳои Шӯравӣ аз забони Шоиста Муллоҷонова дар саҳнаҳо садо медод, имрӯз як ҷавондухтари оддии деҳотии тоҷикро, ки Нигина ном дорад, дар саросари Тоҷикистон маъруф намудааст.

Нигина аз шаҳри Панҷакат аст ва сарояндаи касбӣ нест. Ӯ бо ин тарона дар як озмуни «Андалеб» баромад намуд ва он абрӯпаррониҳои ӯву он нозу ишваву он чеҳраи паримонанду он садои булбулӣ ва атласи шинам ва он тоқии гулдӯзӣ буд, ки навори видеоии ин тарона қариб ҳар субҳ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон намоиш дода мешуд ва дар растаҳои фиттафурӯшӣ бестселлер буд. Ҳамакнун, либосу тоқии Нигина миёни ҷавондухтарон мӯд шудааст ва ҳар замону ҳар макон ҷавонон зери лаб «Дар лаби обӣ...» замзама мекунанд.

Ин шабе буд, ки ранҷида нигорам омад,
Бахти хандида хиромон ба канорам омад,


Нигина дар сӯҳбате, ки бо Радиои Озодӣ дошт, гуфт, ҳарчанд ҳеҷ гоҳ орзуи сарояндаи касбӣ шуданро надошт ва надорад, аммо ҷазобати санъатро дар қалби ӯ аз овони тифлӣ падараш ҷо додааст. Меҳри санъат дар хонадоне, ки Нигина бузург шудааст, чун як суннаи ниёгон аз бобокалон мерос будааст.

Падари Нигина, Ҳайдарқул Амонқулов низ овозхони касбӣ набуда ва худомӯзӣ кардааст. Падари Нигина мегӯяд, ҳанӯз аз овони тифлии Нигина маълум буд, ки ин духтарак садои хушоянде ва завқи беандоза барои як сарояндаи моҳир дорад.

Ва аммо нахустин бор берун аз хонадон садои Нигина дар саҳнаи мактаби миёна, ба ҳангоми занги охир шунида шудааст. Нигина он ҷо таронаеро бо номи «Алвидоъ» иҷро кардааст. Нигина гуфт, ҳанӯз ҳам ин сурудро ёд дорад ва назди микрофони Радиои Озодӣ ба осонӣ ин таронаро суруд:

Алвидоъ, эй мактабу устодҳо.....

Нигина ба ҳине, ки донишҷӯи омӯзишгоҳи тиббӣ буд, дар як озмун пирӯз мегардад. Ва ин боис мешавад, ки бо тавсияи овозхонаи маъруфи Панҷакат Умриҷон Баҳриев дар ду озмуни телевизионии Андалеб - 2004 ва 2006 ширкат меварзад. Маҳз ҳамин таронаи андалебии ӯ исми ӯро дар ҷомеаи имрӯз матраҳ кардааст. Ва маҳз таровату латофати Нигина ва садои ӯ ин таронаро, ки моли таърих гашта буд, умри дубора додааст.

Нигина мегӯяд, дар ҳоли ҳозир санъаткори касбӣ шудан намехоҳад ва ба маросими арӯсии хеш омодагӣ мегирад. Вале афзуд ӯ, ин ҳунарашро ҳамчун пешаи аҷдодӣ дар сӯру нишастҳои хонаводагӣ идома хоҳад дод.

Хуб бисанҷид, ки ман ошиқи як дилдорам,
Дур нашуду ҳарфаш ба дидаи чорам омад....
XS
SM
MD
LG