Бо назардошти афзоиши рӯзафзуни шумораи муҳоҷирин дар ҷаҳон, соли 2000 Маҷмаъи умумии СММ 18-уми декабрро Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирин эълон кард. Даҳсоли пеш дар соли 1990 Маҷмаъи умумӣ Муқовиланомаи байнулмилалӣ дар бораи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирини корӣ ва аъзои хонаводаи онҳоро ба тасвиб расонд. Бо тасвиби ин санад барои ҳимояти муҳоҷирини корӣ дар кишварҳои мухталиф марҳалаи нав оғоз шуд ва акнун созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар ҳар ҷо аз ҳуқуқи муҳоҷирини корӣ дифоъ ва бар зидди азияту озори онҳо ё сӯистифода аз нируи онҳо садо баланд мекунанд.
Ин санадҳои мӯътабари СММ-ро 80 кишвар эътироф кардаанд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки на дар ҳар кишвар ин санадҳо риоямешаванд.
Аслан кишварҳое бештар дар хориҷ муҳоҷирини корӣ доранд, ки дар дохили кишвари худ наметавонанд ҷойҳои кофии корӣ ба вуҷуд оранд. Ба ин сабаб нируҳои корӣ кишварро тарк мекунанд. Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин кишварҳост ва ҳоло бино ба ҳисоби тақрибӣ ҳудуди 1 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, сабти маблағи ворида аз муҳоҷирини корӣ ба Тоҷикистон аз соли 2002 шурӯъ шудааст. Дар ин сол маблағи муҳоҷирин танҳо 79 миллион долларро ташкил додааст, дар ҳоле, ки як сол баъд ин маблағ тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар он солҳо интиқоли пул тавассути бонкҳо чандон роиҷ набуд. Баъд аз се сол, яъне, дар соли 2006 ин маблағ ба беш аз 1 миллиард доллар расид. Соли 2007 тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ба як миллиарду 691 миллион доллар расид, ки 45 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ҳамин пулҳо ташкил дод ва Тоҷикистон аз рӯи ҳамин нишондод дар ҷаҳон ба ҷои якум баромад.
Молдова бо бештар аз 38 дарсад дар мақоми дуввум, Лесото бо 28 дарсад дар мақоми севвум қарор доранд. Қирғизистон низ бо 18 дарсад ҳамроҳ бо ин кишварҳо дар садри ҷадвал қарор дорад.
Бино ба пешгӯиҳо ва бо назардошти бӯҳрони саросарии молӣ мумкин аст интиқоли пул аз муҳоҷирини корӣ дар соли 2008 афзоиши зиёд надошта бошад, дар ҳоле, ки дар ним соли аввали имсол афзоиш мушоҳида шудааст, вале дар нимсолаи дуввум ҳоло маълумот такмил нашудааст.
Муҳоҷирати кории тоҷикон падидаи нав аст ва танҳо баъд аз истиқлол, ба вижа дар солҳои ҷанги дохилӣ дар охири солҳои 1990 шурӯъ шуд. Ин муҳоҷирати корӣ муташаккил набуд, балки худҷӯш буд ва ҳар гоҳ муҳоҷирини кории тоҷик дар кишвари муҳоҷират ба душвориҳо рӯбарӯ мешуданд. Азияту озор ва беҳуқуқии онҳо дар назди кордиҳандагон, ба вижа дар Русия, аз ҳамон оғоз ба падидаи маъмулӣ ва доимӣ табдил шудааст, вале қатлу куштор ба дасти миллатгароёну бегонаситезон аз мушкили дигарест, ки то ҳол мақомоти давлатии Тоҷикистон низ барои ҳалли ин мушкил чораи зарурӣ пайдо накардаанд. Тақрибан ҳар рӯз як ё ду хонаводаи тоҷик ноновари хонаро аз даст медиҳад ва ҷасади вайро аз Русия қабул мекунад.
Ин санадҳои мӯътабари СММ-ро 80 кишвар эътироф кардаанд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки на дар ҳар кишвар ин санадҳо риоя
Соли 2007 муҳоҷирони тоҷик ба Ватан як миллиарду 691 миллион доллар фиристодаанд, ки 45 дарсади даромади нохолиси миллии ҷумҳуриро ташкил дод ва Тоҷикистон аз рӯи ин нишондод дар ҷаҳон ба ҷои якум баромад.
Аслан кишварҳое бештар дар хориҷ муҳоҷирини корӣ доранд, ки дар дохили кишвари худ наметавонанд ҷойҳои кофии корӣ ба вуҷуд оранд. Ба ин сабаб нируҳои корӣ кишварро тарк мекунанд. Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин кишварҳост ва ҳоло бино ба ҳисоби тақрибӣ ҳудуди 1 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, сабти маблағи ворида аз муҳоҷирини корӣ ба Тоҷикистон аз соли 2002 шурӯъ шудааст. Дар ин сол маблағи муҳоҷирин танҳо 79 миллион долларро ташкил додааст, дар ҳоле, ки як сол баъд ин маблағ тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар он солҳо интиқоли пул тавассути бонкҳо чандон роиҷ набуд. Баъд аз се сол, яъне, дар соли 2006 ин маблағ ба беш аз 1 миллиард доллар расид. Соли 2007 тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ба як миллиарду 691 миллион доллар расид, ки 45 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ҳамин пулҳо ташкил дод ва Тоҷикистон аз рӯи ҳамин нишондод дар ҷаҳон ба ҷои якум баромад.
Молдова бо бештар аз 38 дарсад дар мақоми дуввум, Лесото бо 28 дарсад дар мақоми севвум қарор доранд. Қирғизистон низ бо 18 дарсад ҳамроҳ бо ин кишварҳо дар садри ҷадвал қарор дорад.
Бино ба пешгӯиҳо ва бо назардошти бӯҳрони саросарии молӣ мумкин аст интиқоли пул аз муҳоҷирини корӣ дар соли 2008 афзоиши зиёд надошта бошад, дар ҳоле, ки дар ним соли аввали имсол афзоиш мушоҳида шудааст, вале дар нимсолаи дуввум ҳоло маълумот такмил нашудааст.
Муҳоҷирати кории тоҷикон падидаи нав аст ва танҳо баъд аз истиқлол, ба вижа дар солҳои ҷанги дохилӣ дар охири солҳои 1990 шурӯъ
Тақрибан ҳар рӯз як ё ду хонаводаи тоҷик ноновари хонаро аз даст медиҳад ва ҷасади вайро аз Русия қабул мекунад.